Ахиран вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Чех ба раҳбарии Ян Коҳоут, раҳбари сиёсати хориҷии ҳукумати ин кишвар дар ин замина дар шаҳри Прага нишасти матбуотӣ доир кард. Манзур ин аст, ки ҳамакнун, дар баробари бастаи санадҳои дигар, нафари аризадиҳанда барои дарёфти визаи Ҷумҳурии Чех ба мӯҳлати бештар аз 90 рӯз ва барои ҳақи иқомат дар ин қаламрав бояд аз мақомоти беҳдошти Тоҷикистон ҳуҷҷатеро пешниҳод кунад, ки дар он гирифтории ин нафар ба сил, вируси заъфи масунияти бадан СПИД ва баъзе бемориҳои зуҳравӣ рад шуда бошад.
Милан Ржепка, сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Чех дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ дар робита бо чунин муқаррорати нав гуфт, "шумори ин кишварҳо 11-то аст. Инҳо Кения, Конго, Молдова, Нигерия, Муғулистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Украина ва Виетнам мебошанд. Аз шаҳрвандони ин кишварҳо акнун мо дархост мекунем, ки бо пешниҳоди санаде собит кунанд, ки онҳо комилан сиҳҳат ҳастанд. Чунин тасмимро вазорати хориҷаи Чехия ҳамчун як ниҳоди иҷроия гирифтааст, ташаббуси қабули чунин қарор аз ҷониби Хадамоти марказии гигиенаи Ҷумҳурии Чех бармеояд. Мо танҳо дар сатҳи иҷрои ин тасмим қарор дорем".
Озодӣ: Оё ин тасмим ба тамоми кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо тааллуқ дорад ва ё танҳо марбут ба Ҷумҳурии Чех аст?
"Ҳар кишвар муқаррароти худро дорад. Ин тасмим танҳо марбути сиёсати муҳоҷиратии Ҷумҳурии Чех мебошад".
Озодӣ: Чанде пеш аз ин Ҷумҳурии Чех аввалин шуда дар қаламрави Аврупо бо ҳадафи танзими муҳоҷирати ғайриқонунӣ қароре қабул карда тибқи он ба муҳоҷирони бидуни санад пешниҳоди додани 500 евро маблағ ва билети бозгашт ба кишварашонро кард. Мақомот гуфтанд, ки чунин тасмимро дар шароити амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ зарур мешуморанд, то ки дар шароити кам шудани имкониятҳои кор барои муҳоҷирон аз паёмадҳои номатлуби мисли ҷинояткорӣ ҷилавагирӣ ба амал ояд. Оё тасмими ахири вазорати хориҷаро ҳамчун идомаи ҳамон ташдидёбии муқаррароти убуру мурур ба қаламрави Чех бояд арзёбӣ кунем?
"Он тасмимро вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Чех гирифта буд, бо он сабаб, ки ҳоло вазъи иқтисодии ин кишвар чандон хуб нест. Мо бояд бозори кори дохилиро ҳимоят кунем ва сабаби қабулшавии чунин як қарор ҳам дар ҳамин аст".
Тибқи арзёбиҳои коршиносон, ҳамасола ба Ҷумҳурии Чех садҳо ҳазор сокинони кишварҳои дар ҳоли рушд бо ҳадафи кор дар риштаҳои сохтмону тиҷорат, корхонаҳои саноатӣ ва хадамоти мухталифи маишӣ меоянд. Ва бо ҷоришавии муқаррароти нав вазъи ин мардуми аз нодориву қашшоқии кишварҳои худ рӯ ба Аврупо оварда ҳам акнун ногувор мешавад.
Аммо то куҷо тасмими ҳукумати Чех нисбати чанд кишвари махсусан номбаршуда дар заминаи пешниҳоди ҳатмии шаҳодатномаи тиббӣ ҳуқуқи инсонии онҳоро поймол мекунад? Ба ин саволи мо Кристина Миҳалова, ҳамоҳангсози бахши муҳоҷирати созмони ҷамъиятии "Шахси дучори мушкилшуда" дар шаҳри Прага, гуфт, "ин таҷриба дар бисёр кишварҳо роиҷ аст ва чизи ғайриоддӣ ё танҳо хоси Ҷумҳурии Чех нест. Масалан, дар Австралия ингуна муқаррот амал мекунад, вале тафовуташ дар ин ки духтурҳои худи ин кишвар хориҷиҳои бо нияти кор меомадаро аз ташхис мегузаронанд. Ҷумҳурии Чех бошад шаҳодатномаи тиббиро аз мақомоти беҳдоштии он кишварҳо тақозо мекунад. Аз назари мо, ин муқаррарот бо ҳеҷ як қавонини дохилӣ ё байналмилалӣ муғоират надорад. Аммо эҳсоси мо ин аст, ки ҷиҳати табъйизкунандаи ин муқаррарот дар интихоби кишварҳои вижа барои пешниҳоди як чунин шаҳодатномаи тиббӣ мебошад. Яъне ҷиҳати суолбарангез ин аст, ки чаро маҳз кишварҳои мисли Молдова, Украина, Виетнам ё давлатҳои дигар махсусан интихоб шудаанд? Масъала ин ки Ҷумҳурии Чех кишварҳоро ҷудо мекунад, яъне фақат чанд давлати мушаххасро барои ҷорисозии чунин як муқаррарот интихоб кардааст. Аз назари мо давлати Чех талош дорад барои коҳиши шумори муҳоҷирони корӣ аз ин давлатҳо мехоҳад шиддати бӯҳрони иқтисодиро коҳиш диҳад".
Феълан дар қаламрави Ҷумҳурии Чех ба таври расмӣ беш аз 450 ҳазор муҳоҷир сабти ном шудаанд, ки дорои раводиди дарозмуддати кор ё ҳақи иқомат дар қаламрави ин кишвар мебошанд. Ин масъули созмони мудофеи ҳуқуқи инсон гуфт, азбаски имкони сабти ном ё шумориши муҳоҷирони ғайриқонунӣ кори хеле сахт аст, тахмин зада мешавад, ки феълан дар қаламрави ин кишвар дар ҳудуди 300 ҳазор чунин хориҷиҳо бидуни қайди расмӣ ба сар мебаранд. Дар шумули гурӯҳҳои пурнуфузтарини муҳоҷирон дар ин кишвар шаҳрвандони Украина, Словакия ва Виетнам дар навбати аввал ва баъд Русияву Лаҳистон ном бурда мешавад. Дар айни замон, гуфт Кристина Миҳалова, дар Ҷумҳурии Чех 225 шаҳрванди Тоҷикистон ба таври расмӣ кору зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо мардон мебошанд (39 нафари онҳо дорои ҳақи иқомат буда 186 нафар соҳиби визаҳои дарозмуддати Ҷумҳурии Чех мебошанд).
Аксари шаҳрвандони хориҷӣ дар корҳои сохтмон, тиҷорати хурд, корхонаву фабрикаҳо кор мекунанд ва аз назари кордиҳанда нирӯи арзони корӣ ҳисоб мешаванд. Дар кори корхонаҳо бештар шаҳрвандони кишварҳои осиёии мисли Виетнам ва Муғулистон ҷалб шудаанд. Дар ду соли охир, гуфт вай, шумори шаҳрвандони давлатҳои осиёии ҷӯёи кор дар Ҷумҳурии Чех афзудааст. Аммо бо ин вуҷуд, гуфт ӯ, ҳоло чолиши аслии ин муҳоҷирон камбуди кор аст:
"Бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ бисёри онҳо корҳои худро аз даст медиҳанд. Гирифтани раводиди сафар ва ҳақи кор ҳам ба ҳамин чиз сахт вобаста аст. Яъне масъала ин аст, ки буду боши аксари онҳо агар ҳам қонунӣ бошад, вале бо сабаби ин ки кори худро аз даст медиҳанд ва дар муддати кӯтоҳ мӯҳлати визаи онҳо ҳам ба анҷом мерасад, онҳо якбора ба сафи муҳоҷирони ғайриқонунӣ шомил мешаванд".
Хонум Миҳалова гуфт, ки аз рӯи маълумоти созмони онҳо, аз пешниҳоди ҳукумати Чех барои гирифтани 500 евро ҷубронпуливу билети яктарафаи бозгашт ба ватан 1700 муҳоҷир истифода кардаанд ва ҳукумат натиҷаи ин кори худро мусбат арзёбӣ мекунад. Вале боз ҳам, нафарони зиёд, ғолибан аз кишварҳои осиёӣ бо сабаби бад будани вазъи иқтисодии кишварҳояшон ин пешниҳодро напазируфтанд. Дар давоми ним соли охир, мегӯяд вай, дар қаламрави Чех ҳудудан 50 ҳазор муҳоҷирон аз ҷойҳои кории худ маҳрум шуданд. Аксари онҳо дар корхонаву фабрикаҳо кор мекарданд.
Аз сӯи дигар, тибқи иттилои расмӣ, мушкилоти марбут ба бекоршавии муҳоҷирон феълан ба вазъи ҷинояткорӣ дар ин кишвар таъсире накардааст, мегӯяд созмони "Шахси дучори мушкилшуда". Дар тӯли чанд соли охир мизони ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон 6 дарсадро ташкил додааст.