Бар асоси ин тағйирот дар маҳалаҳои муайяни шаҳри Душанбе сар аз моҳи июли соли равон нигоҳ доштани парандагон, ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ, аз қабили гову гӯсфанд, хару асп, ба истинои гурбаву саг ва парандаҳои кӯчаки ғайриистеъмолӣ, ҷиноят ҳисоб мешавад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон ба хотири беҳдошти вазъи зиндагӣ ва таъмини худ бо ғизоҳое, амсоли ширу гушту тухм дар ҳавлиҳои худ ҳайвоноти хонагиро нигоҳ медоранд.
Маҳмуд Раҳимов, вакили маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳизби ҳокими халқи демократӣ, мегӯяд, ҳудудҳои муайяни барои чорводорӣ мамнӯъ аз сӯи мақомоти шаҳрдорӣ бо розигии ҳукумати Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Оқои Раҳимов ҳадаф аз вуруди тағйироти ҷадид ба қонун дар бораи мақоми пойтахтро фароҳам кардани шароити мувофиқи зист ба сокинон, беҳтар кардани вазъи санитарии шаҳр ва тозаву зебо нигоҳ доштани пойтахти Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Ба қавли оқои Раҳимов, дар ҳоле, ки дар ҷодаҳои сабзи пойтахт говҳо мечаранд ва садои ҳангоси хару асп аз ҳар кунҷи шаҳр ба гӯшҳо мерасад, фароҳам сохтани шароити мувофиқи зист барои сокинони пойтахти Тоҷикистон имкон надорад. Оқои Раҳимов афзуд, ба ҷуз ин ахлоти ҳайвонот дар наҳру ҷӯйҳои пойтахт афтода обе, ки аз он сокинони пойтахт барои полизу ҳавлиҳо ва эҳтиёҷоти маишии худ истифода мебаранд, ифлос мекунад ва дар ниҳоят вазъи санитарии пойтахт табоҳ мешавад.
Ба гуфтаи оқои Раҳимов, қаблан дар замони шӯравӣ ҳам чунин як қонун нигоҳубини ҳайвонот дар шаҳри Душанберо манъ мекард. Вале баъдан дар дар солҳои 90 дар замони норомиҳо бо бад шудани вазъи зиндагӣ бархе аз сокинони пойтахт ба парвариши чорво даст задаанд.
Аммо бархе аз вакилони порлумон мегӯянд, ки манъи нигоҳубини чорво дар пойтахт ба вазъи молии сокинони пойтахт таъсири манфӣ мерасонад ва боиси гарон шудани қимати гушту шир дар бозорҳои Душанбе мешавад.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумони Тоҷикистон аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, манъ кардани нигоҳдории ҳайвонот дар пойтахти Тоҷикистонро бо назардошти вазъи бади шароити зиндагии қишрҳои камбизоати кишвар новақт арзёбӣ кард. Оқои Кабирӣ гуфт, бар асоси тағйироти ҷадид набояд, аҳолии бархе аз маҳаллаҳои Душанбе, ки ба деҳот шабоҳат доранд, дар шароити бӯҳрони молиявӣ аз чорвои худ маҳрум шуда зарар бинанд. Зеро, ба қавли оқои Кабирӣ, аксари сокинони пойтахти Тоҷикистон ба хотири таъмини худ бо маводи ғизоӣ ба нигоҳдории чорво дар шаҳр машғул будаанд.
Манъи нигоҳубини чорво дар шаҳри Душанбе ба нигоронии бархе сокинони пойтахт, ки дар ҳавлии худ ба парвариши гову гусфанду мурғ шуғл доранд, боис шудааст. Тугмаой Ортиқова, як сокини шаҳри Душанбе, ки дар ҳавлиаш говбонӣ мекунад, мегӯяд, зиндагии худу фарзандонаш ба ҳамин як говаш сахт бастагӣ дорад. Вай мегӯяд, худ ва фарзандонаш дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд ва эҳтиёҷоти рӯзгорашро аслан аз ҳисоби фурӯши шири гов таъмин мекунад. Ӯ меафзояд, агар дар оянда ба парвариши гов машғул нашавад, намедонад дар ин шароити бӯҳронӣ рӯзгорашро аз куҷо таъмин кунад, дар ҳоле, ки аслан говашро дар дохили ҳавлиаш нигоҳ медошт ва ҳеҷ зараре ба касе аз он намерасид.
Аммо аксари сокинони пойтахт аз қабули чунин як тағйирот ба қонуни мақоми пойтахт хуш истиқбол мекунанд. Ғанӣ Назаров, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар бархе аз кӯчаҳои пойтахт ҳатто дар маркази ин шаҳр аз бӯи бади ҳайвонот кас нафасгир мешавад. Вай меафзояд, бахусус дар тобистон аз ахлоти ҳайвонот, ки ба ахлотҷо партофта мешаванд, шаҳр пури пашаҳо мешавад ва ин бевосита ба паҳн кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ мунҷар мешавад.
Бар асоси тағйироти ҷадид ба қонун дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон ҳамакнун сокинони шаҳри Душанбе барои нигоҳдорӣ ва парвариши чорво муҷозот мешаванд. Қонуни ҷадид, аз шаҳрвандон дар ҳаҷми то 3 нишондиҳандаи ҳисобӣ ва аз корхонаҳо то 30 нишондиҳандаи ҳисобӣ ситонидани ҷаримаро пешбинӣ мекунад. Як нишондиҳандаи ҳисобӣ 35 сомонӣ муайян шудааст, яъне акнун мақомот барои нигоҳдорӣ ва парвариши чорво дар Душанбе аз шаҳрвандон то 105 сомонӣ ва аз корхонаҳо то 900 сомонӣ ҷарима хоҳанд ситонд.