Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 миллион доллари Пикассоро дуздиданд


Пикассо. "Майя бо лӯхтак"
Пикассо. "Майя бо лӯхтак"

Аз осорхонаи Порис албоми рассоми маъруф Пабло Пикассо бо 32 мусаввадаи асарҳояш рабуда шуд. Қимати албом, аз нигоҳи мутахассисон, 11 миллион доллар аст.

Хабари ғайб задани албоми нодир бегаҳи рӯзи сешанбе расид ва аммо ҳанӯз маълум нест, ки он кай ва чӣ гуна рабуда шудааст. Тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ, албоми мусаввадаҳои рассом дар ҷевоне гузошта шуда буд, ки онро қулф назада буданд.

Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба полис иттилоъ дод, ки албом дар давраи аз шоми рӯзи душанбе то нимарӯзии сешанбе рабуда шудаст. Ин муддат осорхона баста буд ва аммо рӯзи сешанбе барои чанд фарди мӯътабар намоиши осори Пикассо доир шуда буд. Масъулини осорхона аз шарҳу тафсири ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Пабло Пикассо аз бузургтарин мусаввирони қарни 21 маҳсуб мешавад. Осорхонаи ӯ дар як бинои қадима дар маҳаллаи Мареи Порис ҷойгир шудааст ва қарор аст тобистони соли равон таъмиру тармими он шурӯъ шавад, ки ду сол идома хоҳад кард.

Дар бойгонии осорхона 250 офаридаи Пикассо ва беш аз 1500 мусаввадаи ин рассоми бузурги испанӣ маҳфуз аст. Моҳи гузашта асари Пикассо “Мушкетдор бо чубуқ” дар музоядаи Ню Йорк бо қимати 14, 6 миллион доллар фурӯхта шуд. Мусаввараи дигари ӯ “Хонуми кулоҳбасар”-ро бо нархи 7,7 миллион доллар харидорӣ карданд.

Зимнан, бори аввал нест, ки асарҳои Пабло Пикассо аз осорхонаву бойгониҳои инфиродӣ рабуда мешаванд. Ду сол пеш як мусаввада ва ду асари ӯро аз манзили наберааш Диана Видмайер -- Пикассо ба яғмо бурданд ва аммо полис онҳоро ба зудӣ пайдо карда ба соҳибаш баргардонд. Гуфта мешавад, ки он асарҳо хело машҳур буданд ва фурӯхтани онҳо дар “бозори сиёҳ” басо душвор буд.

Соли 1989 яғмогарон дари манзили набераи дигари рассом - Марина Пикассоро шикаста 12 асари ӯро, ки дар маҷмӯъ 17 миллион доллар қимат доштанд, бо худ бурданд.

Баъд аз чанд муддат ин асарҳо ба хонум Пикассо бозгардонда шуданд. Ва аммо бузургтарин яғмои осори Пабло Пикассо соли 1976 сурат гирифта буд – он вақт аз осорхонаи шаҳри Авиниён, воқеъ дар ҷануби Фаронса, 118 мусаввараи рассоми маъруфро рабуда буданд.

Асари Пикассо “Писарак бо чубуқ” то имрӯз гаронбаҳотарин асаре маҳсуб мешавад, ки дар музояда фурӯхта шудааст. Панҷ сол пеш ин асарро бо қиммати беш аз 104 миллион доллар харидорӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG