Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду назар аз Вошингтон ба баҳси оби Осиёи Марказӣ


Баҳри хушкида Арал: Як замон дар ин ҷо киштӣ мегашт.
Баҳри хушкида Арал: Як замон дар ин ҷо киштӣ мегашт.

Барои онҳое, ки баҳсҳои обу энержии кишварҳои Осиёи Марказиро аз дур мушоҳида мекунанд ва тавони бетарафона баҳо додан ба моҷарои миёни кишварҳои поёнобу болообро доранд, ҳалли масъала осонтару корсозтар менамояд.

Таҳлилгарони ғарбии масоили Осиёи Марказӣ мегӯянд, ҷонибҳои вориди ихтилоф бояд ҳама даъвову баҳсро канор гузошта, сари мизи гуфтушунид нишинанд ва як механизми ҳалли ин мушкилотро ба вуҷуд оранд.

Нишасти ҳафтаи гузаштаи раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато, ки ба масъалаи хушкшавии баҳри Арал ихтисос ёфта буд, бори дигар ихтилофҳои обу энержии миёни кишварҳои болообу поёноби ин минтақаро ба намоиш гузошт ва мубоҳисаҳои то он замон фосиладори дипломатиро, ки дар сатҳи матбуот ва нишастҳои байналмилалӣ ҷараён дошт, ба баҳси рӯбарӯи лафзии президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон кашонд. Тоҷикистон, ки аз камбуди энержӣ азият мекашад, солҳост мехоҳад бо бунёди нирӯгоҳҳои азими худ ба мисли Роғун ба истиқлолияти энержӣ даст биёбад, вале Ӯзбакистон бо иддаои паёмадҳои хатарноки муҳитзистии бунёди сарбанди азими тарҳи Роғун талош дорад монеи иҷрои ин пружа шавад.

Бархе таҳлилгарони бетараф мегӯянд, ки ҳоло ҷонибҳо бар ивази ҷустуҷӯи роҳи ҳале дар ин масъала машғули даъвову ихтилофҳое мебошанд, ки моҷароро боз ҳам амиқтар ба бунбаст мекашонад.

Пит Клоп, муҳандис ва иқтисодшиноси масоили об дар Пажуҳишгоҳи захираҳои об дар Вашингтон, мегӯяд, ба назари ӯ масъала хеле соддатар аз он аст, ки бархе кишварҳои вориди ин ихтилоф тасаввур мекунанд. Вай мегӯяд, маъмулан кишварҳои болооб дасти бозтару ҳаққи бештар доранд ва кишварҳои поёноб бояд бо назардошти ин ба муомила ва созиш омода бошанд. Пит Клоп афзуд: "Созиши хубе миёни ҷонибҳои вориди ихтилоф метавонад баҳсро аз байн барад. Ингуна баҳсҳо дар таҷрибаи байналмилалӣ будааст ва баҳси мазкур тафовути чандоне надорад. Дуруст аст, ки кишварҳои болооб ҳамеша дар танзим ва тақсими об бартабӣ доранд. Онҳо дар болооб ҷойгир шудаанд ва ҳадди аққал аз назари фаннӣ метавонанд раванду ҷараёни обро назорат кунанд. Дар ин сурат кишварҳои поёноб бояд як чизи дигаре бар ивази ин пешниҳод кунанд. Онҳо бояд бар иваз хадамоти дигар ё молеро пешкаш кунанд. Ва аз назари ман, чунин як созише бояд дар фурсати хеле кӯтоҳ ҳосил шавад, чунки тағйироти иқлим аллакай таъсири худро расонда истодааст. Яъне имкони дастрасӣ ба об камтар шуда хушксолиҳо боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ва ҳамин тағйироти иқлим барои расидан ба як созиши сареъ водор мекунад".

Оқои Клоп афзуд, ки ҳоло ин кишварҳо бояд бештар бар сари мушаххасоти хадамоти меҳварии мавриди тиҷорат баҳс кунанд, ки масалан Тоҷикистон ва Қирғизистон барои пешниҳоди истифодаи об аз кишварҳои поёноби Ӯзбакистону Туркманистон маблағ тақозо кунанд ва ё бояд бар ивази он энержӣ дарёфт кунанд. Ҳоло, мегӯяд вай, яке аз масъалаҳои аслӣ ҳамин аст, ки бояд мавриди баҳс қарор дода шавад. Дар айни замон, ҳоло ба иловаи амиқтар шудани ихтилофҳову боз ҳам сардтар шудани равобити миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон дар масоили обу энержӣ, набуди як механизми ҳалли масъала ин баҳсро боз печидатар мекунад.

Таҳлилгари дигари минтақаӣ Даниэл Киммиҷ, ки дар Вашингтон ба сар мебарад, низ ба ҳамин назар аст. Вай мегӯяд: "Масъала ин аст, ки то ҳол як механизми ҳалли ин масъала вуҷуд надорад. Ва ҷонибҳо ҳеҷ хоҳиши дуруст баррасӣ ва ҳал кардани ин масъаларо надоранд. Ман ҳоло наметавонам бигӯям, ки Ӯзбакистон мухолифи истиқлолияти энержии Тоҷикистон аст. Ҳоло ба таври возеҳ дидан мумкин аст, ки ҷонибҳо намехоҳанд ба таври оддӣ масоили байнидавлатиро нишаста баррасӣ ва ҳал кунанд, ин чиз аллакай мояи ташвиш аст".

