Як бахши ин гузориш ба Тоҷикистон низ бахшида шудааст, ки бо он метавонед бо пахши ин линк шинос шавед.
Дар сӯҳбате бо Мейзӣ Вайкердинг, пажӯҳишгари вазъи Осиёи Марказӣ дар созмони мазкур масоили марбут ба Тоҷикистонро дар миён гузоштем. Суоли нахуст аз ӯ ин буд, ки мояи нигаронии ҳукумати Тоҷикистон чӣ буда метавонист, ки бо вуҷуди ин қадар мухолифатҳо чунин қонуни сахтгиронаи динро қабул кард?
Посух: «Ба андешаи ман, як омили қабули чунин қонун ҳадаф гирифтани гурӯҳҳоест, ки онҳоро ҳукумати на танҳо Тоҷикистон, балки ҳукуматҳои минтақа гурӯҳҳои тундгаро мешуморанд. Ва дар байни ин гурӯҳҳо шумо ҳам гурӯҳҳои исломиро пайдо мекунед ва ҳам гурӯҳҳои ғайриисломиро ва ба андешаи ман дар тамоми Осиёи Марказӣ ин гурӯҳҳоро ҳадаф гирифтаанд. Аз ин рӯ, ба фикри ман, бо вуҷуди эътирозҳо, Қонун доир ба дин дар Тоҷикистон қабул ва аз тарафи раисҷумҳур имзо шуд. Ман фикр мекунам, ба назар гирифтани масоили амнияти миллӣ, мубориза ба зидди терроризм якеро водор мекунад, ки чунин қонуни сахтгиронаеро ба имзо бирасонад.»
Суол: «Дигар аз масъалаи доғе, ки дар гузориши шумо зикр шудааст, кӯч додани иҷбории сокинони баъзе аз маҳаллаҳои Душанбест, ки аз ин рафтори мақомоти расмӣ эътироз кардаанд. Метавонед, дар робита ба ин масъала бештар шарҳ диҳед?»
Посух: «Тазоҳуроти моҳи апрели соли гузашта дар ин маврид як чизи камназир дар Тоҷикистон буд, чун воқеан дар ин кишвар тазоҳуроти осоишта ба истилоҳ чизи нодир аст. Мо аз он нигарон шудем, ки кормандони пулис барои пароканда кардани ин тазоҳургарон, ки аксаран занон буданд, аз нерӯ истифода бурданд. Ин занони осоишта буданд, ки маъмурони амниятӣ ба онҳо таҳдид намуданд, алайҳи онҳо аз зӯрӣ кор гирифтанд, вале ин ҳаққи онҳо буд, ҳаққи ҷамъомад ва озодии баён ва ҳаққи ташкили тазоҳуроти осоишта. Бо назардошти тарҳи генералӣ ва ё нақшаи умумии шаҳр, ба фикри ман, ин мушкил идома хоҳад кард, чун ин тарҳ ба сокинони зиёде таъсир расонидааст. Ин ҳаққи онҳост, ки алайҳи хароб кардани хонаҳояшон ба таври осоишта эътироз кунанд, ба шарте ки ба онҳо ба таври муносиб машварат надода ва ё ба онҳо манзили алтернативӣ ва мувофиқ пешниҳод ва ё хисороти онҳоро ҷуброн накарда бошанд. Ва аз қазияҳое, ки мо дидем, ба ҳеҷ яки онҳо манзили алтернативии муносиб ва ҷуброни муносиб пешниҳод накарда буданд.»
Суол: «Дар гузориши Авфи байнулмилал мехонем, ки аз фақру бекорӣ дар Тоҷикистон бештар аз дигарон занон ранҷ мекашанд ва дар баробари нақзи ҳуқуқ осебпазиртаранд. Ва шумо гуфтед, ки масъалаи хушунат ва хушунати ҷинсӣ алайҳи занони тоҷик ҳамчунон масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ба андешаи шумо, чаро тарҳи қонун доир ба ҳимояти иҷтимоии ва ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ, ки чанд сол пеш таҳия шудааст, ҳанӯз ба порлумон пешниҳод нашудааст?»
Посух: «Сари ин тарҳ созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ ва дохили кори зиёде кардаанд, аммо ман намедонам, чаро ин қадар вақти зиёд он ба порлумон пешниҳод нашудааст. Ва ин масъалаест, ки мо ҳамчунон онро бо мақомоти Тоҷикистон дар миён мегузорем ва мо саъй дорем, то ин қонун доир ба ҳимоят аз хушунати хонаводагӣ барои баррасӣ пешниҳод шавад. Зоҳиран, мушкил дар тарҳи қонун, ки гӯё он ҷавобгӯи талабот набуд ва ислоҳ мехост, сабаби таъхир дар пешниҳоди он шудааст. Вале мо ҷидду ҷаҳд мекунем, ки ин қонун ва воқеан қонуни хуб пешниҳод шавад. Худи мушкили хушунат алайҳи занон тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон мудом мушоҳида мешавад ва мо наметавонем, бигӯем, ки соли гузашта вазъ дар ин самт бадтар ва ё беҳтар шуд. Ин як мушкили ҷиддӣ буд ва мо шоҳиди беҳбуди чашмгире дар заминаи коҳиши хушунат алайҳи занон нашудаем ва ин як мояи азими нигаронии мост. Ва ин мавзӯъест, ки мо имсолу соли оянда ҳам онро аз наздик пайгирӣ мекунем.»
Суол: «Авфи байнулмилал мегӯяд, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳонро бадтар хоҳад кард. Дар Тоҷикистон, ки аз бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ эмин нест, метавон гуфт, ки риояти ҳуқуқи мардум бадтар хоҳад шуд?»
Посух: «Ба андешаи ман, мо бояд мунтазир бошем ва бубинем, ки чӣ иттифоқ хоҳад афтод. Албатта шумо медонед, ки миллионҳо муҳоҷири корӣ берун аз кишвар кор карда ва пули зиёде ба Тоҷикистон мефиристоданд. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ҳам ба Русия ва ҳам ба Қазоқистон - мизбонони асосии муҳоҷирон зарбаи сахт задааст ва ҳамчунин ба Имороти Муттаҳидаи Араб, ки қисме аз муҳоҷирон дар он ҷо ҳастанд. Бояд дид, ки вақте ин ҷавонон ба Тоҷикистон бозгашта ва мебинанд, ки ҷойи кор нест, чӣ хоҳад шуд. Онҳо ба рустоҳои худ бармегарданд ва баъдан мо шоҳиди муҳоҷирати дохилӣ мешавем, зеро ҷавонон саъй мекунанд ба маркази шаҳрҳҳо биёянд.
Нигаронии мо ин аст, ки вақте ҷавонон ба шаҳрҳо меоянд ба масъалаи сабти иқомат дучор мешаванд ва берун аз доираи қонун мемонанду боз ҳам осебпазиртар мешаванд. Онҳо метавонанд на танҳо ҳадафи мақомоти интизомӣ, балки ҳадафи гурӯҳҳои ҷиноӣ, қочоқбарон ва афроде қарор бигиранд, ки мехоҳанд аз нерӯи онҳо истифода баранд.»