Одина Ғаффоров, муовини аввали сардори Ожонси зиддифасод дар вилояти Хатлон, гуфт, сардори шӯъбаи молия, ё дороиҳои Сарраёсати ожонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоят Уктамҷон Кулдошев дар тасарруфи беш аз 550 ҳазор сомонӣ маблағ, ки мебоист ба афроди бознишастаи кишвар ҳамчун нафақа дода мешуд, муттаҳам дониста мешавад.
Ба гуфтаи О. Ғаффоров, нафари муттаҳам бо роҳи сохтани ваколатномаи тақаллубӣ ба ду тани дигар, ки аслан дар сарраёсати ожонсӣ кор намекардаанд, дар зарфи як сол аз бахши рақами 42-юми бонки давлатии Амонатбонк ин миқдор маблағро ғайриқонунӣ дарёфта, аммо ба хазина ворид накардааст.
Ожонсии зиддифасоди Хатлон мегӯяд, бо ин ҳол мавориди зиёди тақаллубкорӣ ва азхудкунии маблағҳои давлатӣ дар куллия манотиқи кишвар ошкор шудааст. Зимнан, мақомоти Тоҷикистон ба тафтишу таҳқиқи дурустии тақсимоти маблағҳо, бавижа нафақаи бознишастагон пардохтаанд.
Муовини сардори Ожонсии зиддифасоди Хатлон гуфт, дар айни замон Уктамҷон Кулдошев дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ шуда, алайҳи ӯ тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ - азонихудкунии маблағҳо ба миқдори махсусан калон, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ва сохтакории хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Ва аммо Х. Фаёзов, раиси бахши 42-юми Амонатбонк дар минтақаи Қӯрғонтеппа дар шарҳи ҳодисаи мазкур гуфт, ваколатномае, ки аз ҷониби Уктамҷон Кулдошев пешниҳод шудааст, дорои мӯҳру имзо буд ва коршиносони бонк қонунияти онро тасдиқ кардаанд. Гузашта аз ин, доираи салоҳиятҳои бонки мазкур барои тафтиши сареътари санадҳои пешниҳодшуда барои дарёфти маблағҳои ҳангуфт маҳдуд будаанд.
Бо ин ҳол, ба иттилои расмии мақомоти Хатлон, то кунун қарзи нафақаи бознишастагӣ дар ин вилоят қариб ду миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар миёни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бознишастагони танҳо шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанду Норак ва навоҳии Балҷувону Мӯъминобод нафақапулии худро ҳар моҳ ва бидуни мушкил дарёфт мекардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар қаламрави ҷануби кишвар беш аз 180 ҳазор афроди бознишаста ва дарёфткунандаи нафақапулӣ ба сар мебаранд.