Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯгвории ҷаҳон аз марги Майкл Ҷексон


Дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико дар синни 51-солагӣ дили "султони мусиқии поп"-и ҷаҳон - Майкл Ҷексон аз задан монд.

Ӯ танҳо набуд. Албоми Thriller-и ӯ соли 1982 ҳама рекордҳоро зада бо теъдоди 109 миллион адад дар саросари ҷаҳон ба фурӯш рафт.

Шояд ҳам Майкл Ҷексон танҳо ҳунарманди амрикоӣ бошад, ки дар ҳама солу замон тавонист дили мардумони зиёдро дар ҷаҳон ба даст оварад. Ва аз ҳамин хотир буд, ки хабари даргузашти ӯ аксариятро дар саёра дар як замон ҳайрону шокӣ ва афсурда кард. Вай рӯзҳои охир ба як консерти хотимавии ҳунариаш омодагӣ мегирифт, ки қарор буд моҳи июл дар Бритониё оғоз шавад.

Дар яке аз охирин нишастҳои матбуотии худ моҳи март Майкл Ҷексон гуфта буд, "ман оҳангҳоеро иҷро мекунам, ки ҳаводоронам шунидан мехоҳанд. Ин консерти хотимавӣ мешавад, ин охирин даъвати ман ба саҳна хоҳад буд".

Албоми Thriller-и ӯ соли 1982 ҳама рекордҳоро зада, бо теъдоди 109 миллион адад дар саросари ҷаҳон ба фурӯш рафт ...
Бархе мегуфтанд, ки баъди гиру дорҳое чанд бар асари иттиҳоми бачабозӣ ва як муддат дур шудани вай аз ҳаёти Амрико, консерти нав шонсе барои дубора барқарор кардани рӯҳияву обурӯи ҳамагири вай буд. Аммо марги вай нишон дод, ки ҷомеа ҳеҷ гоҳ нахост исми Ҷексонро бо сифати як шахси хилофкор ба забон биёрад. Имрӯз ҳамин ҳаводорон аз марги ӯ сӯг доранд. Марге, ки баъди аз кор мондани қалбаш расид.

Аз миёни ҳамкорони Ҷексон яке аз аввалинҳо Мадонна буд, ки гуфт, баробари шунидани хабари даргузашти ӯ "наметавонад ашки чашмонашро нигоҳ дорад". Мадонна гуфт, ки ҳамеша ба ӯ муҳаббат доштаасту ҳамакнун мутмаин аст мусиқии вай барои абад зинда хоҳад монд. Овозон Ҷастин Тимберлейк, ки Майкл Ҷексонро бути худ меномид, бо ғаму андӯҳи зиёд гуфт, ки ҷаҳон "як сафири худро на фақат дар мусиқии поп балки тамоми олами ҳунар" аз даст дод.

Филмсози маъруф Стивен Спилберг дар сӯҳбат бо як маҷаллаи амрикоӣ гуфт, "ҳамонгуна ки Фред Остир, Чак Беррӣ ва Элвис Преслии дигар ҳеҷ гоҳ пайдо нахоҳад шуд, ҳамингуна ҳеҷ нафари қобили муқоисаи дигаре бо Майкл Ҷексон арзи ҳастӣ нахоҳад кард".

Майкл Ҷексон, ки бояд имсол 51-сола мешуд, дар як хонаводаи серфарзанди африқоитабори Амрико ба воя расидааст. Қуллаи маъруфияти вай ба охири солҳои 1970-ум аввали 1980-ум мувофиқ омад, ки ҳамон замон ӯ бо вижагии хоси иҷрои оҳангу рақси то он замон бесобиқа унвони "Султони мусиқии поп"-ро ба худ ихтисос дод.

Майкл Ҷексони ҷавон
Дар солҳои 1980-ум муваффақияти ӯро дар Аврупои Ғарбӣ баробар бо гурӯҳи ABBA (Шветсия) медонистанд. Аммо вай ниҳоят аз ҳама дигар истеъдодҳои ҷаҳонии мусиқӣ дар маъруфият пеш гузашт. Муддате шуд, ки вай аз иҷрои танҳо оҳангҳои лирикӣ ба таронаҳои сиёсии дорои паёми сулҳу оштӣ гузашт, хушунатро рад мекарду дар барномаҳои хайрия саҳмгузор буд.

Дар миёнаҳои солҳои 1990-ум Майкл Ҷексон дини исломро қабул карда муддатҳо дар кишварҳои арабӣ зиндагӣ кард. Ин чиз барои касби маъруфияти бештари ӯ дар миёни аҳли исломи ҷаҳон мусоидат кард. Вале тавре мусиқишиносон мегӯянд, на фаъолиятҳои ҷамъиятиву мавқеи сиёсии ӯ, на мазҳаб ва на иттиҳомоти бачабозие, ки шояд ҳам боиси нороҳатиҳои ӯ шудааст, ба маъруфияти вай ҳамчун як оҳангсозу овозхони ҷаҳонӣ таъсире надошт. Ҳунари вай баландтар аз ҳама мартабаҳои ҷамъиятиаш буд.

Таассуфи ҳаводорони Майкл Ҷексон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳам мисли дигар нуқоти ҷаҳон бисёриҳои бо шунидани хабари даргузашти султони мусиқии поп ғамгин шуданд. Аксар ҳаводорони ӯ мегӯянд, ки аз миёнаҳои солҳои 1980-ум ёд доранд, ки бо ҳунари ӯ шинос шуданд. Он солҳо, алорағми маҳдуд будани дастрасии оҳангҳои ӯ тавассути фиттаҳои магнитофон ва як мӯъҷиза будани шонси дидани видеоклипҳои Майкл Ҷексон тавассути видеомагнитофонҳо, аммо ӯро гӯш ва барояш ҳаводорӣ мекарданд ва ҳатто аз оҳангҳои вай илҳом гирифта оҳангсозони поп дар мусиқии худ навовариҳо медароварданд.

Рақсҳои брэкданси Майкл Ҷексон дар байни ҷавонони тоҷик маъруф аст ва пайравони зиёд дорад
Нобовар Чаноров, овозхон ва оҳангсози маъруфи тоҷик аз гурӯҳи "Шамс" мегӯяд, ки Майкл Ҷексон навигариҳои бузург кардааст. Вай меафзояд, "рақсе, ки ӯ мекард, вай фақат рақси Майкл Ҷексон буд. Тарзи сабти клипҳои мусиқиаш як навигарӣ буд он замон. То вай шояд ҳеҷ кас ингуна кор накарда буд. Ин як равияи дигар ва комилан нав буд".

Нобовар гуфт, ки худи ӯ дар эҷоди оҳангҳояш аз навоҳои мусиқии Майкл Ҷексон илҳоми зиёд бардоштааст. Вай ба намунаи мисол аз чунин як тарона оҳангеро аз солҳои 1990-ум ёдовар шуд ва гуфт, "баъзе аккордҳои таронаҳои мо ба оҳангҳои вай монандӣ дорад. Масалан таронаи "Дунёи фонӣ", ки мо дар Алмаато соли 1994 сабт карда будем, баъди як оҳанги Майкл Ҷексон эҷод шуд, ки вай дар гурӯҳе бо сиёҳпӯстони африқоӣ иҷро карда буд. Асбобҳои зарбии зиёд он ҷо истифода кардааст. Ман гуфта метавонам, ки баъди ҳамон суруд "Дунёи фонӣ"-и мо ҳам пайдо шуд".

Бояд гуфт, дар баробари аҳли ҳунар ва мутахассисони мусиқӣ аз ҳунари Майкл Ҷексон дар Тоҷикистон гурӯҳҳои зиёди ҷавонон пайравӣ мекарданд. Дар гӯшаҳои мухталифи шаҳри Душанбе гурӯҳи писарбачаҳое ҳамоиш мекарданд, ки мухлиси оҳангҳои Майкл Ҷексон буданду зери навоҳои "шикан-шикан"-и ӯ рақси breakdance мекарданд. Ҳарчанд ин рақсҳои гурӯҳӣ барои насли каме бузургтар нофаҳмо буду ба сахтӣ қабул мешуд.

Сӯҳроб Юнусов
Сӯҳроб Юнусов, ки имрӯз раҳбари калони радиои Asia-FM дар Душанбе аст, дар миёнаҳои солҳои 1980-ум хонандаи як мактаби миёнаи пойтахт буд ва ҳамроҳ бо чанд дӯсташ маҳфили ғайрирасмии раққосони breakdance-ро ташкил карда буд. Он солҳо, мегӯяд Сӯҳроб, онҳо зиёд машқ мекарданду ҳунари худро дар шабнишиниҳову ҳамоишҳои маҳдуди ҳамсолон намоиш медоданд.

Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "ман сидқан ӯро эҳтиром ва дӯст медоштам ва замоне буд, ки ба ӯ тақлид мекардам. Ман аз Интернет дар бораи даргузашти Майкл Ҷексон хабар ёфтаму хеле ғамгин шудам. Барои ман вай ҳамчун як шахсият, як овозхон ва раққоси касбӣ аҳамияти хеле хосса дошт. Ва, ростӣ, ман ҳам мехостам, ки мисли ӯ рақси зебо кунам ва вай ба ман такони сахте додааст".

Сӯҳроб гуфт, ки вай бисёр мехост ба Майкл Ҷексон монанд бошад ва дар идомаи нақлаш дубора ба миёнаҳои солҳои 1980-уми Душанбе
Аксе, ки Сӯҳроб бо худ мегардонд.
баргашта чунин ёдовар шуд:

"Ман дар хона як акс дорам, ки фотомонтаж шудааст: дар он ҷисми ӯву сурати ман гузошта шудааст. Мо ба пайравӣ аз ӯ либоси махсус ҳам доштем: ёдатон бошад вай як костюми чармие дошт, ки пур аз тугмаҳои оҳаниву банду ороишоти мухталиф буд. Аз пораҳои чарму оҳан мову дӯстонам бозубандҳои худсохт мегузоштем. Дар замони шӯравӣ як занҷире буд, ки барои бастани роҳи обгузари ванна истифода мешуд: мо бо он либоси худро оро медодем. Чунки мо ба моли хуб дастрасӣ надоштем ва ҳамингуна бо чизҳои худсохт илоҷамонро меёфтем".

Майкл Ҷексон месарояд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00


Сӯҳроб Юнусов мегӯяд, ки он солҳо азбаски дастрасӣ ба сабту наворҳои Ҷексон осон набуд, вай ба нафароне, ки ба Маскав сафар мекарданд, хоҳишу фармоиши аз бозори сиёҳ овардани сабтҳоро мекард. Вай мегӯяд, аз рӯи наворҳои видеоии рақсу овозхонӣ ӯву дӯстонаш техникаи рақси Ҷексонро меомӯхтанд.

Ин ҳама, мегӯяд Сӯҳроб, барои ӯ ва рафиқонаш барои ёфтани мавқеи худ дар миёни ҳамсолон, барои кашфи баъзе хислатҳои неки инсонӣ ва барои мутобиқшавӣ ба шароит зиёд кӯмак кардааст. Дар айни замон, бисёриҳоро рақсҳои хиёбонии гурӯҳи ҷавонписарҳо писанд намеомад. Аксар калонсолону қишри суннатии ҷомеа ин рақсу оҳангҳои тоза аз ғарбомадаро чун як падидаи бегона рад мекарданд. Вале Сӯҳроб мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба ингуна андешаҳои "шахшудаву ақибмонда" аҳамият намедод ва дар дил як орзу дошт, ки бо Майкл Ҷексон мулоқот кунад.

Бо даргузашти ин "султони қалбҳо"-и мардуми саёра имрӯз бисёриҳо мегӯянд, ки дигар ба дунё омадани як чунин нафари ҳунарманду боистеъдоди дигар ғайриимкон аст. Нобовар Чаноров гуфт, "солҳои наздик ҷои Майкл Ҷексонро гирифтан мушкил аст. Майкл Ҷексон - Майкл Ҷексон буд".
XS
SM
MD
LG