Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Эрон аз нигоҳи коршиносони тоҷик


Имрӯзҳо ҷомеаи кишвари Эронро корзори пуршиддати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сахт машғули худ кардааст.

Атбои ин кишвар чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар мутаваҷҷеҳи фаъолияти пинҳону пайдо ва суханрониҳои номзадҳо ба ин мақоманд. Аз ин рӯ имрӯзҳо Эрон ба як бозор ва саҳнаи хеле гарму доғи сиёсӣ табдил ёфтааст, ҳамон бозор ва саҳнае, ки наметавон дар арафа ва ҷараёни интихоботҳои мушобеҳ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушоҳида кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ худро демокративу дунявӣ муаррифӣ карда ва Ирон як кишвари мазҳабӣ дониста мешавад.

Баҳсҳои шадиди рӯбарӯ миёни чаҳор номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ки дар он ҳам барномаҳои интихоботӣ ва ҳам зиндагии хусусӣ ва хонаводагии номзадҳо ва бастагонашон мавриди интиқоду накӯҳиши ошкорои ҳарифон қарор гирифт аз иттифоқотест, ки дар интихоботҳои мушобеҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ то кунун ба мушоҳида нарасидааст.

Таҳлилгарони тоҷик бар ин боваранд, ки ҷомеаи Эрони исломӣ то рӯи коройии низоми исломӣ низ аз таҷриба ва собиқаи низоми мардумсолорӣ бархурдор буд ва дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказии то замони инқилоби Октябр ва баъд аз он низ, ки сарнавишташро дигарон ҳаллу фасл мекарданд, атбои ин кишвар бамаротиб огоҳ, соҳиби ирода ва дар дифои арзишҳои худ устуворанд.

Иброҳим Усмон, аз собиқ мушовирони давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд новобаста аз мавҷудияти баъзе аз маҳдудиятҳои интихоботӣ дар Эрон, аз ҷумла бидуни дарёфти ризоияти мақоми олии рӯҳонии кишвар роҳ наёфтани номзад ба сабқати интихоботӣ ва монеаҳо дар заминаҳои мазҳабӣ, интихобот дар ин кишвар бо шароити беҳтар баргузор мегардад.

Оқои Усмон гуфт, афроде вориди ин корзор ва дар ниҳоят баранда мешаванд шоиста, лоиқ ва сазоворанд. Барои мисол Ҳошимии Рафсанҷонӣ баъди хатми даврони раёсати ҷумҳуриаш шонсҳои зиёд дошт, ки барои бори саввум соҳиби ин курсӣ бишавад, аммо ӯ нахост Қонуни асосии кишварашро нақз кунад. Дар ҳоле ки дар кишварҳои минтақа айни ин корро бо шеваҳои мухталиф иҷро карданд.

Ба ақидаи Иброҳими Усмон, маърака ва корзори тафсони интихоботи имрӯзаи Эронро метавон бо интихоботҳои ҳамсони соли 1991 ва 1994-и Тоҷикистон шабоҳат дод, ки дар солҳои баъдӣ дигар мушоҳида карда нашуд.

Ба бовари коршиносон, интихоботҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар хосияти зоҳирӣ доранд ва барои намуна метавон интихоботҳои ахири президентӣ дар Ӯзбакистону Тоҷикистонро ёдовар шуд, ки рақиб ва ё ҳарифони президенти амалкунанда раъйдиҳандаро ташвиқ мекарданд, ки ба раисиҷумҳури феълӣ раъй бидиҳанд. Албатта инро як навъ мазҳака ва писханде бар интихобот метавон талаққӣ кард.

Вале бархе дигар аз коршиносон, аз ҷумла Абдуғаффори Камол, бар ин назар аст, ки интихобот дар кишвар Эронро месазад бо интихоботи кишварҳои аврупоӣ муқоиса кард. Ҳарчанд ки низомии Эрон ба унвони як низоми динӣ аз сӯи кишварҳои ғарбӣ мавриди интиқод қарор мегирад, аммо муносибати ҷомеа ва ниҳодҳои ин кишвар ба интихоботро наметавон бо Осиёи Марказӣ муқоиса кард.

Президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои президенти Туркманистон, ки баъди вафоти раисиҷумҳури пешини он нафари дигар сари кор омад ва президенти Қирғизистон, ки дар пайи инқилоби ранга иваз шуд, ду-се давраӣ замони раёсати худро пушти сар карданд, ҳанӯз ҳам бо мувофиқ кардани шароити, ба истилоҳ, «ҳуқуқӣ» намехоҳанд инони қудратро раҳо кунанд.

Ва ҳеҷ гуна нерӯ ва қавонине наметавон аз чунин иқдомот ҷилавгирӣ кунад, дар ҳоле ки дар ҷумҳурии исломӣ шахс наметавонад се давраи пайопай раёсати кишварро зери даст бигирад, ҳамон меъёре, ки аксари кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико низ, бо ҳамин роҳ низоми мардумсолорӣ дар кишварашонро устувор ва собит кардаанд.
XS
SM
MD
LG