Ӯ, ки рӯзи маргаш дар таърихи муосири ҷаҳон чун 1- маи соли 2011 сабт хоҳад шуд, бовар меравад, ки 54 сол умр дошт. Вай зодаи хонаводаи сарватманде аз шаҳри Риёзи Саъудӣ буда, танҳо писари зани даҳуми Муҳаммад бин Лодин - Ҳамида Ал-Аттас будааст. Волидонаш базудӣ баъди таваллуд шудани ӯ аз ҳам ҷудо мешаванд. Бин Лодин даҳсола будааст, ки падари ӯ дар пайи суқути ҳавпопаймо дар Арабистони Саъудӣ кушта мешавад.
АЗ АТ-ТАҒАР ТО АФҒОНИСТОН
Бин Лодин дар хонаводаи мусалмонони ваҳҳобӣ тарбия ёфта шогирди мактаби дунявии Ат-Тағар будааст. Баъди хатми мактаби миёна ӯ дар донишгоҳи Шоҳ Абдулазиз ба омӯзиши иқтисоду мудирияти соҳибкорӣ машғул мешавад. Баъди тарки донишкада дар соли 1979, ӯ ба Афғонистон рафта ба пайравӣ аз Абдулло Иззом, як рӯҳонии фаластинӣ ба ҷиҳоди зидди нерӯҳои шӯравӣ мепайвандад.
Дар он солҳо ӯ муддате дар Афғонистон ва дар шаҳри Пешовари Покистон зистааст. Соли 1984 бин Лодин ва Иззом гурӯҳеро бо унвони Мактаби хадамот таъсис медиҳад, ки ба ҷалби маблағ, силоҳ ва ҷангиёни исломӣ аз ҷаҳони араб барои ширкат дар ҷанги Афғонистон машғул мешавад.
ТАЪСИСИ ШАБАКАИ АЛ-ҚОИДА
Чаҳор сол баъд, яъне соли 1988 ӯ аз Мактаби хадамот берун шуда Ал-Қоидаро таъсис медиҳад. Соли 1990 вақте нерӯҳои раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусайн вориди Кувайт шуда ба ҳукумати подшоҳии Саъудӣ таҳдид мекунад, дар оғоз бин Лодин кӯмаки худро дар амри ҳифзи Арабистони Саъудӣ пешниҳод мекунад аммо пешниҳоди ӯ рад мешавад.
Дар давоми чанд моҳи баъди ин, бин Лодин таваҷҷӯҳашро болои Ғарб равона карда, бо истифода аз ҷангиёни араб аз ноябри соли 1990 даст ба амалиётҳои террористӣ мезанад. Он замон ӯ рӯҳонии яҳудитабори амрикоӣ Мартин Дейвид Каҳанеро кушта, декабри соли 1992 як меҳмонхонаро дар Адан бомбгузорӣ мекунад. Соли 1993 талоши ӯ барои бомбгузорӣ кардани Маркази тиҷоратии Амрико ноком шудааст.
БИН ЛОДИН БОЗ БА АФҒОНИСТОН БАРМЕГАРДАД
Ӯ дар тамоми ин муддат ошкоро зидди ҳукумати Саъудӣ изҳорот пахш карда истиқрори нирӯҳои амрикоӣ дар хоки ин кишварро зери тозиёнаи танқид мегирад. Аз соли 1992 бин Лодин дар Судон зиндагӣ карда баъди фишорҳои ҳукумати Арабистони Саудӣ, Миср ва ИМА, соли 1996 аз ин кишвар хориҷ мешавад ва дар Афғонистони таҳти режими Толибон маскан мегирад.
Дар Афғонистон ҳам як бахши кори ӯ маблағгузории ва ҷалби ҷангиён иборат буд. Ҳукумати Толибон барояш иҷозаи таъсиси пойгоҳи террористиеро дар минтақаи ҷанубии Қандаҳор фароҳам меоранд.
Баъдан бин Лодин дар ташкили таркишҳои бомгузоришудаи соли 1998 дар Танзанияву Кения, ки ҷони 224 нафарро гирифтааст, гунаҳкор дониста мешавад.
ҲАМЛАҲОИ ХУНБОР БА АМРИКО
Аз муҳдиштарин аъмоли бин Лодин ин тарҳрезии ҳамлаҳо дар хоки ИМА дар таърихи 11-уми сентябри соли 2001 ба шумор меравад, ки он наздики 3 ҳазор кушта бар ҷой гузошт. Дар паи ҳамлаҳои мудҳиш болои Маркази тиҷоратӣ ва Пентагон, ИМА амалиёти ҷаҳонии зиддитеррорро эълон карда, аз ҳамон замон то имрӯз ба "шикор"-и ӯ машғул будааст. Бо вуҷуди ваъдаи подош бо арзиши 25 миллион доллар, то имӯз ҳеҷ нафаре натавонист бо ироаи иттилои дақиқ ҷои буду боши бин Лодинро фош кунад.