Дар намоишгоҳи мазкур, ки бо ибтикори вазоратҳои маорифи ду кишвар ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баргузор мегардад, беш аз 20 донишгоҳи кишвари Эрон ва марказҳои илмиву пажуҳишӣ бо навовариҳову кашфиётҳои ҷадиди худ дар риштаҳои мухталиф ширкат намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур масъулини вазорати омӯзишу парвариши Эрон зимни номбар кардани дастовардҳои илмиву пажӯҳишӣ ва кашфиётҳои ҷадид дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла муҳандисиву кайҳоншиносӣ, баён доштанд, ки тасмим доранд ин таҷриба ва дастовардҳоиву кашфиётҳои илмиашонро бо кишвари дӯсту ҳамҷавори Тоҷикистон дар миён гузорнад ва ба ин хотир ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварашон ташвиқ кунанд.
Дуктур Ҳасани Рангез, ёвари вазири омӯзиш ва парвариши Эрон ва ҳамзамон раиси Донишгоҳи иқтисодии Эрон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Эрон беш аз 600 нафар донишҷӯён ва олимони ҷавон аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва ҳамчунин аз Эрон дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар ҷавонон таҳсил мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Шакат Ибодов, сармутахасиси шӯъбаи равобити хориҷии Вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ахиран беш аз 1000 нафар ҷавонони эронӣ ба вазорати маорифи Тоҷикистон дархост фиристодаанд, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон машғули таҳсил мебошанд.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳарчанд кишвари Эрон аз назари илму маориф ба пешрафтҳое ноил гаштааст ва барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати илму маориф ва табъу нашр ақибмонда аст, метавонад намунаи омӯзишу ибрат бошад, аммо ҷанбаҳое ҳастанд, ки ин табодули таҷриба ва ҳамкориоро барои Тоҷикистон ночизу камаҳамият месозанд.
Марям Давлатова, коршиноси мустақил мегӯяд, яке аз чунин ҷанбаҳо ин будааст, ки дипломи донишгоҳҳои Эрон дар Тоҷикистон мавриди назар қарор намегиранд, зеро омӯзиш дар тамоми риштаҳо дар заминаи идеологӣ сурат мегирад ва бештар хусусияти таблиғотӣ дорад.
Гуфта мешавад, намоишгоҳи донишгоҳҳои Эрон дар Душанбе ба «Рӯзи мард» ва ё мавлуди ҳазрати Алй рост омад ва меҳмонони эронӣ дар расми ифтитоҳи намишгоҳи донишгоҳҳо бештар аз зиндагинома ва таълимоти мазҳаби шиа сӯҳбат мекарданд.
Дар ҳамин ҳол Манучеҳр, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, мехоҳад техника ва фанновариҳои муосирро дар донишгоҳи технологии Эрон аз худ кунад, чунки сатҳи донишгоҳҳои Тоҷиикстон ӯро қонеъ намекунад ва аз ҷониби дигар буҷаи хонаводаашон барои дар донишгоҳҳои кишвароҳи апрупоӣ таҳсил кардан мувофиқат намекунад.
Аммо мусоҳиби дигари мо, ки худро Нилуфар ном бурд, яке аз даҳҳо донишҷӯдухтарони ҳиҷобпӯши тоҷик аст, ки ду соли ахир бо вазорати маорифи Тоҷикистон сангар гирифтаанд ва мехоҳанд аз камтарин ҳуқуқи худ - пӯшидани либоси дилхоҳашон дифоъ кунанд. Нилуфар мегӯяд ӯ худро танҳо дар Эрон метавонад озод ҳис кунад, на дар кивари худ, ки ӯро иҷозат намедиҳанд, ки бо ҳиҷоб ба дарсҳо ҳозир шавад.
Дар ҳоле, ки духтарони ҳиҷобпӯш ва донишҷӯёни тоҷик, ки забонҳои хориҷиро намедонанд в ё аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, роҳ ҷониби Ээрон гирифтанианд, ҳамасола садҳо нафар ҷавонони эронӣ ба хотири фирор аз режими исломӣ ба Тоҷикистон меоянд.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур масъулини вазорати омӯзишу парвариши Эрон зимни номбар кардани дастовардҳои илмиву пажӯҳишӣ ва кашфиётҳои ҷадид дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла муҳандисиву кайҳоншиносӣ, баён доштанд, ки тасмим доранд ин таҷриба ва дастовардҳоиву кашфиётҳои илмиашонро бо кишвари дӯсту ҳамҷавори Тоҷикистон дар миён гузорнад ва ба ин хотир ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварашон ташвиқ кунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Эрон беш аз 600 нафар донишҷӯён ва олимони ҷавон аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд ва ҳамчунин аз Эрон дар Тоҷикистон беш аз 400 нафар ҷавонон машғули таҳсил мебошанд ...