Дар барномаи навбатии «Ояндасоз-мюзик» аз орзӯҳои то ҳанӯз амалинашуда, таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба эҷодиёт ва аз нақшаҳои баъдии Парвиз Назаров, овозхони шинохтаи тоҷиктабори муқими Қазоқистон, хоҳем гуфт.
Парвиз Назаров, овозхони шинохта, ки 16 сол инҷониб дар Қазоқистон ба сар мебарад, бо сафари ҳунарӣ дар Душанбе қарор дошт. Қабл аз баргузории барномаи консертияш Парвиз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ин консерт бо нашри албоми ҷадиди вай бо номи «Восток» ва ё «Шарқ» тавъам омадааст. Ба гуфтаи Парвиз, албоми «Шарқ» аз албомҳои қаблӣ бо он фарқ мекунад, ки таронаҳои тоҷикияш бештаранд. Зимнан ин 9–умин албоми сурудҳои Парвиз аст, ки ба бозор ироа мешавад.
Парвиз гуфт, «ахиран дар шабакаҳои телевизионии Қазоқистон намоиши клипи таронаи ман бо номи «Чарх бизан» шурӯъ шуд ва боиси хушҳолист, ки аз сӯи тамошобинон он хуб пазируфта шуд. Ҳарчанд аз ин қабл мегуфтанд, ки чи гуна мо метавонем ин оҳангро пахш кунем, зеро ин бо забони тоҷикӣ аст. Вале билохира клип пахш шуд ва муваффақ буд. Бархе ҳатто кӯшиш мекарданд ин сурудро зам зама кунанд. Агарчӣ дар талаффузи калимаҳо иштибоҳ мекарданд, масалан, ба ҷои бизан - дизан мегуфтанд. Вале ба ҳар сурат онҳо бо тоҷикӣ мехонданд».
Парвиз дар ҷарёни сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфт, ки дар зинадагӣ ва эҷодиёти овозхонон дар Қазоқистон, аз ҷумла барои ӯ низ бӯҳрони молиявӣ тасъсири бади худро гузоштаву барои баргузории барномаҳои конертияшон монеа эҷод кардааст. Вале ба ҳар сурат Парвиз имкон ёфт албоми ҷадидашро сабт ва бо нархи арзон ба ҳаводоронаш пешниҳод кунад. Парвиз кулли оҳангҳо, таронаҳо ва ҳатто ороиши албомҳояшро худаш эҷод ва таҳия мекунад.
Вай афзуд, «бо назардошти бӯҳрони молиявӣ ман қиммати албомамро 450 танга, ки муодили 3 доллар аст, муайян кардам. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қазоқистон сиддиҳои овозхонон камтар аз 650 танга нарх надоранд».
Ба гуфтаи Парвиз, ӯ бештар на аз фурӯши албомҳояш, балки аз баргузории консертҳо даромад мебинад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди Парвиз дар Қазоқистон низ ба мисли Тоҷикистон қаллобон фаъолияти густурда доранд ва таронаҳои овозхонон қабл аз нашри алъбоми расмияшон ба фурӯш бароварда мешавад. Аммо аз нигоҳи Парвиз аз сӯи дигар, хидмати ба истилоҳ “хирсона”-и қоҷоқчиён дар касби маъруфияти ин ва ё он оҳанг зиёд аст.
Парвиз мегӯяд, «дар Қазоқистон ҳам дар мубориза бо қочоқчиён дасти кӯтоҳ доранд. Ин аст, ки овозхонон наметавонанд аз нашри албомҳояшон фоидаи бештари молӣ ба даст оранд. Аммо агар тарафи дигари ин масъаларо нигоҳ кунем, бо кӯмаки онҳо таронаҳои мо ба зудӣ шинохта ва маъруф мешаванд».
Парвиз Назаров меафзояд, яке аз орзӯҳояш, ки то ҳануз амалӣ нашудааст, офаридани нақш дар синамо будааст. Вай афзуд, нақшҳое ки барои вай то имрӯз пешниҳод шуда буданд, чандон ҷиддӣ набуданд, аз ин рӯ Парвиз онҳоро сарфи назар кардааст.
Ба гуфтаи Парвиз Назаров, ҳамчун овозхони касбӣ ӯ дар Тоҷикистон камол ёфтааст. Аммо баъд аз оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯч баст ва аз он замон то имрӯз дар шаҳри Алмаато ба сар мебарад. Шаҳди шӯҳратро Парвиз дар соли 1996 пас аз иҷрои таронаи “Еду на юг” чашид ва аммо як соли баъд соли 1997 таронаи “Белые Облака” ӯро дар Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маъруф кард. Парвиз нақши амаки худ Далер Назаров - ситораи саҳнаи тоҷикро дар камолоти ҳунарияш калидӣ медонад.
Парвиз Назаров мегӯяд, ҳарчанд дур аз Тоҷикистон ба сар мебарад, аммо ҳамеша бо ёди ватан ва ошиқи ватан аст. Ва ду консерти баргузоркардаи Парвиз дар маркази савдои “Вафо-сентр” дар Душанбе аз он далолат мекард, ки ҳамингуна мухлисон ҳам шефтаи оҳангҳои Парвизанд ва муштоқи хонданҳои ӯ.
Пас аз садо карданҳои зиёди мухлисон Парвиз рӯи саҳна омад ва барномаи консертияшро бо таблнавозӣ шурӯъ кард ва тори дили садҳо шунавандаро ба оҳанги мусиқӣ ҷӯр намуд.
Парвиз дар саҳна хеле озод буд, бо мухлисонаш сӯҳбат мекард, таърихи эҷоди бархе аз оҳангҳоро қисса менамуд ва таронаҳои фармоишии онҳоро месуруд. Дар барномаҳои консертии Парвиз Назаров гурӯҳи шинохтаи тоҷик “Авасто” низ ширкат дошта, чанд тарона иҷро кард.
Ин севвумин консерти расмии Парвиз Назаров дар Душанбе буд ва дар ин сафар ӯро ҳамсараш, ки ҳамзамон продюсераш низ ҳаст, ҳамроҳӣ мекард. Барои роҳ ёфтан ба консерти Парвиз ҳаводорони ӯ аз 80 то 120 сомонӣ пардохт карданд.