Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши камранги зани тоҷик дар сиёсат


Чаро дар байни сафирони Тоҷикистон ягон зан нест? Оё занон дар дипломатия лаёқат надоранд? Ҳол он ки дар таърих чунин бонувон будаанд...

Як рӯз дар кадом барномаи телевизионӣ дар бораи муваффақтарин дипломатҳои асри бисту бисту як барномаи дидаму фикр кардам, ки ҷолиб аст - дар миёни даҳҳо номи маъруфтарину муваффақтарин сиёсатсозони ҷаҳонӣ фақат як-ду номи зан садо доду халос.

Зани тоҷик ва дипломатия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:35 0:00


ДИПЛОМАТИЯИ МАРДОНА

Дар ин барнома дар бораи дастёбиҳои Николо Макиавеллӣ, Голисин, Черчил, Франсклин, Рузвелт, Киссинҷеру дигарҳо хеле кӯтоҳ аз нақши Мадлен Олбрайту Кандализа Райс ёд шуд. Хеле фикр кардам, Роза Отунбоева аз Қирғизистон ба ёдам омад, ки чаҳор соли пеш яке аз раҳбарони инқилоби лолаии кишвараш буд.

Хулоса, маро якбора ин андеша фаро гирифт, ки чаро дар сиёсати ҷаҳонӣ, дар муомилаҳои байнидавлатӣ ва ҳангоми тасмимгириҳои хеле ҷиддии марбут ба ҳамкориҳои ҳукуматҳои мухталиф нақши занон хеле ва хеле камранг аст? Ростӣ, агар худам дар кӯдакӣ орзуи дипломат шуданро намедоштам, шояд ҳам ҳоло намехостам таҳқиқоти хурди худро дар заминаи шонси духтарон барои роҳёбӣ ба сиёсати хориҷии давлаташон анҷом диҳам.

ТАҲСИЛИ ДИПЛОМАТҲО

Ба гуфтаи Сафарбой Самадов, корманди вазорати омӯзишу парвариш, дар факултаҳои дипломатӣ то 35 дарсади донишҷӯёнро духтарон ташкил медиҳанд
Фикр кардам, фикр кардам ва нахуст рафтам ба вазорати маорифи кишвар. Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон танҳо дар се мактаби олӣ - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянӣ ва Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Хуҷанд дипломатҳои ояндаи Тоҷикистонро тарбия мекардаанд.

Соле 175 дипломати нав бо умеди кӯмак дар пешбурди равобити сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ мактабро хатм мекардаанд. Аммо чӣ теъдоди онҳо духтаронанд? Ин саволи ман ба Сафарбой Самадов, корманди вазорати омӯзишу парвариш нигаронида шуд.

Ва ӯ гуфт, "назар ба дигар ихтисосҳо дар факултаи дипломатӣ танҳо то 35 дарсади донишҷӯёнро духтарон ташкил медиҳанд. Шояд духтарон қобилияти кофӣ надоранд ва забондонияшон дар сатҳи пасттар бошад. Шояд аз ҳамин сабаб шумораи писарони довталаб бештар аст".

Сафарбой Самадов гуфт, ки ихтисоси дипломатро мешавад ҳам ҳангоми таҳсил дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва ҳам шартномавӣ, ки соле 600 то 800 доллари амрикоӣ қимат дорад, ба даст овард. Ман баъдан роҳ сӯи Донишгоҳи славянии Душанбе гирифтам. Маълум шуд, ки духтароне муҳассили риштаи равобити байнулмилалӣ асосан хатмкардаҳои мактабҳои пойтахт будаанд. Ҳоло барои касби ихтисоси худ ҳамаи онҳо забонҳои хориҷӣ, улуми таърих, ҷуғрофиё, фарҳангу тамаддун ва дигар илмҳоро меомӯзанд.

СИМОИ «ДИПЛОМАТӢ»

Ҷура Латифов, профессори Донишгоҳи славянӣ, мегӯяд, дипломат бояд зебо, чеҳраи кушод ва қади баланд дошта бошад.
Ҷӯра Латифов, пофессори кафедраи равобити байнулмилалии Донишгоҳи славянӣ таъкид мекунад, ки барои дипломати ҳақиқӣ шудан симои зоҳирии одам нақши муҳим мебозад. Ӯ мегӯяд, "дар ин ҷо симои зоҳирӣ низ нақши муҳимро мебозад. Дипломат бояд зебо, чеҳраи кушода, қади баланд дошта бошад. Бисёр донад, вале кам ҳарф занад. Зеро мегӯянд, дипломат бояд бештар бо гӯш кор кунад, на бо забон. Ҳамчунин нуктасанҷу ҳасос будан низ зарур аст".

Аз утоқи кории Ҷӯра Латифов берун мешавам ва меравам ба суроғи духтарону бонувони дипломати оянда. Дар назди синфхонае қарор мегирам, ки имтиҳони равобити байнулмилалӣ ҷараён дорад. Ҳама донишомӯзон дар ҳаяҷонанд, баъзеҳо дар ҳаросанд, ки дониши нокофӣ доранду аз имтиҳон намегузаранд, буданд онҳое ҳам, ки бепарво дар назди тиреза истода аз тамоми ин манзара назорат мекарданд.

ДИПЛОМАТБОНУВОНИ ТОҶИК

Духтаре аз имтиҳон берун мешавад, ки чеҳраи хеле зебои, ба қавле, "дипломатӣ" дошта ҳаяҷонзада буд. Вай ниҳоят оҳиста бо садои шахси наҷотёфта "Панҷ" гуфт ва ба назди дугонаҳояш рафт. Баъд дар сӯҳбат бо мо Парвина, муҳассили соли аввали шӯъбаи дипломатия, иқрор кард, ки аз ин имтиҳони муҳими фанни равобити байнулмилалӣ хеле ҳарос дошт, чунки устоди онҳо маъмулан нисбати духтарон сахтгир буда, кам андар кам духтарҳо аз ӯ баҳои баланд мегирифтанд.

Парвина мегӯяд, ман бо ақидае, ки аз писарон сиёсатмадорони ҷиддӣ мебарояд, розӣ нестам ва кӯшиш мекунам ин ақидаро тағйир бидиҳам.
Ба гуфтаи ӯ, "дар чунин факултаҳо бештар ба писарон аҳамият медиҳанд, чунки мегӯянд аз писарон дар оянда вазир ва ё кормандони ниҳодҳои мухталифи ҷиддӣ мебарояд. Вале ман бо ин розӣ нестам ва кӯшиш мекунам, ин ақидаро тағйир бидиҳам. Бархе аз устодони мо бар ин боваранд, ки дар оянда зан танҳо бо оилааш саргардон мешавад ва аз баҳри кор мегузарад ё ин ки ҷиддӣ ба кор муносибат накарда, вазифаҳои худро дарк намекунад".

Парвина мегӯяд, ки ҳамеша мехост вазири умури хориҷа бошад ва аз манфиатҳои Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ ҳимоят кунад. Ӯ медонад, ки барои расидан ба ин ҳадаф вай бояд монеҳои зиёдро пушти сар кунад ва шояд ҳам саддҳои вобаста ба зан будани ваю адами эътимод ба тавонмандиҳои ӯ дар ҳалли баҳсҳои сиёсӣ пеш ояд, аммо вай иродааш қавӣ аст. Парвина симои зани дипломатро барои худ чунин тасаввур мекунад. Вай мегӯяд, "зани ҷиддӣ бояд дар қавли худ устувор, нотарс, халқу ватандӯст ва такрорнашаванда бошад".

Раҷаббек, ҳамсабақи Парвина, низ орзуҳои баланд дорад. Мақсади вай сафири Тоҷикистон дар Амрико шудан аст. Вай мегӯяд, "хеле мехоҳам, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Амрико густариши бештар пайдо кунад. Ва ҳамчун сафир ман тавонам бо як усули нав муносибатҳои Тоҷикистонро дар сатҳи баланд пешниҳод кунам. Фаъолияти ман шабеҳи кори сафирони дигар нахоҳад буд".

Ин мусоҳибонам мегӯянд, дар миёни ҳамсабақони онҳо шумори писарҳо назар ба духтарҳо ба маротиб бештар аст, чунки ба гуфтаи онҳо, таваҷҷӯҳи духтарон ба ин пешаи душвору бомасъулият камтар аст.

БАРТАРИҲОИ ЗАНОН ДАР СИЁСАТ

Ба гуфтаи ҷомеашинос Фаррух Умаров, таҳаммулпазирӣ ва интригае, ки хоси занон аст, бештар дар соҳаи дипломатия кор меояд
Вале ҷомеашиноси тоҷик Фаррух Умаров мегӯяд, ҳама мушкил аз он сабаб аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон бештар суннатӣ аст ва нақши зан то имрӯз дар ин ҷомеа чандон бориз набудааст. Зеро кори дипломатӣ сафари зиёду мулоқоти ҳамарӯзаро бо нафарони мухталиф тақозо мекунад ва ин чиз на ба ҳар шавҳару бародару падар хуш меояд. Аммо ба таъкиди Фаррух Умаров, таҷрибаҳои зиндагӣ нишон медиҳад, ки дар арсаи дипломатия занон нисбат ба мардон метавонанд фаъолияти беҳтару муассир дошта бошанд, ки инро метавон дар мисоли кишварҳои Ғарбиву Шарқӣ мушоҳида кард.

Вай бо ташреҳи ин масъала аз ҷиҳати равоншиносӣ гуфт, "занҳо метавонанд натанҳо дар баробари мардҳо дар соҳаи дипломатия фаъолият кунанд, балки аз нуқтаи назари равонӣ низ онҳо бештар ба ин вазифа мутобиқ ҳастанд. Онҳо бештар таҳаммулпазиранд ва интригаҳое, ки хоси занон аст, бештар дар соҳаи дипломатия барои пешбурди сиёсат ва манофеи давлативу миллӣ кор меояд".

Ҳамчунин Фаррух Умаров ишора ба он нукта кард, ки донишомӯзони факулатҳои дипломатӣ имрӯз ё аз хонаводаҳои дороянд ва ё фарзандони мақомоти баландпоя.

МУШКИЛОТИ КАДРӢ

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон
Дар зимн Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, мегӯяд, ин вазорат ҳамасола барои ҷалби кадрҳои ҷавон ба корҳои дипломатӣ иқдомҳоеро анҷом медиҳад. Аз ҷумла ахиран 17 нафар аз кормандони ҷадид бо шумули чаҳор духтар бо роҳи озмун барои фаъолият дар ин муассиса қабул шудаанд. Аммо Давлат Назрӣ ба он нукта ишора мекунад, ки имрӯз сатҳи тадрис дар макотиби олии кишвар барои тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ нокофист. Аз ин лиҳоз ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, ки барои ҷавонони алоқаманд ба сиёсатҳои хориҷӣ академияи дипломатӣ таъсис дода шавад.

Вай мегӯяд, "дар ин ҷо масъалаи кадрҳо нақши зиёдро мебозад. Барои таъсис додани академия бояд, ки базаи дуруст дошта бошем ва мутахассисоне заруранд, ки ба кадрҳои мо таълими дуруст бидиҳанд. Барои ин лозим аст, ки барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсро аз нав таҳия кунем. Хулоса таъсиси академияе, ки то имрӯз дар кишвар мавҷуд набуд заҳмати беандозаро талаб мекунад".

То замоне, ки ин академия таъсис мешавад, ҳоло зимнан мақомоти вазорати маориф ният доранд қабули хоҳишмандонро барои факултаҳои дипломатӣ 30 дарсад кам кунанд. Масъала дар талоши ба даст овардани мутахассисони дорои дониши хуб будааст, гуфтанд онҳо.

Хуб, аммо бармегардем ба масъалаи ин, ки оё дипломати ҳақиқӣ бояд чӣ гуна шахсе бошад? Бархе дипломатҳои таҷрибадори тоҷик мегӯянд, ки ҷинси диломат муҳим нест, муҳим донишу малакаи тавонои сиёсиву байнулмилалии ӯст, ки тавонад масоили сахти байнидавлатиро дар ҳар гуна сатҳҳо ҳал кунад.

Нуралӣ Саидов, сафири пешини Тоҷикистон дар Олмон, ки имрӯз раҳбарии шӯрои ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро бар дӯш дорад, гуфт, ҳар сафире, ки дар хориҷа Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад, қабл аз ҳам бояд манфиатҳои милли кишваро ҳимоя карда тавонад.

Вай афзуд, "хусусияти хоси дипломатияи мо дар шароити феълӣ ин равнақу ривоҷи муносибатҳои дӯстона бо ҳамсоякишварҳост. Зеро муносибатҳои ҳамсоягӣ бояд дар ягон сатҳу соҳа осеб набинад. Ҳамчунин вазифаи дигари дипломати муосир кӯшиши ҳалли мушкилоти мавҷуда дар чаҳорчӯби имконоти дипломатияи иқтисодист".

Баъди шунидани ин ҳама ман барои худ чунин хулоса бардоштам, ки як - дипломат бояд шахси бофарҳангу дониш, таҳсилкардаву тавоно бошад, ду - новобаста аз ҷинсаш бояд вазъи сиёсии дохили кишвар ва берун аз он, манфиатҳои Тоҷикистонро дониста мутобиқи он ҳамеша барои ҳимоят аз манофеи миллии кишвараш талош кунад. Ва се - ҳамеша дар андешаи рушди маънавиву ақлонии худ бошад, то ки мутобиқ бо тағйироти замон тавонад дар самтгириҳои сиёсии кишвараш саҳмгузор бошад.
XS
SM
MD
LG