Киммиҷ афзуд, ки ҳоло ҷонибҳо шояд дар андешаи ин бошанд, ки билохира ин гуфтугӯҳо бо капитулятсия ё таслимшавии тарафи муқобил ҳал шавад, аммо ин дуруст нест. Ҳоло хатар ин ҷост, ки ҷонибҳо ҳамдигарро беш аз пеш фишор хоҳанд овард, ки натиҷаи хуб ба бор намеорад. Вай афзуд: "Қариб ҳама ҷумҳуриҳои минтақа одат кардаанд, ки ба ҳамдигар фишор биёранд. Инро на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷанги газии миёни Украина ва Русия ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Яъне онҳо барои ҳалли масъала на аз музокироти маъмулӣ, балки аз охирин роҳҳал, яъне фишор ва зӯргӯӣ ба тарафи муқобил кор мегиранд. Ва дар мисоли равобити Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳам Тошканд фишанги зиёди фишор ба Душанберо дорад ва мутаассифона, ба назари ман, ин сиёсат идома хоҳад кард".

Вай мегӯяд, аз ин ҷост, ки аз минтақа дар ин охирҳо ҳодисаҳои хурди сар задани моҷароҳои марзӣ ба гӯш мерасад, аммо, эҳтимоли ба як ихтилофи низомӣ гаравидани ин баҳсҳоро вай баъид медонад. Ҳамсӯҳбати дигари мо Пит Клоп низ гуфт, агарчанд дар ин замина бархе ҳадс зананд ҳам, ба назари ӯ, заминаи бурузи ягон низоъи мусаллаҳона вуҷуд надорад: "Дар маҷмӯъ ман бовар надорам, ки баҳсҳо бар сари об тавонад боиси сар задани ягон низоъи мусаллаҳона шавад. Пеш аз ҳама ба он хотир, ки роҳҳалли арзонтари масъала назар ба шурӯъи ҷанг вуҷуд дорад. Ва дуюм ин ки худи низоъи мусаллаҳона наметавонад роҳҳали мушкил бошад. Низоъи мусаллаҳона як роҳи пурхарҷ аст, ки ба таври сареъ ба ҳадаф намерасонад".

Ба назари вай консепсияи, ба қавли Душанбе, дастёбӣ ба як истиқлолияти энержӣ бояд каме тағйир дода шавад: "Истиқлолияи энержӣ ё аз худкифо будан лиҳози энержӣ шарт нест, ки як мақсади аслӣ бошад. Аксари кишварҳои олам аз лиҳози энержӣ мустақил нестанд. Онҳо аз назари энержӣ бо созишномаҳо ҳимоят шудаанд. Назари ман ин аст, ки агар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба ин ҳадаф ҳамчун як созишномаи тиҷоратӣ даст ёбанд, бо як қарордод, бо замонатҳои пешкаши захираҳои энержӣ аз ҷониби Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, ин роҳ беҳтар хоҳад буд, назар ба ин ки бо як шитобзадагӣ захирагоҳҳои об сохта шаванд".

Аммо Даниэл Киммиҷ мегӯяд, роҳҳал ин буда метавонад, ки агар кишварҳои вориди ихтилоф ба мувофиқа расанд, ки баъди анҷоми бунёди нирӯгоҳҳои Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон кишварҳои поёноби Ӯзбакистону Туркманистон бидуни мушкил ба захираҳои об дастрасӣ хоҳанд дошт. Дар ин сурат манфиати аслӣ ва умумии ин кишварҳо ҳимоят хоҳад шуд. Аз тарзи рафтори раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар нишасти ҳафтаи гузаштаи Алмаато низ пай бурдан мумкин буд, Нурсултон Назарбоев метавонад барои сари як мизи гуфтугӯ нишондани ҷонибҳои вориди ихтилоф саҳм бигирад. Дар сурати вориди баҳс набудани Чину Русия, мегӯяд Киммиҷ, ҳоло Қазоқистон, ки дар баҳсҳои обӣ назар ба Туркманистону Ӯзбакистон камтар манфиатдор аст, метавонад бо истифода аз мақоми калидиаш дар минтақа дар ин баҳсҳо миёнҷигӣ кунад. Ҳарчанд мавқеъи Тошканд, ки худ даъвои пешвоӣ дар минтақаро дорад, дар ин замина метавонад дигар бошад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар сурати дастёбӣ ба созиши муштарак мешавад ҳамкориҳои коромадро пеш бурд. Дар ин замина Даниэл Киммиҷ гуфт: "Дар бархе ҳолатҳо баъди ҷанг кишварҳо ба мувофиқа меоянд. Ё воқеияти ин ки Иттиҳодияи Аврупо баъди ихтилофҳои зиёд дар таърихи миллатҳои ин сарзамин ин қадар сол арзи вуҷуд мекунад, касро дар ҳайрат мемонад. Ин аст намунаи мусбати он ки чӣ тавр кишварҳо метавонанд мушкилоти худро баррасӣ ва ҳал кунанд. Ин як чизи оддист. Ба назари ман, мушкилоте, ки дар Осиёи Миёна вуҷуд дорад, на бадтар ва на беҳтар аз мушкилотест, ки дар нуқоти дигари сайёра мушоҳида мешавад".

Таҳлилгарон мегӯянд, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна бо як азми қавӣ ва ба хотири дастёбӣ ба манфиатҳои муштарак, бояд масъаларо аз ранги сиёсие, ки гирифтааст, тоза кунанд. Пит Клоп гуфт, ки ҳоло нақши донишмандону коршиносон, мутахассисони фаннӣ муҳимтар аст, ки ба созиши оянда баҳои фаннӣ бидиҳанд. Вагарна, мегӯяд ӯ, ихтилофу ҷоҳталабиҳои сиёсӣ ҳеҷ ҷонибро ба мақсад намерасонад ва баҳсро боз печидатар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG