Аммо Обама дар ҳоле ки ба шабакаи Би-Би-Сӣ сӯҳбат мекард, афзуд, ормонҳои амрикоие, чун ҳукми қонун, демократия ва озодии баён ва мазҳаб "арзишҳои умумиянд", ки тамоми мардум метавонанд ин арзишҳоро бипазиранд.
Президент Обама гуфт, беҳтарин коре, ки Амрико метавонад бикунад, намунаи ибрат нишон додан дар ин самт аст, аз ҷумла бо бастани боздоштгоҳи гумонбаршудагони терроризм -- Гуантанамо, ки Обама мехоҳад то поёни сол онро бубандад.
Вай ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад, дар аз нав ба роҳ мондани ончӣ Обама "гуфтушуниди ҷиддӣ" байни Исроил ва Фаластин номид, кӯмак кунад.
Ин ҳарфҳои Обама дар ҳоле нашр мешаванд, ки қарор аст, ӯ дар ин ҳафта аз Арабистони Саудӣ ва Миср дидан кунад. Интизор меравад, Барак Обама дар ҷараёни ин сафар бо як паёми вижае ба ҷаҳони ислом муроҷиат хоҳад кард ва сипас дар расми ёдбуди қурбониёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум дар Олмон ва Фаронса ширкат хоҳад ҷуст.