Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алоқамандии тоҷирони араб ба асали тоҷикӣ


Тоҷирони араб ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои сохтмон, саноат, энержӣ, кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ алоқамандӣ нишон доданд.

Дар Душанбешаҳр нахустин анҷумани тоҷирони Арабистони Саудӣ бо намояндагони вазорату кумита ва идораҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳайати тоҷирону соҳибкорони 36-нафараи Арабистони Саудиро Абдурраҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ, муовини раиси шӯроҳои утоқи бозаргонӣ ва саноии Арабистони Саудӣ бар ӯҳда дошт. Дар ҷараёни ин анҷуман вазорати энержӣ ва саноеи Тоҷикистон, вазоратҳои роҳу мухобирот, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва кумитаи ҷаҳонгардӣ барномаҳои худро барои ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ пешниҳод карданд.

Дар робита ба он, ки кадом аз ин барномаҳои пешниҳодӣ ба тоҷирони араб писанд омад, гуфтугӯе доштем бо Абдурраҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ, муовини раиси шӯроҳои утоқи бозаргонӣ ва саноии Арабистони Саудӣ. Ва сараввал аз ӯ пурсидем, ки дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар кадом бахшҳо алоқаманд ҳастанд?

Оқои Ҷирайсӣ гуфт, «мо дар ҳамкорӣ бо бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахши тавлиди семент, саноати маводи ғизоӣ, нафту кимиё, сохтмони биноҳо дар Тоҷикистон алоқамандем. Ва тоҷирони мо дар ҳоли ҳозир барои сармоягузорӣ дар сохтмони манзил, зербинои шаҳру навоҳӣ омода ҳастанд».

Дар ин нишаст намояндагони вазорати саноӣ ва энержии Тоҷикистон тарҳи эҳдоси нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Муовини вазири энержӣ ва саноӣ гуфт, ки дар оянда Тоҷикистон метавонад нерӯи барқро ба Арабистони Саудӣ аз тариқи Покистон интиқол бидиҳад.

Оқои Ҷирайсӣ дар ҷавоб ба суол, ки оё ин барномаҳои энержии Тоҷикистон барои Арабистони Саудӣ ҷолиб ҳаст ё не, гуфт, «сохтмони нерӯгоҳҳо аз ҷумлаи барномаҳое ҳастанд, ки ҳазинаҳои он беш аз ду миллиард долларро дар бар дорад. Ба ин далел масъалаи сармоягузорӣ дар ҳамчунин тарҳҳо ба гуфтугӯҳои алоҳида ва дар сатҳи мақомоти давлату бонкҳо ниёз дорад. Аммо манзури ман ин нест, ки мо ба тарҳҳои энержӣ алоқамандӣ надорем. Баръакс ҳадафи мо дар ҳоли ҳозир омӯхтани тарҳҳои энержӣ дар ин ҷумҳурӣ аст ва пас аз баррасиву омӯзиш бубинем, ки сармоягузорӣ дар ин тарҳҳои барои мо судманд тамом мешавад ва мушкиле дар ҳамкорӣ пеш намеояд, мо албатта дар тарҳҳои энержӣ низ саҳм хоҳем гирифт».

Оқои Ҷирайсӣ дар поёни сӯҳбат гуфт, ки ҳадаф аз сафар ва дидор аз Тоҷикистон на танҳо ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамкориҳои муфид барои тоҷири Арабистони Саудӣ буд, балки тоҷирони мо мехостанд бо мардуми Тоҷикистон, мардуме, ки дар таърихи тамаддуни башарият нақши муҳим доранд, ошно бишаванд. Ва равобит бо ин ҷумҳурӣ дар ояндаро таҳким бубахшанд.

Бино ба иттилои кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, тоҷирони Арабистони Саудӣ ба хариди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла асали тоҷикӣ, алоқамандии зиёде доранд.
XS
SM
MD
LG