Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази нави тиҷоратӣ дар Душанбе


Бинои маркази нави тиҷоратӣ
Бинои маркази нави тиҷоратӣ

Имрӯз, 2-юми июн, дар Душанбе маросими ифтитоҳи “Маркази хидматрасонии пойтахт” бо ширкат ва суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт.

Ин маркази ҷадид ва бошукӯҳ бо сармоягузории соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар идомаи камтар аз ду сол сохта ва ба истифода дода шудааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин маросим таъкид кард, ки дар шароити бӯҳрони молии ҷаҳонӣ мавриди баҳарбардорӣ қарор додани як чунин маркази тиҷоратӣ, ки барои 600 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам меоварад, шоистаи таҳсин ва қобили дастгирист. Дар ҳоле, ки маркази мазкур аз ҳисоби сармоягузории соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ ба фаъолият оғоз кардааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон далели ширкати мустақими худ дар ин маросимро маҳз ба ин масъала, яъне ташкили ҷойҳои нави кории зиёд марбут донист. Ӯ аз Олег Сосковес, раиси Иттиҳодияи соҳибкорон ва тоҷирони Русия, ва Зайд Сайидов, раҳбари Анҷумани соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармояи муштарак ин марказро сохта ва ба истифода додаанд изҳори ташаккур кард.
Аммо ҳамзамон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз он изҳори таассуф кард, ки бештари соҳибкорони тоҷик пайи корҳои осон мераванд ва ҷиҳати ворид кардани технологияи ҷадид, таъсиси корхонаҷоти саноатӣ ва дар маҷмӯъ бахши истеҳсолот камтар таваҷҷӯҳ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки афзуд президент дар кишвар барои фаъолиятҳои соҳибкорӣ ҳама имконоти ҳуқуқӣ фароҳам карда шуда, бо назардошти бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба соҳибкорон имтиёзҳо дода шудааст.

Ҳарчанд раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз мусоид будани шароити тиҷорат ва соҳибкорӣ дар кишвар сӯҳбат кард, аммо бархе аз созмонҳои байнулмилалӣ ва соҳибназарон бар хилофи ин андешаанд. Аз ҷумла, дар гузориши ахири Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ ин нукта таъкид шудааст, ки шароити кору тиҷорат дар Тоҷикистон танҳо барои раиси ҷумҳур ва атрофиёни ӯ созгор аст. Ва дар як пажӯҳиши муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони байнулмилалии молӣ дар иртибот ба шароити тиҷорат дар кишварҳои олам Тоҷикистон дар миёни 181 кишвари олам дар ҷойи 156 ва се зина пойинтар аз соли гузашта ҷо гирифтааст.

Олег Сосковес, раиси Иттиҳодияи соҳибкорон ва тоҷирони Русия, ва аз саҳмиядорони Маркази мазкур ин гуна арзёбиҳоро, ки Тоҷикистон барои сармоягузорӣ макони муносиб нест, қабул надорад. Вай гуфт, огоҳона ва бидуни кадом ҳаросе ҳозир шудааст дар сохтмони ин марказ сармоягузорӣ кунад. Зеро вазъияти имрӯзаи Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ гуна мушкилие дар ин кор пеш намеоварад: “Ин бештар маънои онро дорад, ки мо ба якдигар эътимод дорем ва танҳо ин эътимод аст, ки бо Тоҷикистон, ки дар ҳоли ҳозир вазъи хеле ороми сиёсӣ дорад таваҷҷӯҳи ҳар як тоҷирро ҷалб мекунад. Ва ман бори дигар таъкид мекунам, ки дар Тоҷикистон беҳтарин инсонҳо ба сар мебаранд, ки бо онҳо кор кардан барои ҳар як тоҷир хушоянд аст”.

Ин нуктаро Зайд Сайидов, яке аз раисони Маркази хидматрасонии пойтахт низ таъкид кард.Вай гуфт, ӯ имконоти зиёд дошт, ки сармоя ва маблағи худро дар хориҷ аз кишвар бичархонад. Вале гуфт ӯ, дар шароите, ки даҳҳо ҳазор аз ҳамватанон барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар ҳиҷрат мекунанд, тарҷеҳ додааст, ки имконот ва сармояи худро дар дохил харҷ кунад, то теъдоди андаке ҳам бошад аз ҳамватанонро бо ҷойи кор таъмин кунад. Зимнан, бо сармояи Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, рӯзи пеш як корхонаи тавлиди обмева ва истеҳсоли шарбат аз меваҷот дар пойтахти кишвар ба фаъолият шурӯъ кард, ки 70 нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунад.

Бинои “Маркази хидматрасонии Пойтахт” аз 6 ошёна иборат аст. Ин марказ дар чаҳорчӯби як барномаи муштараки соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон бунёд шудааст. 51 дарсади саҳмияҳои он ба соҳибкорони русӣ ва 49 дарсад ба соҳибкорони тоҷик тааллуқ дорад. Ин бино дар масоҳати 10 ҳазор метр ва бо ихтисоси 22 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
XS
SM
MD
LG