Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи додситони кул дар мавриди Солеҳов


Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон худкушӣ кардааст.

Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе хабари бархе аз расонаҳои хориҷиро, ки Солеҳов ҳангоми боздошт кушта шудааст, бепоя хонд. Вай гуфт, ҳолати сархушии Солеҳов худкуширо дар ӯ ангехтааст: "Ҳамин ҳолати мастӣ худкуширо тезонд. Ин ҷо ягон ҷои баҳсноке нест. Вақте ки бо шаш-ҳафт моддаи қонун дар назди қонун ҷавоб гуфтан даркор, дар шахси масъули давлатӣ, вазири корҳои дохилӣ, албатта, тарсу ҳаросу ҷавобгарӣ ҳис мешавад. Лекин дар ҳолати мастӣ будан ин ҳолатро тезондааст."

Вай ба ҳайси шоҳиди ин ҳодиса Абдураҳмон Бузмаков, сарвари гурӯҳи маъмур дар боздошти Муҳаммадназар Солеҳовро, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, хоҳиш кард, то ҷараёни ин иттифоқотро ба хабарнигорон шарҳ диҳад.

Бузмаков гуфт, ҳангоме аз собиқ вазири худ хоҳиш кардааст, ки тибқи дастури боздошт бояд ҳамроҳи ӯ ба додситонӣ равад, марҳум Солеҳов гуфтааст, аз ин дарак дорад.

Абдураҳмон Бузмаков гуфт: "Ман ҳамсӯҳбат шуда гуфтам, ки Муҳаммадназар Соҳибович, шумо ҳамроҳи мо бояд ба прокуратураи генералӣ равем. Ва ба ҷонишинам Нирумадов, ки ҳамроҳи ман буд, гуфтам, ки папкаро наздик биёрад. Санктсияи прокурор дар дасти ман буд. Вай гуфт, ки агар дар бораи ба ҳабс гирифтани ман бошад, аллакай ман хабар дорам. Ӯ бо либосҳои варзишии оддӣ буд. Аз ман ҳамин қадар хоҳиш кард, ки Абдураҳмон, ман ба Раҳматулло як гап дорам ва либосҳоямро иваз мекунам ва бо ҳамроҳии шумо куҷое, ки гӯед, меравам, шахсан бо ҳамроҳии худат меравам. Ва ба ҳамон хонае, ки ман гуфтам, дараш кушода буд, ҳамон ҷо даромад ва Раҳматуллоро ба наздаш даъват кард. Ман дар пеши дар истода будам. Раҳматулло хост дарро пӯшад. Ман гуфтам, ки не, дарро намепӯшем, мо меистем ва нигоҳ мекунем. Ва гузашта рафта, дар курсӣ нишаста, таппончаро аз тарафи дасти чап гирифта, ба бари сари худ тир андохт. Мо ва ду корманди дигар ҳамроҳ давида рафтем, хостем ёрии аввалинро расонем. Вале аллакай вай дигар нафас намекашид".

Оқои Бузмаков гуфт, дар дастархони яке аз хонаҳои вазири собиқи умури дохила машруботро дидааст. Бобоҷон Бобохонов ҳам гуфт, шояд фикри худкушӣ дар сари марҳум Солиев дар пайи зиёд нӯшидани машрубот омадааст.

Додситони кулли Тоҷикистон пас аз оқои Бузмаков, Раҳматулло Асадулоев, собиқ сарвари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистонро минҳайси хешованд ва шоҳиди ҳодиса даъват кард. Оқои Асадуллоев тамоми гуфтаҳои оқои Бузмаковро тасдиқ кард, аммо гуфт, аз мавҷудияти машрубот дар дастархони марҳум Солеҳов хабар надорад. Вай афзуд: «Вақте санксияи боздоштро оварданд, Муҳаммадназар Соҳибович хостанд, ки ҳамчун ҷинояткор не, балки ҳамчун генерали ҳақиқӣ аз дунё равад».

Додситони кулли Тоҷикистон ахбор дар расонаҳои хориҷӣ дар мавриди сурат гирифтан тирпаронӣ дар хонаи М. Солеҳов, вазири собиқи дохилаи Тоҷикистонро ва ҳамчунин шаҳодати ҳамсар ва фарзанди марҳум дар бораи кушта шудани ӯ аз сӯйи афроди маъмури ҳукуматро такзиб кард.

Қаблан ҳамсар ва фарзанди М. Солеҳов ба расонаҳо гуфта буданд, ки падари хонадони онҳо аз сӯйи гурӯҳи маъмур ба ҳангоми боздошт кушта шудааст.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов, расонаҳои дохиливу хориҷии Тоҷикистонро ба воқеӣ баррасӣ кардани ин қазия даъват кард ва афзуд, ин ахбор обрӯйи Тоҷикистонро дар сатҳи байнулмилал халалдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG