Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хатари нажодпарастӣ дар Русия


Маркази таҳлилӣ-иттилоотии “Сова” (Маскав) дар гузорише дар бораи бегонаситезӣ ва миллатгароӣ дар Русия натиҷагирӣ кардааст, ки фаъолияти гурӯҳои бегонаситезу нажодпараст дар Русия беш аз пеш хатарнок шуда, вале вокуниши ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Русия бар ин хатар бештар ҷанбаи таблиғотӣ дорад.

Александр Верховский, мудири маркази “Сова”, дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфт, “иқдомоти қаҳромези гурӯҳҳои миллатгаро беш аз пеш хатарнок мешаванд. Пештар агар афроде дар кӯчаву хиёбонҳо бо калтак бар муҳоҷирон ҳамла мекарданд, акнун гурӯҳҳои созмонёфтае фаъол шудаанд ки ҳатто аз маводи тарканда истифода мекунанд. Онҳо иқдомоташонро ҷиддан омода мекунанд ва дастгир карданашон кори душворест”.

Бархе аз гурӯҳҳои миллатгаро ошкоро даст ба мубориза бо ҳукумат зада ва ҳамла бар ниҳодҳои низомӣ ва интизомиро оғоз кардаанд ...
Вай афзуд ки инак созмонҳои сиёсии миллатгароёни тундрав, аз ҷумла ДПНИ (Ҷунбиши мухолифони муҳоҷирати ғайриқонунӣ), дар як вазъи бӯҳронӣ қарор доранд ва ҳамакнун миллатгароии сиёсӣ рӯ ба коҳиш ва иқдомоти қаҳромезу зуроварӣ рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Аз ҷумла бархе аз гурӯҳҳои миллатгаро ошкоро даст ба мубориза бо ҳукумат зада ва ҳамла бар ниҳодҳои низомӣ ва интизомиро оғоз кардаанд.

Коршиносони маркази “Сова” вокуниши ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Русия бар иқдомоти гурӯҳҳои бегонаситез ва миллатгароро бештар дорои ҷанбаи таблиғотӣ арзёбӣ мекунанд.

Бино бар охирин гузориши маркази “Сова”, дар се моҳи баҳор шумораи ҳамла бар муҳоҷирон ва хориҷиён дар Русия камтар шудааст. Чунончӣ, бегонаситезҳо дар се моҳи баҳори соли 2009 бар 68 шаҳрванди хориҷӣ ҳамла карда ва аз он ҷумла 14 нафарашонро куштаанд. Барои мисол, баҳори соли гузашта бар 151 хориҷӣ ҳамла шуда ва 26 нафар кушта шудааст. Дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Бино бар иттилои намояндагии хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Маскав, дар 6 моҳи соли равон дар қаламрави Русия 3 нафар муҳоҷири тоҷик дар паи ҳамлаи бегонаситезҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG