Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи норавшан пас аз таҳсил дар хориҷа


Ҳарсола даҳҳо тан аз ҷавонони тоҷик, ки дар хориҷа таҳсили илм кардаанд, ба ватан бармегарданд ва теъдоди андаки онҳо бо ҷойи кор таъмин мешавад.

Аммо як нуктае дигар, ки боиси баҳсу гумонҳо шудааст ин аст, ки иддае аз ин ҷавонон таҳти таъсири идеология ва муҳити ҳоким дар он кишварҳо бармегарданд.

Ва гуфта мешавад, ин гурӯҳ то андозае боиси ташвиш ва нороҳатиҳо дар ҷомеа мешаванд. Ҷавонони тоҷике, ки нияти таҳсили илм дар Русияро доштанд, акнун метавонанд ба ин мақсади худ дар дохили кишвар низ бирасанд. Донишгоҳи давлатии Маскави Русия ба номи Ломоносов бахши худро дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон низ таъсис дод ва шурӯъ аз имсол ба қабули довталабон оғоз мекунад.

Аммо танҳо Русия нест, ки ҷавонони тоҷик дар макотиби олии он таҳсил мекунанд. Ҳоло ҷавонони тоҷик дар кишварҳе чун Туркия, Ирон, Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон, ҳамчунин шуморе аз онҳо дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба андӯхтани илму дониш машғуланд. Дар ҳоли ҳозир бархе аз ин ҷавонон, ки донишгоҳҳои кишварҳои мазкурро хатм кардаанд, ба ватан бозгашта, дар ин ва ё он соҳа фаъолият мекунанд.

Як мушкиле, ки ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкарда дар ватан рӯ ба рӯ мешаванд, эътироф ва таъйиди мадраки донишгоҳии онҳост... Ҷавононе, ки макотиби олиро дар кишварҳои исломӣ хатм кардаанд, бар пояи муқаррароти кишвар, бояд дубора мадорики худро дар вазорати маориф таъйид кунанд, ки на ҳамеша осон муяассар мешавад ...
Аммо бархе аз таҳлилгарон ва ҷомеашиносони тоҷик бо таваҷҷӯҳ ба амал ва фаъолияти иддае аз онҳо ба чунин натиҷа расидаанд, ки шуморе аз ин ҷавонон ба ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳти таъсири идеологияи он кишварҳо қарор гирифта ва саъй мекунанд дар кору амали ҳаррӯзашон аз он истифода баранд. Ва ё муҳитеро, ки ҳамакнун ба сар мебаранд бо муҳит ва вазъи замони донишҷӯӣ монанд созанд.

Хуршеди Атовулло, раиси Маркази таҳқиқоти журналистӣ ва сармуҳаррири нашрияи «Фараж», афзоиши матолиби марбут ба Эрон ва бозтоби масоил аз зовияи мақомоти расмии он кишвар дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистонро амали дасти ҷавононе мешуморад, ки донишгоҳҳои Эронро хатм кардаанд. Оқои Атовулло мегӯяд, мушоҳида мешавад, ки ин идда аз муаллифон ба таблиғ ва ташвиқи сиёсатҳои он кишвар огоҳона ва ҳадафмандона даст мезананд.

Зимнан коршиносон афзоиши босуръати шумори ҷонибдорони «Салафия» ва «Ҷамоати таблиғ» дар Тоҷикистонро, ки мақомот барои амнияти кишвар таҳдид унвон карданд, низ натиҷаи таъсири таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷа мешуморанд.

Аммо як мушкиле, ки ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкарда дар ватан ба он рӯбарӯ мешаванд, эътироф ва таъйиди мадраки донишгоҳии онҳост. Бо ин мушкил ҷавононе, ки дар кишварҳои Муштаракулманофеъ таҳсил кардаанд, мувоҷеҳ нестанд. Ҳарчанд, ки бархе аз коршиносон аз эҳтимоли таҳти таъсир қарор гирифтани ин ҷавонон изҳори ташвиш карда ва ҷалби густардаи чунин афрод, ба хусус хатмкардагони макотиби низомиву амниятии Русия дар сохторҳои амнияту интизомӣ ва дифоии кишварро амале дуруст арзёбӣ намекунанд.

Аммо ҷавононе, ки макотиби олиро дар кишварҳои исломӣ хатм кардаанд, бар пояи муқаррароти кишвар, бояд дубора мадорики худро дар вазорати маориф таъйид кунанд, ки на ҳамеша осон муяссар мешавад.

Саъдӣ Юсуфӣ, фориғуттаҳсили донишгоҳи Исломободи Покистон, мегӯяд, чунин бардошт, ки ҷавонони дар хориҷ таҳсил карда манофеи он кишварҳоро ҳимоят мекунанд дуруст нест.

Аммо бархе дигар аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкарда ва бо ҷаҳонбинӣ ва донишҳое тоза ба ватан бозгашта дар ҳоле даст ба иқдомоти ғайримаъмулӣ мезананд, ки ҷойи кору маоши муносиб пайдо карда натавонанд.

Иброҳими Усмон, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ки аксарияти ҷавонони тоҷик дар хориҷ ҳамзамон бо таҳсил кор низ меканд. Вале вақте бармегарданд ва дар номуайянӣ ва бесарнавиштӣ дар ватан рӯбарӯ мешаванд ва донишу илми ҳосилкардаашон ба кор намеояд. Он вақт онҳо талош мекунанд муҳит ва шароитро ба завқи худ тағйир бидиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз як низоми мутобиқ бо мавозини байнулмилалии омӯзиш ва парвариш роҳандозӣ нашудааст. Ва сатҳи донишгоҳҳояш дар муқоиса бо кишварҳои дигар ва махсусан кишварҳое, ки ҷавонони тоҷик талоши таҳсил дар онҷоҳоро мекунанд, хеле пойин аст. Аз ин рӯ давлат наметавонад пеши роҳи ҷавононеро,ки имконият ва шароити таҳсил дар хориҷаро доранд, бигирад ва ё роҳи таҳсил дар хориҷро барои атбоъяш бубандад.

Ва ҳамин дасткӯтоҳӣ ва адами фишангҳои муасссир боис шудааст, ки мақомоти расмӣ ба раванди ба қасди таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷӣ рафтани толибилмони тоҷик аз паси панҷа нигаранд ва дар баробари он дам фурӯ бубанданд.
.
XS
SM
MD
LG