Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши оила дар ҳаёти амрикоиён


Стив, ҷавони 35-солаи амрикоӣ ва ҳамсари ӯ Марита дар тӯли 8 соли оиладорӣ соҳиби ду фарзанд шудаанд ва мегӯянд, оилаи онҳо дар асоси муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмию эҳтиром бунёд шудааст. Ба андешаи Стив ва Марита, муносибати ҳардуи онҳо ба тарбияи фарзандонашон бетаъсир нахоҳад монд ва аз ин рӯ то ҳадди аксар кӯшиш мекунанд, барои ду писари худ намунаи ибрат бошанд. Феълан, Стив кор намекунад, ширкати онҳо ба асари бӯҳрони молӣ фаъолияташро боз доштааст ва ӯ муваққатан бекор аст, даромади аслии оила маоши ҳамсараш ба ҳисоб меравад. Аммо Стив бошад масъулияти пурраи нигоҳубини фарзандон ва корҳои хонаро ба дӯш гирифтааст, зеро мегӯяд Марита, пас аз рӯзи тӯлонии корӣ тавони иҷрои корҳои хона ва нигоҳубини фарзандонро надорад:

“Ман ба тарбияи ду фарзандам машғулам. Барои ман муҳим аст, ки ҳамсарам хотирҷамъу бароҳат бошад. Ҳоло ӯ барои ҳамаи мо кор мекунад ва ман низ ба ӯ кӯмак мекунам. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки зан бояд ҳам кор кунад ва ҳам ба тарбияи фарзанд машғул шавад, ин нодуруст аст, дар оила фарқ надорад, ки кӣ кадом корро анҷом медиҳад, муҳим эҳтиром ва дарки вазъият аст. Оила худ арзиши хуби инсонист ва тарбияи фарзанд дар оила муҳим аст. Шахсан барои ман болотар аз принсипҳои шахси сифату тарбияи фарзандонам аст. Зеро кӯдаконе, ки дар оила ва дар муҳити муҳаббату садоқати волидон ба воя мерасанд онҳо фарқ мекунанд ва дар оянда ба фарзандони худ низ чунин муҳаббатро арзони медоранд. Дар оила эҳтироми шахсият, ҳуқуқҳои ҳамсар ва шунида тавонистани андешаҳои бонуи оила хеле муҳим аст”.

Марита мегӯяд, оила барояш муқаддасу муҳим аст ва бо мушоҳидаи муҳити солими хонаводагиаш мехоҳад ду фарзанди дигар ба дунё оваранд. Ӯ мегӯяд, оила ҳамеша дар зиндагии инсонҳо бартарият дорад, зеро оилаи солим такягоҳи ҳамаи аъзоёнаш ба ҳисоб меравад:

“Ҳама он коре ки мо анҷом медиҳем ба хотири оила мекунем. Дар оила аз ҳама муҳим эҳтиром ва боварm аст. Нигоҳ доштани оила санъат аст, барои мисол, мо ҳама корро бо ҳам маслиҳат мекунем. Ҳатто идомаи кору фаъолиятамонро. Ҳамсарам ба ман бисёр кумак мекунад, мо ҳамаи масъулиятҳои оилавиро миёни ҳамдигар баробар тақсим кардаем”.

Ню-Йорк яке аз шаҳрҳои калонтарини Амрико ба ҳисоб меравад, ки сокинонашро ғолибан намояндагони халқу миллатҳои мухталиф ташкил медиҳанд. Ба андешаи бархе аз хориҷиён, дар зиндагии мардуми Амрикову Аврупо оила нақши муҳимро намебозад. Барои мисол, Фаиқ, ҷавони 24-солаи озарӣ, ки як сол дар Ню-Йорк ба сар мебарад, мегӯяд, “дар кишвари ман оила хеле муҳим аст. Баробари оиладорӣ зану шавҳар масъулиятро эҳсос мекунад. Аммо дар ин ҷо, ба назари ман, чунин нест. Чаро чунин фикр мекунам, зеро ки бисер барномаҳои телевизиониро тамошо мекунам ва мебинам, ки волидон дар кишварҳои аврупоӣ нисбати тарбияи фарзандон чандон эҳсоси масъулият намекунанд. Ман як ҳамхона дорам, амрикоӣ аст ва 16 сол дорад ва мебинам, ки оид ба оиладорӣ аслан фикр намекунад ва балки манфиатҳои шахсӣ ва ба сафарҳои сайёҳиву кору мартаба дар ҷомеа бартарӣ медиҳад.”

Аммо аксари амрикоиҳо мегӯянд, бо мушоҳидаи тарзи зиндагии мардуми Ню-Йорк оид ба ҳамаи амрикоиҳо баҳо додан нодуруст аст. Дуруст аст, ки тибқи фарҳанги ин кишвар аксари ҷавонон баробари ба балоғат расидан бо тарки хонаи волидон кӯшиши мустақилона зиндагӣ карданро мекунанд. Дар ин замина Ҷонатан, ҷавони 21-сола, мегӯяд, дар асл мустақил зиндагӣ кардани фарзандон маънои комилан тарк кардани волидонашонро надорад, балки ҷавонон ба хотир таҳсил ва рушди шахси дар аёлоти мухталиф зиндагии навро оғоз мекунанд. Муносибати ояндаи фарзандон бо волидонашон на вобатса аз фарҳанги милли амрико балки аз тарбияи худи волидон дар алоҳидаги бастаги дорад, афзуд Ҷонатан.

Лида Мария, модаре, ки 29 соли ҳаёташро бо шавҳараш сипарӣ кардааст, гуфт, барои фарзандон ҳам оила ва ҳам пайдо кардани мавқеъ дар ҷомеа муҳим аст ва хушбахт он касест, ки дар як замон ба ҳардуи он даст меёбад. Хонум Мария меафзояд, аз сӯйи дигар, дар Амрико оила бо маънои томаш аз ҷониби давлат ҳимоя мешавад ва ҳатто нафарони калонсол дар аёми барҷомондагӣ танҳо намемонанд:

“Амрикоиҳо барои оила ғамхорӣ мекунанд. Низоми давлатдорӣ дар ин замина дуруст ба роҳ монда шудааст. Барномаҳои ҳифзи иҷтимои хуб амалӣ мешаванд. Агар одамони калонсол дастёр надошта бошанд, ҳукумат ба хонаҳо кормандони махсусро мефиристад, ки дар шароити хона ба пиронсолон кӯмак расонанд. Нафақаи хуб медиҳанд ва кӯмаки ройгони тиббӣ мерасонанд. Ин яке аз таҷрибаҳои беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ҳуқуқи зан ҳам дар оила аз ҷониби давлат ҳимоя мешавад. Занон ҳуқуқҳои зиёд доранд ҳатто бештар аз мардҳо. Инҷо онҳо аз эҳтироми вижа бархурдоранд.”

Аксари ҷомеашиносон мегӯянд, барои оилахои маьмулӣ, онхое, ки мехоҳанд зиндагии шоиставу карйераи хуб дошта бошанд, оилаи хуб, эхтироми ҳамдигарии зану шавхар ва як умр бо ҳам зиндагӣ кардан муҳим аст. Зеро ин на танҳо сиҳҳатии оилавиро таьмин мекунад, балки инчунин барои пешравии кории зану шавҳар хам хеле муҳим аст, меафзоянд онҳо.

Аммо дар ҳамин ҳол гурӯҳи дигар - ситораҳои ҳунар, овозхонҳову ҳунарпешаҳои синамои Ҳолливуд мебошанд, ки онҳо чун бахши дигари ҷомеа арзёбӣмешаванд. барои онҳо издивоҷу талоқ як чизи маьмулӣ аст ва ҷомеа ҳам онҳоро тавре ҳаст қабул мекунад. Вале ба ҳар сурат куллан барои ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар оила чизи хеле мухим аст ва ҳатто афроди саршинос комил будани хешро дар издивоҷ ва бунёди оила нишон медиҳанд, мегуянд ҷомеъашиносон.
XS
SM
MD
LG