Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шашмақом"-хонон тарки ҳунар мекунанд


Ягона ансамбли вижаи шашмақомсароёни вилояти Хатлон феълан, ба гуфтаи роҳбарони эҷодӣ, бо мушкилаҳои печ дар печ рӯбарӯ шуда, бисёре аз ҳунармандон қасди тарки онро доштаанд.

Адолат Комилова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, раҳбари ансамбли мазкур, мегӯяд, бо ин вуҷуд ки феълан норасоии шадиди кадрҳо эҳсос мешавад, овозхонону ромишгарони ансамбл ба сабаби иҷро нашудани ваъдаҳои ҳукумати вилояти Хатлон дар бораи ихтисоси замин барои сохтмони манзил, ночизии ҳақмузд ва камтаваҷҷӯҳии идораи фарҳанг ба кори ансамбл, ҳунармандони шашмақомсаро аз кори худ дилсард шуда, азми тарки ансамблро кардаанд.

Ба гуфтаи хонум Комилова, ҳавлу ҳолу рӯзгори аксари ҳунармандони ансамбл бисёр сангин будааст. Аксари кулли шашмақомсароён манзили зист надошта, дар ҳаммомҳо ва хобгоҳҳо ба сар мебурдаанд.

Вай аз рӯзгори Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадризо Ашӯров мисол меорад, ки турбати фарзанди 19-солаашро аз дохили ҳаммом, ки он ҷо ба сар мебурд, ба қабристон гусел кардааст.

Ба гуфтаи хонум Комилова, ҳунармандони ансамбли Шашмақом ба мисли дигар овозхонон аз ҳисоби тӯю маъракаҳои мардумӣ даромадҳои изофӣ надоштаанд, чун шунавандаи таронаҳои класикӣ ва шашмақом дар ин минтақа камтар будаанд. Бо назардошти ин ҳама, хонум Комилова мегӯяд, ягона роҳи дар ансамбл нигаҳ доштани ҳунармандони камшумор, ҳавасманд кардани онҳо ба воситаи додани замин ё манзили зист мебошад.

Адолат Комилова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, афзуд, ки ба хотири ҳифзи ансамбли шашмақом дар Қӯрғонтеппа, вай мехоҳад дар ин ҷо Мактаби вижаи овозхонони таронаҳои классикӣ ва шашмақом таъсис бидиҳад, аммо боз ҳам ба кӯмаки мақомот ниёз доштааст.

Феълан дар ансамбли шашмақомсароёни вилояти Хатлон 28 нафар кору фаълият мекардаанд, ки аз ин миён танҳо 10 нафарашон узви ҳайати эҷодӣ будаанд. Консертҳои ин ансамбл ғолибан дар як сол як маротиб дар моҳи май баргузор шуда, аммо имсол баргузории намоишҳои ҳунарии ансамбли мазкур дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар назар будааст.
XS
SM
MD
LG