Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ганҷи нуҳуфтаи Афғонистон" дар Ню Йорк


Тоҷи заррин, бозубанду даспонаҳое, ки дар нақши сари шеру аждаҳо бо нигинҳои рангин оро ёфтаанд, шамшеру ғилофи бо сангҳои гаронбаҳо моҳирона ороишёфта, камарбанд, гӯшвораву ангуштарин, сиккаву муҷассамаҳои мухталифе, ки ифшогари таърих ва зиндагии сокинони панҷ ҳазор сол қабли Афғонистонро таҷасум мекарданд, аз ашё ё экспонатҳои тилоие буданд, ки бо зебоиву нотакрорӣ ҳар бинандаро шигифтзада мекарданд.

Аммо ин ҳама танҳо аз ашёҳое набуданд, ки дар намоишгоҳи «Ганҷи нуҳуфтаи Афғонистон», ки дар яке аз осорхонаҳои калонтарини ҷаҳон Метрополитани шаҳри Ню Йорк, созмон ёфта буд, ба намоиш гузошта шудаанд. Дар баробари ашёи тиллоӣ, нигораву экспонатҳои дигаре низ ҳастанд, ки аз санъати пешрафтаи кулолгарӣ, шишасозӣ, муҷасамасози аз устухони филу, нуқра, биринҷӣ, мисс ва булур ҳануз панҷ ҳазор сол қабл дар ин кишвари имруз ҷангзада шаҳодат медиҳанд.

Ин ҳама ганҷҳои таърихи Афғонистонро аз вартаи нобудӣ ва ғорат раҳо карда ва ҳифз намудаанд ва акнун дар бузургтарин намоишгоҳ нишон медиҳанд. Лория Тренфем, санъатшинос ва меҳмони «Ганҷи нуҳуфтаи Афғонистон», ки махсус барои дидани ин намоишгоҳ омадааст, мегӯяд, солҳои тӯлонии ҷанг кишвари дорои фарҳангу таърихи бою нотакрореро мисли Афғонистон аз оламиён дур нигоҳ доштааст ва ӯ бо дидани ин ҳама зебои ҳайратзада.

Лория Тренфем меафзояд, «ман аслан бовар надоштам, ки Афғонистон дорои чунин ёдгориҳои нодири қадимаи ҷавоҳирот аст. Ҳамчунин дар инҷо ман дарк кардам, ки миёни Аврупо ва Осиё пайванде ҳаст. Зеро бисёр монандиҳоеро дар фарҳанг ва кори ҳунармандон дидан мумкин аст».

Самиршоҳ, сокини ҳиндуитабори Ню Йорк, ки ба ҳамсару фарзандонаш ба дидани ганҷҳои афғонистонӣ омада буд, мегӯяд, намоишгоҳ ба амрикоиҳои дӯстдори фарҳанг, Афғонистони комилан дигар, кишвари дорои фарҳангу анъанаҳои ҷолибу бойтарини маркази шоҳроҳи абрешимро муарифи хоҳад кард.

Вай гуфт, «тамошои ёдгориҳои таърихии Афғонистонро хеле дӯст доштам. Танҳо як дидани фарҳанги тилову биринҷӣ чи қадар дониши касро афзун мекунад. Воқеан ин ашёҳо аҷибу нотакроранд. Хушбахтона онҳо дар тӯли 15-20 соли сангини ин кишвар аз даст нарафтаанд. Ташкили намоишгоҳ идеяи хеле хуб аст, чун ҳоло Афғонистон бештар бо маводи мухаддир машҳур аст, аммо ин намоиш ба одамон нишон медиҳад, ки дар паси ин ҳама бадбахтиҳо кишваре ба мисли тоҷи заррин бо фарҳанги ғаниву тӯлониаш ниҳон аст».

Экспонатҳои мазкур дар осорхонаи миллии Афғонистон дар шаҳри Кобул аз соли 1978 то соли 2003 пинҳон нигоҳ дошта мешуданд. Ағлаби дӯстдорони санъат ба он бовар доштанд, ки нигораҳо ба кишварҳои хориҷӣ фурухта шуда ва ё аз ҷониби Толибон несту нобуд шудаанд. Аммо дар асл онҳоро дар қуттиҳои махсус дар таҳхонаи осорхона ва қасри раисҷумҳур пинҳон карда будаанд. Посбони ин ҳама осори гаронбаҳо гуфтааст, ҳатто баъди суқути Толибон гурӯҳи онҳо ду сол мунтазир шудаанд, то ба ҳукумати ҷадид эътимод пайдо кунанд ва онҳоро дар ҷараён гузоранд, то ин ки ин осори гаронбаҳои таърихи мардумашон аз даст надиҳанд.

Дар намоишгоҳи Ню Йорк экспонатҳое ки аз чор нуқтаи археологӣ пайдо шудаанд, пешниҳод мегардад. Баъзе ашёҳои тилоиву биринҷи ва нуқра аз шаҳри Ой Хонум, муҷассамаҳои аз усутухони фил, биринҷӣ ва шиша сохта шуда аз шаҳри Багром, ва ҷавоҳироти тилоӣ бо фирӯза аз Тилло Тепа бозёфт шудаанд.

Дар толори намоишгоҳ оид ба таърихи зиндагӣ ва фарҳанги Афғонистон дар шакли китоби махсусе, ки бо расмҳои ҷолиб оро дода шуда буд ва маълумоти муфассали электронӣ дар компютерҳое, ки фаъол буданд, иттилоъ пешниҳод мешавад. Дар баробари ин ҳама меҳмонони намоишгоҳ имкони тамошои филми ҳуҷҷатиеро доранд, ки он аз осори таърихии Афғонистон ва ҳолати ҳузнангези имрӯзи онҳо баъд аз солҳои тӯлонии ҷанг дар ин кишвар, ба хусус дар замони Толибон, ки муҷассамаҳои азими Бомиёнро хароб карданд, қисса мекунад.

Намоишгоҳи мазкур, ки чанд рӯз пеш ифтитоҳ ёфт то 20 сентябри соли ҷорӣ дар осорхонаи Метрополитиани Ню Йорк идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG