Қарор аст, дар ин корхона партовҳои маъдани ураниюмро дубора таҷзия кунанд, то хатари радиоактив ба минтақа коҳиш ёбад.
Шавкат Бобоҷонов, директори корхонаи «Востокредмет» дар Хуҷанд, дар ин бора гуфт, «дар бораи ташкили корхонаи муштарак бо Русия қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст ва мо дар ҳоли ҳозир барои ташкили ин корхона ва механизми корӣ машғул ҳастем».
Ҷаббор Саломов, муовини раиси оҷонси амнияти ядроӣ ва радиоактиви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, гуфт, ҳадаф аз коркарди партовҳои радиоактив дар шимоли ҷумҳуриро аз зарари радиоактив эмин нигоҳ доштани минтақа аст. Вай афзуд, «коркарди партовҳои радиоактивӣ аз ду ҷиҳат муфид аст. Аз як сӯ ураниюми аз он ба даст омада ба фурӯш меравад. Аз сӯи дигар, таъсири зарари он ба муҳити зист ва саломатии мардум ночиз мешавад».
Аммо Музаффар Юсуфов, муовини директори корхонаи «Востокредмет», дар шароити феълӣ таҷзияи танҳо ураниюм аз ин партовҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд намедонад. Ба гуфтаи вай, агар ҷуз ураниюм, технологияи таҷзияи дигар компонентҳо аз ин партовҳо роҳандозӣ шавад, дар он сурат имкон дорад, аз ин коркард суде ба даст биёяд.
Аммо Шавкат Бобоҷонов, директори ин корхона, коркарди партовҳоро мумкин ва ба нафъи корхона медонад. Ба гуфтаи ӯ, судманд будани коркард дар оянда ин аст, ки ин корхона бо маъдани ураниюм имкон дорад аз ҷануби Тоҷикистон таъмин шавад ва корхона аз фаъолият бознамонад.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷануби Тоҷикистон конҳои ҷадид маъдани ураниюм кашф шудааст. Ва ахиран Тоҷикистону Чин дар бораи ҳамкориҳои ҳастаӣ қарор имзо кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон, шояд дар баҳрабардорӣ аз конҳои ҷануб Чин ба Тоҷикистон кумак кунад.
Ҷаббор Саломов, муовини раиси оҷонси амнияти ядроӣ ва радиоактиви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, аз ҷануб бо маъдани ураниюм таъмин кардани корхонаи «Востокредмет» дар ояндаро мумкин хонд, дар сурате, ки ба гуфтаи вай, конҳои ҷануб ҳамаҷониба омӯхта ва судмандии ин конҳо аз лиҳози иқтисодӣ собит шавад.
Вай афзуд, "бо аз ҷануб овардани маъдан ба шимол қимати он ба тило баробар хоҳад шуд. Ба ин далел Тоҷикистонро зарур аст, дар ҷануб дар назди конҳо корхонаҳои хурди коркарди маъдани ураниюмро ташкил кунад ва пас аз коркард маъдани ураниюми пурбаҳошуда ба шимол бо дарназардошти технологияи интиқол фиристода шавад. Ин раванд мураккаб ва масрафталаб аст ва дар сурате имконпазир хоҳад шуд, ки кишварҳои хориҷӣ дар роҳандозии ин фанновариҳо ба Тоҷикистон кумак кунанд. Дар он сурат комбинати "Востокредмет" метавонад чун замонҳои қаблӣ фаъол шавад ва Тоҷикистон аз он суди зиёди иқтисодӣ ба даст биёрад".
Бо вуҷуди ин оқои Саломов гуфт, ки ҳадафи аслии ташкили корхонаи муштарак ва фаъол сохтани комбинати «Востокредмет» ин коркарди партовҳои Деҳмой ва Табошар аст, ки амнияти ин партовҳо дар ҳоли ҳозир таъмин нест. Вай афзуд, дар сурати ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиӣ, аз қабили селу бориш, ин партовгоҳҳо осебпазиранд ва метавонанд ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ хатари ҷиддӣ эҷод кунад.
Дар гӯристонҳои ҳастаии шимоли Тоҷикистон 50 миллион тонн партовҳои радиоактив гӯр карда шудааст. Ин бузургтарин қабристони партовҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон ба шумор меояд, ки аз замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон боқӣ мондааст. Ва барои безарар нигоҳ доштани ин гӯристонҳо 300 миллион доллар зарур аст.
Дар даврони Шӯравӣ шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) дар Ғарб ба унвони «Атомобод» ёд мешуд. Дар ин шаҳр шурӯъ аз соли 1937 шаш корхонаи тавлиди ураниюм фаъол буд. Дар он солҳо ураниюм бо усули дастӣ тоза карда мешуд. Ва дар ин шаҳр қабристони қурбониёни ин корхонаҳо низ вуҷуд дорад.
Пас аз Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар ин корхонаҳо асирони нерӯҳои Олмон ва зиндониёни даврони Шӯравӣ кор мекарданд, ки ҳеҷ кадоми онҳо ҷон ба саломат набурдааст. Даҳаи 50-и қарни гузашта дар ин шаҳр як комбинати бузурги тавлиди ураниюм шурӯъ ба кор кард ва шаш корхонаи қаблӣ аз кор монд.
Баъди фурӯпошии Шӯравӣ комбинати «Востокредмет» низ ба далели адами сармоягузорӣ аз сӯи Русия ва коҳиши захираи маъдани ураниюм дар шимоли Тоҷикистон аз фаъолият бозмонд. Вале 50 миллион тонн партовҳои ҳастаии замони Шӯравӣ то ба ҳол ба муҳити зист ва саломатии мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунад.
Шавкат Бобоҷонов, директори корхонаи «Востокредмет» дар Хуҷанд, дар ин бора гуфт, «дар бораи ташкили корхонаи муштарак бо Русия қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст ва мо дар ҳоли ҳозир барои ташкили ин корхона ва механизми корӣ машғул ҳастем».
Ҷаббор Саломов, муовини раиси оҷонси амнияти ядроӣ ва радиоактиви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, гуфт, ҳадаф аз коркарди партовҳои радиоактив дар шимоли ҷумҳуриро аз зарари радиоактив эмин нигоҳ доштани минтақа аст. Вай афзуд, «коркарди партовҳои радиоактивӣ аз ду ҷиҳат муфид аст. Аз як сӯ ураниюми аз он ба даст омада ба фурӯш меравад. Аз сӯи дигар, таъсири зарари он ба муҳити зист ва саломатии мардум ночиз мешавад».
Аммо Музаффар Юсуфов, муовини директори корхонаи «Востокредмет», дар шароити феълӣ таҷзияи танҳо ураниюм аз ин партовҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд намедонад. Ба гуфтаи вай, агар ҷуз ураниюм, технологияи таҷзияи дигар компонентҳо аз ин партовҳо роҳандозӣ шавад, дар он сурат имкон дорад, аз ин коркард суде ба даст биёяд.
Дар даврони Шӯравӣ шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) дар Ғарб ба унвони "Атомобод" ёд мешуд. Дар ин шаҳр шурӯъ аз соли 1937 шаш корхонаи тавлиди ураниюм фаъол буд ...