Доминик Стросс-Кан, мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул, ин матлабро пас аз дидор ва мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баён дошт.
Оқои Кан ҳамчунин гуфт, ки ин муассисаи байналмилалии молӣ имкон дорад кӯмакҳои изофиро дар шароити бӯҳрони молиявӣ дар ихтиёри давлати Тоҷикистон гузорад. Зеро баҳои ҳарду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон - панба ва алюминий - дар бозори ҷаҳонӣ ба шиддат пойин омада ва воридоти маблағ аз ҳисоби муҳоҷирини корӣ низ ба маротиб кам гардидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ислоҳоти буҷаи соли 2009 ва мутобиқ кардани он бо шароити бӯҳрони молиявӣ бидуни коҳиши хароҷоти бахши иҷтимоӣ сурат гирифтааст.
Доминик Страусс-Кан баъди мулоқоти тақрибан якунимсоатӣ бо президенти Тоҷикистон дар назди хабарнигорон ҳозир шуд, вале аз натоиҷи ин дидор хеле кӯтоҳ сӯҳбат кард. Оқои Кан изҳор дошт, ки иҷрои буҷаи давлатии Тоҷикистон дар шароити бӯҳрони молиявӣ аз бахшҳои муҳими сӯҳбаташ бо президент будааст ва ӯ итминон додааст, ки дар як чунин шароит ин муассисаи молии байналмилалӣ кӯмакҳои иловагиро дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон хоҳад гузошт.
Аммо мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки ташвиш ва нигарониҳои худро ба президент дар иртибот ба иҷрои бахши хароҷоти иҷтимоии ин буҷа низ баён кардааст. Ӯ мегӯяд, «дар воқеъ ман аз бахши хароҷоти иҷтимоии буҷаи соли равон изҳори нигаронӣ кардам. Аммо президент итминон дод, ки ин ҳама маблағҳо пайдо мешавад ва хароҷоти бахши иҷтимоӣ дар буҷа кор иҷрошаванда аст».
Зимнан дар буҷаи соли 2009 давлати Тоҷикистон 43 дарсади маблағи қисмати хароҷот ба бахши иҷтимоӣ ихтисос ёфтааст, ки бештар аз 2,5 милиард сомониро ташкил медиҳад. Давлат бо назардошти асароти бӯҳрони молӣ бахшҳои дигари буҷаро коҳиш дод, вале бахши иҷтимоиро бидуни тағйир нигоҳ дошт. Маблағи бахши иҷтимоӣ ба арсаҳои тандурустӣ маориф, илм ҷубронпулӣ, маоши кормандони буҷавӣ ва барои пардохти нафақаи бознишастагон масраф мешавад.
Гулчеҳра Бозорова, раиси кумитаи иқтисод ва буҷаи Маҷлиси Намояндагон бар ин бовар аст, ки давлат харҷи бахши иҷтимоии буҷаи худро иҷро хоҳад кард ва ташвиши мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул дар ин бора ноҷост.
Масъуд Собиров, мудири кафедраи иқтисоди Донишгоҳи иқтисодиёти Тоҷикистон, ба сафари нахустини мудири Сандуқи байналмилалии пул ба Душанбе аз ҳамин зовияи нигоҳ мекунад ва ташвишу нигаронии оқои Страус-Кан дар мавриди то куҷо қобили иҷро будани бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистонро воқеӣ мешуморад.
Ба бовари оқои Собиров акнун, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба омили аслии устувории иқтисодёти кишвар, яъне маблағҳои воридотӣ аз муҳоҷирин, таъсири бад гузоштааст ва вазъи ин иқтисод боз ҳам бадтар мешавад. Аз ин рӯ давлат ногузир аст рӯ ба қарзу кӯмакҳои беруна оварад. Дар сурати ғайр авзои он қишри ҷомеа, ки аз ҳисоби буҷа маош дарёфт мекунанд, махсусан дар музофот, ваҳим хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ду-се моҳи ахир норасоии маблағ боис шудааст, ки муаллимони макотиби миёна, табибон ва бознишастагон дар музофот моҳонаи худро бо таъхир дастрас кунанд.
Мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страус-Кан дар дидораш бо президенти Тоҷикистон ҳамчунин мавзуи тарҳҳои энержии ин кишварро арзёбӣ карда ва дар иртибот ба ин масъала гуфт, ки президент ӯро бар аҳамияти фавқулъодда доштани ин тарҳҳо барои иқтисоди Тоҷикистон мутақоид кардааст.
Оқои Кан ҳамчунин гуфт, ки ин муассисаи байналмилалии молӣ имкон дорад кӯмакҳои изофиро дар шароити бӯҳрони молиявӣ дар ихтиёри давлати Тоҷикистон гузорад. Зеро баҳои ҳарду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон - панба ва алюминий - дар бозори ҷаҳонӣ ба шиддат пойин омада ва воридоти маблағ аз ҳисоби муҳоҷирини корӣ низ ба маротиб кам гардидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ислоҳоти буҷаи соли 2009 ва мутобиқ кардани он бо шароити бӯҳрони молиявӣ бидуни коҳиши хароҷоти бахши иҷтимоӣ сурат гирифтааст.
Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба омили устувории иқтисодиёти кишвар, яъне маблағҳои воридотии муҳоҷирон, таъсири бад расонидааст ва вазъи иқтисодӣ боз ҳам бадтар хоҳад шуд ...
Аммо мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул гуфт, ки ташвиш ва нигарониҳои худро ба президент дар иртибот ба иҷрои бахши хароҷоти иҷтимоии ин буҷа низ баён кардааст. Ӯ мегӯяд, «дар воқеъ ман аз бахши хароҷоти иҷтимоии буҷаи соли равон изҳори нигаронӣ кардам. Аммо президент итминон дод, ки ин ҳама маблағҳо пайдо мешавад ва хароҷоти бахши иҷтимоӣ дар буҷа кор иҷрошаванда аст».
Зимнан дар буҷаи соли 2009 давлати Тоҷикистон 43 дарсади маблағи қисмати хароҷот ба бахши иҷтимоӣ ихтисос ёфтааст, ки бештар аз 2,5 милиард сомониро ташкил медиҳад. Давлат бо назардошти асароти бӯҳрони молӣ бахшҳои дигари буҷаро коҳиш дод, вале бахши иҷтимоиро бидуни тағйир нигоҳ дошт. Маблағи бахши иҷтимоӣ ба арсаҳои тандурустӣ маориф, илм ҷубронпулӣ, маоши кормандони буҷавӣ ва барои пардохти нафақаи бознишастагон масраф мешавад.
Гулчеҳра Бозорова, раиси кумитаи иқтисод ва буҷаи Маҷлиси Намояндагон бар ин бовар аст, ки давлат харҷи бахши иҷтимоии буҷаи худро иҷро хоҳад кард ва ташвиши мудири иҷроияи Сандуқи байналмилалии пул дар ин бора ноҷост.
Масъуд Собиров, мудири кафедраи иқтисоди Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, нигаронии оқои Страус-Кан дар мавриди бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистонро воқеӣ мешуморад
Ин дар ҳолест, ки Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ба ҳангоми тасвиби буҷаи ислоҳшудаи давлатӣ дар моҳи гузашта дар Маҷлиси Намояндагон гуфт, 200 миллион доллари дигар зарур аст, то ин санад иҷро шавад.Масъуд Собиров, мудири кафедраи иқтисоди Донишгоҳи иқтисодиёти Тоҷикистон, ба сафари нахустини мудири Сандуқи байналмилалии пул ба Душанбе аз ҳамин зовияи нигоҳ мекунад ва ташвишу нигаронии оқои Страус-Кан дар мавриди то куҷо қобили иҷро будани бахши иҷтимоии буҷаи Тоҷикистонро воқеӣ мешуморад.