Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 соли ҳокимияти Нурсултон Назарбоев


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон

Нурсултон Назарбоев 22 июни соли 1989 дар ҷаласаи ҳизби коммунисти Қазоқистон котиби якум интихоб гардида, аз хамон давра то ҳоло кишварро сарварӣ мекунад.

Назарбоев фаъолияти кори хешро дар Қарағанда баъди хатми донишгоҳи техникӣ назди корхонаи металлургии ин шаҳр оғоз карда буд. Сипас ин коргари корхонаи металлургӣ вазифаҳои гуногунро иҷро карда ва ниҳоят дар соли 1984 ба мансаби раиси шӯрои вазирони Қазоқистон расид.

НАХУСТИН ҚАДАМҲО ДАР САҲНАИ СИЁСАТ

Динмуҳаммад Кунаев, котиби якуми вақти Ҳизби коммунисти Қазоқистон (аз чап) ва Нурсултон Назарбоеви ҷавон, соли 1985.
Аҳли назар чунин мешуморанд, ки барои дар зинаҳои мансаб боло рафтани Назарбоев Динмуҳаммад Кунаев, котиби якуми Ҳизби коммунисти Қазоқистон нақши умда бозидааст. Ва Кунаеви чаҳоряк аср дар вазифаи котиби якуми Ҳизби коммунисти Қазоқистон буда ният доштааст, ки ин мансабро ба Назарбоев биспорад.

Вале тавре дар лаҳзаи охир Назарбоев дар ҷаласаи ҳизбӣ бо супориши Маскав Кунаевро сахт танқид карда, баъди Колбин мансаби котиби яукми Ҳизби коммунисти Қазоқистонро соҳиб мешавад. Вай моҳи апрели соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Қазоқистон раисиҷумҳур интихоб мешавад. Ва моҳи декабри соли 1991 дар нахустин интихоботи озоди раисиҷумҳури кишвар бо касби 98, 7 дарсади овозҳо ин мақомро соҳиб мешавад.

Баъдан боз ду дафъаи дигар Назарбоев дар чунин интихобот аввал соли 1999 анқариб 80 дарсад ва соли 2005 ҳудуди 93 дарсад раъй гирифтааст. Бар илова, соли 1995 салоҳияти раёсати ҷумҳурии Назарбоев аз тариқи раъйпурсии умумӣ дар Қазоқистон ба муддати 5 сол тамдид карда шудааст. Назарбоев ба ҷуз сарварии кишвар ҳамчунин ҳизби ҳокими «Нуротан» ва маҷмуи халқҳои Қазоқистонро сарварӣ мекунад.

20 СОЛИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Дар бораи 20 соли сарварии Нурсултон Назарбоев аҳли назар андешаҳои гуногун доранд. Азҷумла бархеҳо тайи ин муддат пешрафт ва оромиву суббот дар Қазоқистон, ки дар он беш аз 130 қавму миллат ба сар мебаранд, ба сиёсати дуруст сарвари кишвар марбут медонанд. Ба гуфтаи сиёсатшинос Нурлан Сейдин, Қазоқистон алъон ба яке аз кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан рушдкардаи минтақа табдил ёфт.

Сиёсатшинос мегӯяд, агар дар муқоиса бо 15 ҷумҳурии ба истиқлолрасидаи даврони шӯравӣ бубинем, Қазоқистон алъон яке аз кишварҳои пешрафта ҷой гирфтааст. Зеро дар ин давра иқтисод ва фарҳангу илми кишвар пеш рафт ва дар ин ҷо ислоҳротҳои ба гуфтаи сиёсатшинос муҳими сиёсӣ роҳандозӣ шуд.

Вале бархи дигар бар ин назаранд, ки Нурсултон Назарбоев низ чун ағлаби сарварони ҳизбии даврони шӯравӣ барои тақвияти демократия ва озодии баёну озодии инсон талоши зарурӣ накард ва баръакс дар кишвар бештар нишонаҳои ҳукмронии ҳокимияти худкома ба мушоҳида марасад.

Азҷумла сиёсатшинос Дос Кошим бар ин аст, ки дар давраи Назарбоев ҳамеша ҳокимият дар муносибат бо аҳзоби мухолифон мавқеи мухолифро пеш мегирифт ва дар натиҷа алъон порлумони кишвар фақат аз як ҳизб - ҳизби ҳокими «Нуротан» ташкил гардидааст. Ин дар ҳолест, ки мегӯяд сиёсатшимнос, демократия ва порлумони якҳизбӣ тасаввурнашавандаанд.

НАЗАРБОЕВПАРАСТӢ

Ба гуфтаи сиёсатшинос, дар кишвар алъон ба фаъолияти озоди бисёр рӯзноманигорон ва нашрияҳо саддҳои гуногун ба вуҷуд оварда мешавад. Ва нашрияҳои озод бо ҳар баҳона баста машаванд. Аз сӯи дигар, тавре сиёсатшинос Айдос Саримов мегӯяд, тайи 20 соли ҳукмронии Назарбоев дар Қазоқистон шахспарастӣ зуҳур кард ва он шакл гирифтааст.

Ҳайкали Нурсултон Назарбоев
Ҳоло дар Қазоқистон ба номи Нурсултон Назарбоев ҳизби сиёсӣ, фурӯшгоҳҳои бузургу маҳалҳо ва ширкатҳову тарабхонаҳо ва ҳатто намудҳои гуногуни ғизо гузошта шудаанд. Дар Қазоқистони ҷанубӣ бошад ба сарвари давлат муҷассамаи бузурге гузоштанианд.

Бар илова дар Қазоқистон, ба гуфтаи шоир Акберин Илгезек, ба Назарбоев ҳуқуқ дода шудааст, ки то охири умр дар интихоботи раёсати ҷумҳур ширкат кунад. Яъне дар ин кишвар роҳҳои ба таври демократӣ ба дигар шахс гузаштани ҳокимият алъон вуҷуд надорад.
Ҳокимияти як шахс ба муддати дурру дароз, таъкид мекунад адиби қазоқ, ҳарчанд вай дорои истеъдоди фавқулъодда бошад, чандон натиҷаҳои дуруст ба бор намеоварад.

Акберин Илгезек мегӯяд, ки як шахс дар вақти муайян тибқи имконот ва қобилияти фитриаш кор мекунад ва бояд баъд ба ҷои вай шахси дигар биёяд. Адиб дар ин маврид Русияро мисол меорад. Ба гуфтаи вай, Путин ҳарчанд ҷавон аст, вале баъди ду давраи ҳокимият навбатро ба Медведеви боз ҳам ҷавон дод ва худ сарҳари ҳукумат аст.

ДОМОДИ САРКАШ

Роҳат Алиев, собиқ домоди Нурсултон Назарбоев (аз чап), китоберо дар бораи падарарӯси собиқаш навишта, ағлаби сирри ҳокимияти 20-солаи Н. Назарбоевро фош кардааст
Ба гуфтаи коршиносон, ҳукмрони дуру дарози як шахс дар кишвар боиси зиддиятҳо ва талошҳои пинҳонӣ барои ҳокимият мегардад. Инро муносибати Нурсултон Назарбоев ва домоди собиқаш Роҳат Алиев нишон дод.

Роҳат Алиев, тавре ниҳодҳои интизомӣ эълон карда буданд, аз имконоти хешовандиаш истифода карда, хост ҳокимиятро соҳиб шавад ва дар натиҷа ӯро бо гуноҳҳои кӯшиши ғасби ҳокимият ва одамрабоӣ муҷрим донистанд ва 40 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Алъон бошад вай дар Утриш китоберо дар бораи падарарӯси собиқаш навишта, ағлаби сирри ҳокимияти 20-солаи Нурсултон Назарбоевро фош кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2012 дар Қазоқистон боз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва коршиносон бори дигар дар ин сабқат ширкат кардани Нурсултон Назарбоевро сарфи назар намекунанд. Агар чунин шавад Нурсултон Назарбоев чун дар Тоҷикистон боз ба муддати 7 сол ҳокимиятро дар дасти хеш нигоҳ медорад.
XS
SM
MD
LG