Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб ва бозкашфи ҳунарҳои мардумии рус


Дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Русия намунаҳо аз Қутби шимол то кӯҳистони Доғистон ва таърих аз аҳди бутпарастӣ то масеҳиятро дидан мумкин буд.

Дар миёни намунаҳои бузургтарини намоишгоҳи осори ҳунарии мардуми рус дар Хонаи Пушкини Лондон мешавад ба чаҳорчӯбаи тирезаҳои хонаҳои рустоии Русия таъкид кард, ки аз чӯби тоза сохта шуда. тарзи бунёди хонаҳои деҳқонони маҳаллиро нишон медиҳад.

Дар ин қисмати намоишгоҳ намунаҳо аз бунёди чаҳорчӯбаҳои тирезаҳо ҳамчун намунаи саноати хонасозӣ дар Русия аз замонҳои
...намунаҳои тирезасозӣ аз худи Шарқи Дур омада як ранги обии зебое дорад, ки хеле хушк шуда, ҳатто тоб задааст, вале дар айни замон ранги хеле ҷаззоб дораду ба мардум хеле писанд меояд...
бутпарастӣ сар карда то асрҳои миёна ва имрӯз оварда шудааст.

Ҳамчунин намунаҳои осори мардумии даврони подшоҳӣ, ба мисли дастгоҳҳои рангаву ҳаккокишудаи бофандагӣ, ки дар пашмресӣ, сандуқу гаҳворасозӣ, мизу курсисозӣ, намунаҳо аз матоъҳои дастии пахтагӣ ва зарфу чумчаҳои мунаққаш гузошта шудааст.

Дар ҳамин қисмати осорхона як ҷевони баландиаш 1 метрро низ дидан мумкин аст, ки барои нигаҳдошти зарфу чумчаҳои зебои сохти мардуми Доғистон, ки маъмулан дар сари мизи меҳмон гузошта мешавад, оварда шудааст.

Аксари ин осор пеш аз ин дар ҳеҷ як намоишгоҳ муаррифӣ нашудаву аслан аз хоки Русия берун нарафтааст.

Роберт Ченсер, як мутахассиси мустақили осори ҳунарии мардуми Шӯравии пешин, ки иттифоқан ташкилкунандаи ин намоишгоҳ аст, гуфт, дафъаи охир ин миқдор осори ҳунари мардумии императории Русия дар Бритониёи Кабир соли 1901 дар намоишгоҳи байналмилалии Глазго муаррифӣ шуда буд.

Сабаби ин, мегӯяд Ченсер, дар таваҷҷӯҳи наву тозаи Ғарбу Аврупо ба фарҳанги Русия ва ба таърихи зиндагии мардуми он мебошад.

Вай афзуд, ҳунари мардумии русҳо аз ҷониби ғарбиҳо шурӯъ аз оғози солҳои 1900-ум, бо сохтмони роҳҳову ҳаракати қаторҳо ба самти Аврупо кашф шуда буд.

Он замон ҷаҳонгардону муҳаққиқони зиёд барои кашфу омӯзиши фарҳанги тоза ба самти Шарқ шитофтанд, то бо намунаҳои зиндагии бо саноати навин олуданошудаи аврупоӣ шинос шаванд.

Бархе бо иштиёқу дилгармӣ дар бораи ҳунари киштисозии сокинони рустоҳои дурдасту манотиқи дастнорас гузоришҳо медоданд.

Вале, мегӯянд муҳаққиқон, бо оғози даврони ба истилоҳ "ҷанги сард", яъне баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум, дастрасии Ғарб ба ҳунари мардумии Русия ва корҳои таҳқиқотии қатъ шуд. Ва имрӯз ҳам дар намоишгоҳи Хонаи Пушкини Лондон бисёре аз осори ҳунарӣ аз хазинаи як атиқашиноси маъруфи бритониёӣ Ҷон Корнал оварда шуда буд.

Корнал бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷамъоварии намунаҳои осори ҳунарии мардуми Русия машғул шуд ва ҳоло тавонист, маводи ҷамъовардаи худро дар ин осорхона ба намоиш гузорад.

Масалан дар бораи намунаҳои чорчӯбаҳои тирезаҳои хонаҳои рустоиҳои рус Корнал мегӯяд, ки ҳоло ин бахши меъмории қадимаи мардумӣ мавриди таваҷҷӯҳи хеле зиёди атиқашиносони ғарбӣ ва ҳамчунин тарроҳони замонавӣ шудааст.

Бархе аз сохти русии тирезаҳо илҳом гирифта дар меъмории имрӯза навовариҳо ҷорӣ мекунанд.

Корнал мегӯяд: "Вақте ки ман бори аввал намунаҳои тирезасозии мазкурро ба баъзеҳо дар Инглистон нишон додам, аксари онҳо ҳайратзада шуданд, аниқтараш бисёри онҳо, чунки ин намунаҳои тирезасозӣ аз худи Шарқи Дур омада як ранги обии зебое дорад, ки хеле хушк шуда, ҳатто тоб задааст, вале дар айни замон ранги хеле ҷаззоб дораду ба мардум хеле писанд меояд".

Дар баробари ба намоиш гузоштани ҳунари чӯбтарошиву ҳаккокии ҷиҳози хона дар намоишгоҳ мешавад роҷеъ ба рангу наққошиҳои он давра маълумот гирифт. Масалан, наворҳое аз токи ангурро дар деворҳои хона ҳамчун рамзи шукуфоиву баракати хона ва ё тасвири шерро ҳамчун рамзи амният дидан мумкин аст.

Ченсер гуфт, ки ҳадафи аслии намоишгоҳ ҷалби таваҷҷӯҳи Ғарб ба ҳунарҳои мардумии ин кишвари фаромӯшшуда аст, то ҳукуматҳо барои ҳифзи ин арзишҳои баланди ҳунарӣ кори бештаре анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG