Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 соли муҳоҷирати тоҷикон ба Русия


Ноамниҳои солҳои навадуми қарни гузашта боис ба муҳоҷирати бархе аз сокинони Тоҷикистон ба Русия шуд.

Шояд аввалин муҳоҷирони корӣ нафароне буданд, ки ба хотири ҳифзи ҷони худ аз ҷанги шаҳрвандӣ ба Русия паноҳ бурда ва ба хотири таъмини рӯзгорашон ба корҳои гуногун даст заданд.
Ҳоло мувофиқи омори расмӣ 800 ҳазор ва бино ба иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион сокини Тоҷикистон, яъне наздики 20 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар Русия муҳоҷиранд...


Бурҳон Сафарӣ, муассис ва сардабири нашрияи мустақили "Ҷоми Ҷам" дар соли 1992 мегӯяд, бо сабаби дар пайгарди силоҳбадастон қарор доштанаш, ӯ ва чанд тани дигар аз рӯзноманигорон аз аввалин муҳоҷироне будаанд, ки ба Русия рафтаанд.

Ҷаноби Сафарӣ афзуд: "Моро қумондонҳои Фронти халқӣ чустуҷӯ мекарданд. Аввал ба Ленинобод (Суғди ҳозира) рафтем, баъд ба Маскав. Дар бинои идораи "Экспресс Хроника" ҷои хоб пайдо карда ва дар як бозор ба тиҷорат машғул шудем. Ҳамон вақт тоҷикони зиёде аз Ғарму Кӯлобу Қӯрғонтеппа гуреза шуда, дар ҷустуҷӯи кор буданд. Баъзеашон кор меёфтанду баъзеи дигарашон на."

ҶАНГ, ГУРУСНАГӢ ВА МУҲОҶИРАТ

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 вазъи зиндагии сокинони Тоҷикистонро сангин кард. Ба назари шоҳидон, аз соли 1993 сар карда, муҳоҷирати сокинони оддӣ ба хотири гурез аз ҷанг ва таъмини худу хонавода бо маводи ғизоӣ ба Русия оғоз ёфт.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997, ин раванд суръати бештар пайдо кард, зеро пас аз ҷанг мардум на ҷои кору дошту на пулу мол.

Сайвалӣ Почоев, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар ин давра аввалин бор ба Русия барои кор ҳиҷрат кардааст, мегӯяд, мушкили нодорӣ ӯ ва чанде аз рафиқонашро водор кард, то рӯ ба муҳоҷират оранд. Ӯ мегӯяд, 15 сол боз ҳар сол Русия ба муҳоҷират мераванд ва аксари фарзандонаш аз пули аз заҳмати муҳоҷири ба даст овардаи ӯ бузург шудаанд.
Муҳоҷират ба Русия аз як тараф мардуми моро аз гуруснагӣ наҷот дода бошад, аз тарафи дигар мардумро танбал кард. Бояд муҳоҷират муваққатӣ мешуд, аммо мутаасифона давомдор шуд...


"Бовар кун, он вақт мардум азоб дошт. Кунҷораву сабуси говро нон карда хӯрдем. Тухми ҷорубро ҳам орд кардем. Орди ҷав ҳатто кампайдо буд. Аз хӯрдани ин хел чизҳо дар Кӯлоб ҳама домана шуда буд. Баъд тавакал ба Худо гуфтему рафтем Русия. Дигар аз ҳамон солҳо то ҳозир ҳар сол меравем",-афзуд ӯ.

"МАН ҲАМ БИЛЕТ ДОРАМ..."

Дар замони Шӯравӣ низ сокинони зиёди Тоҷикистон барои кору фаъолият ба Русия мерафтанд, вале он замон ин муҳоҷират маҳсуб намеёфт, зеро Тоҷикистону Русия як қисмати давлати Шӯравӣ ҳисобида мешуданд.

Ҳоло дигар дар Тоҷикистон хонаводае нест, ки як аъзояш дар Русия муҳоҷир набошад. Зайниддин Пӯлодов, як ҷавони тоҷик мегӯяд, амакҳояш дар Русия буданд ва ӯ ҳам мактаби миёнаро хатм карду ба Русия сафар кард.

Вай мегӯяд: "Ҳоло билет дорам, рафтанӣ ҳастам. Мехоҳем, ки дар ватани худамон бошем, вале кори муносиб нест."

"МУҲОҶИРАТ АНДЕШАИ СОЗАНДАГИРО ШИКАСТ"

Дар ҳамин ҳол, Маҳмуд Раҳматов, як коршиноси тоҷик мегӯяд, муҳоҷират як омили ақибмондагии тоҷикон шудааст: "Муҳоҷират ба Русия аз як тараф мардуми моро аз гуруснагӣ наҷот дода бошад, аз тарафи дигар мардумро танбал кард. Бояд муҳоҷират муваққатӣ мешуд, аммо мутаасифона давомдор шуд. Аксари мардум дигар фақат ба умеди Русия шудаанд ва ҳеҷ коре дар ватан намекунанд. Садҳо ҳектор замин бекор хобидааст, вале касе онҳоро кишт намекунад. Умуман муҳоҷират андешаи созандагиро дар Тоҷикистон шикаст."

Агар дар солҳои аввали истиқлолият теъдоди муҳоҷирон ангуштшумор буд, ҳоло ин теъдод мувофиқи омори расмӣ 800 ҳазор ва бино ба иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион нафар расидааст. Яъне, наздики 20 дарсади аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон имрӯз муҳоҷир ҳастанд.
XS
SM
MD
LG