Овози ӯ ҳамоно қавию марғуладор буду саҳнаро ба ҷумбишу дилҳоро ба шӯр меовард, аммо вай дигар он Зафар Нозиме набуд, ки соатҳо рӯйи саҳна сари по истода, таронахонӣ кунад. Ӯ дар иҳотаи гулҳо, миёнаи саҳна нишаста, таронаҳои 50 сол пеши худро варақгардон мекард.
Зафар Нозим, овозхони саршиноси тоҷик, 50 соли фаъолияти худ дар саҳнаи ҳунарро дар ҷамъи дӯстону шогирдон ва намояндагони ҳукумат таҷлил кард.