Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги халабони ҳавопаймо ҳангоми парвоз


Халабони ҳавопаймои Боинг 777 ҳини парвоз дар болои уқёнуси Атлантика аз дунё даргузашт, аммо ҳавопаймо бо кумаки 2 халабони дигар дар фурудгоҳи Ню Арки аёлати Ню Ҷерсӣ нишаст.

247 мусофири ҳавопаймо, ки аз Белгия ба Амрико парвоз мекарданд, дар бораи ин ҳодиса фақат дар фурудгоҳ хабар ёфтанд. Дар тӯли парвоз ходимони ҳавопаймо гӯё ҳодисае рух надода бошад, нӯшобаву субҳона тақсим мекарданд ва фақат як бор аз мусофирон суол карданд, ки миёни онҳо пизишкон ҳастанд ё хайр.

Чанд нафар барои кумаки тиббӣ ба кобинаи халабонҳо рафтанд ва яке аз онҳо Ҷулиен Стравени 72-сола, табиби бемориҳои дил аз Бруссел, ба рузноманигорон гуфт, “ӯ аллакай зинда набуд. Ягон шонси наҷот вуҷуд надошт. Ман кӯшиш кардам аз дастгоҳҳои дар ҳавопаймо буда, аз ҷумла дифибрилятор, истифода барам ва ӯро ба ҳуш орам, аммо аллакай дер шуда буд”.

Келли Крайп, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии Континентал, гуфт, халабони Боинг 60-сола буд ва дар ин ширкат 32 сол кор кардааст. Ӯ афзуд, ки ба иттилои муқаддамотии пизишкон, халабон бо сабаби омилҳои оддӣ аз дунё даргузаштааст ва эҳтимолан аз сактаи дил. Ба гуфтаи Крайп, халабонони эҳтиётӣ дар ҳавопаймо буданд ва ба таври оҷил ҷои халабони вафоткардаро гирифта парвозро идома доданд.

Хабар дода мешавад, ки Боинг 777 дар вақти муайяншудаи ҷадвали парвоз дар фурудгоҳ пойин шудааст. Том Доналдсон, собиқ раиси иттиҳодияи кории халабонони ширкати Континентал ва дар айни ҳол халабони ин ширкат, гуфт, халабонон ҳар шаш моҳ аз ташхиси мӯшикофонаи табибон мегузаранд ва агар дар мавриди саломатияшон заррае шубҳа кунанд, онҳоро иҷозаи парвоз намедиҳанд.

Мусофирон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтаанд, ки ивазшавии халабонро пай набурданд. Яке аз мусофирон гуфт, фақат вақте ки ҳавопаймо дар фурудгоҳ нишаст, онҳо аз омадани мошинҳои оташфишон, полис ва ёрии таъҷилии тиббӣ дарёфтанд, ки ҳодисаи нохуше рух додааст.

Аз ин пеш соли 2007 низ як халабони ширкати Континентал дар вақти парвоз аз дунё даргузашта буд. Он ҳавопаймо дар масири Ҳюстон-Мексико парвоз мекард ва бо кумаки халабони эҳтиётӣ дар аёлати Техас ба замин нишаста буд.
XS
SM
MD
LG