Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати азими "Ҷенерал Моторс" давлатӣ мешавад


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар арафаи эълони муфлисшавии бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико "Ҷенерал Моторс", гуфт, ки ин иқдом бахши “тарҳи воқеии муваффақиятпазирӣ”-ест, ки ба ин ширкат шонси эҳёи дубораро хоҳад бахшид.

Тасмими муфлис эълон кардани "Ҷенерал Моторс"-ро ҳукумати ИМА дастгирӣ намуд ва акнун дар ивази 50 миллиард доллар кӯмаки молӣ 60 дарсади саҳмияҳои "Ҷенерал Моторс" ба ихтиёри давлати Амрико мегузарад. Барак Обама изҳори умедворӣ кард, ки дар пайи анҷоми раванди муфлисшавӣ, ки аз 60 то 90 рӯз идома хоҳад кард, Ҷенерал Моторс боз ҳам қавитар хоҳад шуд:

“Ман мутмаинам, он гоме, ки ман имрӯз дар борааш эълон мекунам, ин хотимаи "Ҷенерал Моторс"-и қадима ва оғози "Ҷенерал Моторс"-и нав мебошад. Ҷенерал Моторси наве, ки қобилияти тавлидии мошинҳои дараҷаи олии бехатар ва каммасрафи фардоро дошта бошад. Ин ширкат аз ин роҳ Амрикоро ба истиқлолияти энерҷӣ хоҳад бурд ва ин боз як рамзи комёбии Амрикост”.

Ин дар ҳолест, ки мутахасисони соҳа шикасти ширкат ва интиқоли ниҳоии саҳмияҳои "Ҷенерал Моторс"-ро ҳамчун намунаи сиёсатҳои иштибоҳии иқтисодӣ ва нотавонии соҳаи мошинсозии Амрико дар муқобили шароити зудтағйири саросарие, ки мошинҳои камхарҷро тақозо дорад, арзёбӣ мекунанд.

Ба ақидаи таҳлилгарон, як омиле дигаре, ки ширкатро заиф кардааст, ин сиёсати пешниҳоди шароитҳои бениҳоят хуб ба кормандонаш будааст. Дар тафовут аз рақибони осиёияш "Ҷенерал Моторс" бахши бузурги даромадашро барои чунин имтиёзҳо сарф мекард. Раванди муфлисшавӣ аллакай чанд моҳ боз ҷараён дошт ва ба ҳамин хотир эъломи дирӯза барои ҳеҷ кас хабари ғайримунтазира набуд.

Диан Броу, раиси корхонаи таъмири мошинҳо дар Манҳеттени Ню-Йорк, ба радиои Озоди гуфт, ки агар касе ба вай ду сол қабл мегуфт, ки "Ҷенерал Моторс" муфлис хоҳад шуд вай бовар намекард: “Ман бо мафкурае бузург шудаам, ки "Ҷенерал Моторс" мисли Кӯҳи Ҷибралтар аст ва ягон чиз наметавонад онро аз ҷояш ҷунбонад, чун ки ин ширкат аз дигар ширкатҳои ҷаҳон мустаҳкамтар буд. Ва воқеияти он, ки ман бо чашми худ мебинам, чӣ гуна "Ҷенерал Моторс" фурӯ меравад, хеле ҳаяҷоновар аст”.

Соли 1999 як саҳмияи "Ҷенерал Моторс" 87 доллар арзиш дошт ва аммо дар охири моҳи маи соли ҷорӣ ин саҳмия бо нархи камтар аз як доллар харидорӣ мешуд. Дирӯз исми "Ҷенерал Моторс"-ро аз номгӯи шохиси Доу Ҷонс, ки 30 ширкати бузургтарини кишварро дар бар мегирад ихтисор карданд. Ва ин дар ҳолест, ки "Ҷенерал Моторс" ба ин фехрист ҳанӯз соли 1925 ворид шуда буд.

То охирҳои моҳи май беш аз ду ҳазору панҷсад нуқтаҳои фурӯши мошинҳои истеҳсоли "Ҷенерал Моторс" дар саросари кишвар баста шуданд ва ҳазорон коргарони онҳо бе кор монданд. Хонум Броу гуфт, ки дар ҳоле, ки "Ҷенерал Моторс"-и куҳан ба сӯи фаромушӣ қадам мемонад, муфлисшавиаш ба он корхонаҳое, ки ба маҳсулоти ширкат вобаста буданд, маънои идомаи азобҳоро дорад:

“Хабари ғамгинкунанда ин аст, ки корхонаҳои мусоидкунандаи "Ҷенерал Моторс", мағозаҳои мошинфурӯшӣ, бахшҳои қисмҳои эҳтиётӣ, ба мисли донаҳои домино, дар натиҷаи ҳамаи ин раванд фурӯ мепошанд. Ҳамин тавр, барои Амрико ин боз як ҳодисаи аз байн рафтани ҷойҳои кории бузург мебошад.”

Дар нишасти матбуотӣ дар Ню-Йорк раҳбари ширкати "Ҷенерал Моторс" Фритз Ҳендерсон кӯшиш кард, нуктаҳои мусбати ин қиссаи пурфоҷеъаро матраҳ кунад:

“Ҷенерал Моторс"-и нав аз қисматҳои қаввитарини бизнесамон ташкил хоҳад шуд. Манзурам тамғаҳои беҳтарин ва маҳсулоти беҳтарин аст. Қарзҳои мо ба таври чашмрас коҳиш меёбанд, арзиши қувваи корӣ қобили рақобат, қобилияти истеҳсол пойдор ва анҷоми кор аз оғоз мусбат хоҳанд буд. "Ҷенерал Моторс"-и нав буҷаи ба каратҳо қавитар ва солимтар хоҳад дошт ва ин ба мо имкон хоҳад дод тамғаҳо ва маҳсулотамонро аз роҳи сармоягузорӣ беҳтар дастгирӣ намуда, сармоягузориамонро ба фановариҳои нав авзоиш диҳем ва ҳамин тавр замонаи мушкилро пуштисар кунем”.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе додгоҳи Амрико фурӯши аксарияти моликияти дигар ширкати бузурги мошинсозии Амрико Крайслерро ба ширкати мошинсозии Италиё Фиат иҷозат дод. Бо суқути "Ҷенерал Моторс" ва "Крайслер" ширкати "Форд", ки як вақт ин ширкатҳо ҳамчун Сегонаи Бузурги Дейтройт маъруф буданд, охирин ширкати умдаи мошинсозии Амрико боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG