Шоҳҷаҳони 9-сола, Лобари 13 ва Наргиси 15-сола моҳи декабри соли гузашта дар манзили истиқоматии худ дар кӯчаи ба номи Дзержинскийи шаҳри Қӯрғонтеппа бо зарбҳои зиёди корд кушта шуда буданд.
КУШТОРИ ВАҲШИЁНА
Хабари қатли ваҳшиёнаи якбора се кӯдаки узви як хонавода сокинони маҳаллиро ваҳмзадаю нигарон карда, вокунишҳои шадиди ҷомеаро ба бор оварда буд.
Пас аз як рӯзи сар задани ин ҳодиса, кормандони милиса Фирдавс Саидови 18-сола, шогирди падари кӯдакони кушташударо бо гумони қатли ин ноболиғон дастгир карда буданд.
Баъд аз боздошт Фирдавс иқрор карда буд, ки воқеан дар қатли фарзандони устодаш дар умури соҳибкорӣ, даст дорад: «Вақте бо корд мезадам, Шоҳҷаҳон фиғон мебардошт, илтиҷо мекард, ки азобаш надиҳам. Аммо баъд худамро контрол карда наметавонистам, мехостам боз бикушам. Вақте Лобарро мекуштам, корд шикаст, болиштро гирифта, буғӣ кардам. Тарсидам, пулҳоро гирифта, аз хона баромадам. Наргис аз мактаб баргашт, шоҳиди зинда гуфта, ба ӯ ҳам ҳамла кардам. Ин саҳнаҳои одамкуширо дар филмҳо дида будам…»
Ҳамакнун додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа тафтиши парвандаи ҷиноятии иборат аз 1200 саҳифаии Фирдавс Саидовро ба итмом расонида, ба додгоҳи вилояти Хатлон фиристодааст.
ФИРДАВС ТАНҲО ОДАМКУШ НЕСТ...
Абдулмӯъмин Кабиров, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии Қӯрғонтеппа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Фирдавс Саидов тибқи панҷ банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла куштор, тақаллубкорӣ, таҷовуз ба номус ва роҳзанӣ айбдор дониста мешавад.
Вай афзуд, омили аслии куштори се ноболиғ будани Фирдавс Саидов дар аснои тафтишот тасдиқ шудааст, аммо ҳамзамон ин ҷавони 18-сола дар қаллобию аз худ кардани қариб 100 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи соҳибкорон низ гумонбар будааст: «Дар рафти тафтишот аз тарафи чанд шаҳрванд аризаҳо ворид шуд, ки Саидов Фирдавс Муҳаммадович аз онҳо маблағҳои қарзӣ гирифта, қаллобӣ карда, барнагардонидааст. Маблағҳои калон аст, камтаринаш 10 ҳазор сомонӣ. Вай аз соҳибкорону ширкатҳо молҳои саноатию маҳсулоти ғизоиро ҳамчун қарз гирифта, барои фурӯш ба бозори марказии Қӯрғонтеппа меовардааст. Дар натиҷаи ҳамин фаъолияти соҳибкориаш аз ширкатҳо ва соҳибкорон қариб 100 000 доллар қарздор шудааст. Маҳз ҳамин қарздориаш ӯро ба одамкушию қаллобӣ таҳрик додааст ва кӯдакони ноболиғро барои дуздидани пули хонаашон, ки ҷояшро қаблан медонист, куштааст…»
Ин ҳам дар ҳолест, ки Алишер Файзуллоев, вакили мудофеъи Фирдавс Саидов, мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ бо таъсири ҳамдастони дигар дар қатли фарзандони Олим Бекназаров, ки падархонди Фирдавс будааст, ширкат варзидааст. Яъне гӯё Фирдавс ин ҷиноятро дар танҳоӣ содир накардааст.
Вале муфаттишон таъкид мекунанд, ки дар аснои тафтиши парванда, ин иддаои вакили мудофеи Саидов тасдиқ нашуда, балки ба хотири сабуктар кардани ҷазои ӯ баён шудаанд.
Бо ин ҳол, волидони ноболиғони кушташуда аз мақомот хостаанд, то қотили фарзандонашон, ки дар гузашта аз афроди наздик ба ин хонавода будааст, ба сангинтарин ҷазо маҳкум шавад.
НАМАКНОШИНОС...
Олим Бекназаров, падари кӯдакони кушташуда мегӯяд, дар гузашта чанд муддат дар бозори марказии Қӯрғонтеппа ба Фирдавс нозукиҳои тиҷорату савдоро омӯхта, ҳатто маблағҳои зиёде ба ӯ қарз додааст. Аммо вай афзуд, то ҳанӯз ӯву ҳамсараш пас аз ҳодисаи ҳалокати фарзандон ба худ наомада, хештанро барои зудбоварию беназорат гузоштани фарзандон маҳкум мекунанд.
Ба гуфтаи додситонии Қӯрғонтеппа, Фирдавс Саидов нисбат ба яке аз духтарони кушташуда ҳамчунин дастдарозӣ кардааст. Дар баробари қатли кӯдакон, нафари муттаҳам аз манзили зисти онҳо ду ҳазор доллари амрикоӣ ва ҳашт ҳазор сомонӣ маблағро низ бо худ бурдааст.
Ҳар се кӯдаки кушташуда толибилмони мактаби миёнаи рақами 12-и шаҳри Қӯрғонтеппа буданд. Дар навбати аввал Шоҳҷаҳони 9-сола, ки шоҳиди дуздии маблағ аз хонаашон будааст, кушта шуда, баъди чанде хоҳаронаш Лобар ва Наргис, ки тоза аз мактаб баргаштаанд, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
"ШОҲҶАҲОН БАЧАИ ХУШАХЛОҚ ВА ОРОМТАБИАТ БУД"
Муҳаррам Носирова, омӯзгори синфи сеюм, ки Шоҳҷаҳон, фарзанди хурдии оилаи Бекназаровҳо дар он таҳсил мекард, мегӯяд, ҳарчанд Шоҳҷаҳон аз хонаводаи узбактаборон буд, дар синфи тоҷикӣ таҳсил мекард: «Шоҳҷаҳон дарсҳоро хуб аз худ мекард, баҳои хубу аъло мегирифт. Бачаи оромтабиат ва хушахлоқ буд. Волидонаш ӯро махсус ба синфи тоҷикӣ барои таҳсил дода буданд, ки дар оянда мутахассиси хуб шавад ва барои идомаи таҳсилаш дар донишгоҳҳо бо мушкили забонӣ мувоҷеҳ нашавад. Ҳамон рӯзе, ки хабари маргаш расид, вай якумин бор ба дарс наомада буд…»
Қарор аст то як моҳи оянда мурофиаи додгоҳии Фирдавс Саидов, нафари муттаҳам дар қатли Шоҳҷаҳони 9-сола ва ду хоҳари вай, дар додгоҳи вилояти Хатлон барпо шавад. Дар сурати собит шудани гуноҳи гумонбар дар додгоҳ, ӯро ҷазои ҳадди аксар ҳабси абад интизор хоҳад буд.