Ташкилкунандаҳои ин раҳпаймоӣ дар пойтахти Англия аз ҳодисаҳои ҳамлаву куштори бегонаҳо ва ғайрирусҳо дар Федератсияи Русия изҳори нигаронӣ карда, ният доранд нахустин бор садои эътирози худро дар ин замина дар муқобили бинои сафорати Русия дар Лондон баланд кунанд.
Дар варақаҳои эътирозии донишҷӯён, ки дастраси радиои "Озодӣ" низ шуд, аз зуҳуроти бегонасистезӣ ҳамчун як "марази иҷтимоӣ" ёдмешавад, ки "бемонеа дар миёни сокинони қатории Русия" реша медавонад ва ин мардум бо сукут ва беамалии худ ҳодисаҳои ҳамлаву куштори муҳоҷирону коргарони хориҷиро иҷоза медиҳанд.
Донишҷӯёни тоҷик аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки дар Русия муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар баробари "беҳуқуқӣ, хушунат, таъқиби гурӯҳҳои неонатсистҳо, кордиҳандаҳову милиса" шадидан заъфпазир шудаанд.
Радиои "Озодӣ" бо Лондон тамос гирифт ва яке аз донишҷӯҳои ташаббускори ин ҳамоиш -- Зуҳуршо Раҳматуллоев дар сӯҳбати телефонӣ роҷеъ ба ҳадафи ҷавонони тоҷик аз ин раҳпаймоӣ чунин гуфт:
"Мо мехоҳем, ки давлати Русия ин масъаларо ба назар гирад. Чунки ин танҳо проблемаи тоҷикҳову озариҳову қирғизҳову ӯзбакҳо нест. Ин проблемаи худи Русия аст, барои он ки агар ин кишвар мехоҳад, ки ба пешравӣ даст ёбад, бояд ингуна чизҳоро нест кунад. Ҳамлаву куштор бар асоси адовати нажодӣ пасттарин корест, ки инсон карда метавонад."
Донишҷӯёни тоҷикистонӣ мегӯянд, ки ҳадафи онҳо танқиди низоми давлатдории Русия нест. Тақозои онҳо ин аст, ки ҷиноятҳои марбут ба ихтилофҳои милливу нажодӣ мавриди тафтишу таҳқиқи мӯшикофона қарор ёфта, қонунҳои мавҷуда нисбати ин навъи ҷиноятҳо шадидтар шавад. Тибқи иттилои "Сова", як маркази мудофеи ҳуқуқи башар дар Маскав, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар саросари Русия 117 ҳамла бар асоси адовати милливу нажодӣ сурат гирифта 30 нафар қурбони гурӯҳҳои миллатгаро шудаанд.
Донишҷӯёи тоҷики Зуҳуршо Раҳматуллоев гуфт, ки фардо дар муқобили сафорати Русия дар Лондон аз 20 то 30 донишҷӯи тоҷик гирди ҳам меоянд. Онҳо барои баргузории чунин як тазоҳуроте аллакай аз полиси маҳаллӣ иҷоза гирифтаанд. Ва ин нахустин чунин як намоиши эътирозии донишҷӯёни тоҷик дар як кишвари ғарбӣ хоҳад шуд.
Дар Бритониё даҳҳо донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд, ки аксари онҳо тибқи барномаҳои маърифатии Бунёди Оғохон ва дигарҳо бо роҳҳои хусусӣ рафтаанд.
Дар варақаҳои эътирозии донишҷӯён, ки дастраси радиои "Озодӣ" низ шуд, аз зуҳуроти бегонасистезӣ ҳамчун як "марази иҷтимоӣ" ёд
Ҳамлаву куштор бар асоси адовати нажодӣ пасттарин корест, ки инсон карда метавонад...