Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падархонд"-и Роҳат Алиев ба бозор медарояд


Муқоваи нашри англисии китоби "Падархонд"
Муқоваи нашри англисии китоби "Падархонд"

Рӯзи душанбеи 11 май дар кишварҳои Олмон, Свис ва Утриш китоби «Падархонд»-и Роҳат Алиев ба фурӯш мебарояд.

Китоб, ки дар нашриёти «Ибера» ба забони олмонӣ нашр шудааст ва беш аз 500 саҳифаро дарбар мегирад, дар бораи саҳифаҳои махфии зиндагии Нурсултон Назарбоев – раисиҷумҳури Қазоқистон ва падарарӯси собиқи Роҳат Алиев ҳикоят мекунад. Қимати китоб 29 евро муайян гардидааст. Дар муқоваи китоб акси марди либоси низомӣ дар бар тасвир гардидааст, ки шабеҳи Нурсултон Назарбоев асту дар даст туфангча ҳангоми нишонгирист.

Муаллиф дар пешгуфтори китоб нигоштааст, ки китобро ба забони олмонӣ нашр карда, бо ин роҳ вай хостааст, воқеияти Қазоқистонро ба хонандаи аврупоӣ бирасонад. Роҳат Алиев таъкид мекунад, ки «Ғарб дар бораи воқеияти имрӯзаи кишвараш тасаввуроти басо ночиз ва дур аз ҳақиқат дорад ва ин омил боиси он гардидааст, ки сиёсатмадорони Ғарб ба нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар чашм мепӯшанд."

Ба навиштаи Роҳат Алиев, Нурсултон Назарбоев бо истифода аз хомӯшӣ ва бетафовутии Ғарб бидуни ҳарос аз афкори умумӣ корҳои хешро идома медиҳад ва минбаъд низ нафти кишварро бо нақзи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон иваз мекунад. Аз ин хотир китоби «Падархонд», ки рӯи рафҳои китобфурӯшӣ мебарояд, зикр мекунад Роҳат Алиев, бояд ҳама воқеиятро рӯи об оварад ва тавассути он Ғарб бояд симои воқеии шахсеро , ки аксаш дар муқоваи китоб тасвир гардидааст, дуруст бишносад.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатшинос Досим Сатпаев чунин мешуморад, ки атрофи чопи китоб муддатҳост гуфтугузор идома дошт ва барои вай аз китоб дида, ҷараёни ба чоп расидани он мароқовар аст. Ба гуфтаи оқои Сатпаев, «қаблан чунин назар вуҷуд дошт, ки ин китоб барои Роҳат Алиев гӯё қартаи бурдноке буд, ки бо он то ҳол савдо мекард. Моҷарое, ки чанде қабл дар мавриди падараш-- Мухтор Алиев ба вуқӯъ пайвасту шарҳи он то ба ҳол номаълум аст, ба андозае таъйид кард, ки музокирот байни Роҳат Алиев ва ҳокимият натиҷаи дилхоҳ надод ва домоди собиқи раисиҷумҳур ба ҳуҷум гузашт, зеро ба нашр расидани китоб комилан баёнгари аз байн рафтани ҳама пулҳо ё иртиботот аст».

Ёдовар мешавем, ки Роҳат Алиев дар бораи ин китоб беш аз як сол ба ин тараф ҳарф мезад. Вай дар мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки дар ин китоб ӯ дар бораи фармоишгари куштори Олтинбек Сарсенбов-- чеҳраи саршиноси мухолифон ва ду ёвари вай , дар бораи ба дунё омадани вориси тахти Нурсултон Назарбоев, ҳамчунин дар мавриди сарварони мухолифон, ки бо ҳукумат дар иртибот ҳастанду фармоиши Оқӯрдаро ба иҷро мерасонанд, ҳикоя хоҳад кард.

Аз сӯи дигар, дар Қазоқистон Роҳат Алиев-- домоди собиқи Нурсултон Назарбоевро, ки қаблан дар мансабҳои муовини раиси Кумитаи амнияти миллии кишвар, сафири Қазоқистон дар Австрия ва намояндаи ин кишвар дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо буд, бо гуноҳи куштор, одамрабоӣ ва кӯшиши ғасби ҳокимият ба муддати 20 сол маҳкум ба зиндон кардаанд ва ӯ алъон дар Австрия паноҳ бурдааст.

Аҳли назар ҳама кӯшиши Роҳат Алиев, аз ҷумла навиштани китоб дар бораи падарарӯсашро талоше барои худсафедкунӣ ва хешро чун қурбонии сиёсати ҳокимияти мутлақи Назарбоев арзёбӣ кардани вай медонанд. Вале дар ҳар сурат, ба таъкиди таҳлилгарон, китоби тоза банашррасида бисёр паҳлӯҳои зиндагии барои мардум норӯшани сарвари давлати Қазоқистонро ошкор хоҳад кард. Зеро Роҳат Алиев аз ҷумлаи ашхоси ангуштшуморест, ки аз бисёр розҳои Оқӯрда огоҳ буд ва ба ҳуҷҷатҳои махфии кишвар дастрасӣ дошт.
XS
SM
MD
LG