Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Амнияти ИМА ва Покистону Афғонистон тавъам аст


Президентҳои ИМА, Афғонистон ва Покистон ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Вошингтон
Президентҳои ИМА, Афғонистон ва Покистон ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Вошингтон

Раисиҷумҳури Амрико ҳамтоёни афғону покистониашро рӯзи чоршанбе дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт.

Зимни нишасти матбуотии муштарак бо сарварони Афғонистон Ҳомид Карзай ва Покистон Осифалӣ Зардорӣ раисҷумҳури Амрико Барак Обама иброз дошт, ки ҳар се кишварро роҳи бисёр мушкил дар пеш аст, аммо ИМА бо сарсупурдагӣ мехоҳад созмони Ал-Қоидаро шикаст диҳад ва аз пуштибонии ҳукуматҳои бо роҳи демократӣ интихобшудаи Покистону Афғонистон даст нахоҳад кашид.

Обама гуфт, ки стратегияи наваш воқеияти бунёдиеро инъикос мекунад, ки амниятҳои Покистон, Афғонистон ва Амрико ба якдигар вобастаанд. Вай гуфт, ки ҳарсеи онҳоҷиддияти вазъро хуб дарк мекунанд: “Ман муташаккирам, ки ин ду мард, сарварони мунтахаби Покистону Афғонистон, ҷиддияти хатареро, ки мо бо он рӯбарӯем, пурра мефаҳманд ва омодаанд, бо ин хатар мубориза баранд.”

Бино бар тарҳи Обама, се кишвар дар тамоми сатҳҳои ҳукуматӣ ҳамкориашонро оғоз хоҳанд кард. Раҳбарони вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, истихборотӣ ва энержии Амрико бо ҳамтоёни покистонӣ ва афғониашон мулоқот карда, бо таҳияи нақшаҳои амалӣ ва ҷадвали замонии иҷрои онҳо машғул хоҳанд шуд. Интизор меравад, ки дар поёни ин гуфтушунудҳо созишномаҳои ҳамкории муштарак ба имзо расанд.

Обама афзуд, ки ҳадафи ниҳоии ин ҳамкориҳо аз байн бурдани хатари ифротгароён ва беҳбуди сатҳи зиндагии сокинони маъмулии Покистону Афғонистон мебошад. Дар робита ба Афғонистон Обама гуфт, ки Амрико ба ин кишвар дар рушди иқтисодӣ, баргузории интихоботҳои озод ва мунсифонаи тобистони ҷорӣ ва муқобила бо фасод ёрӣ хоҳад кард.

Дар Покистон маъмурияти Кохи сафед қасд дорад, ниҳодҳои демократиро дастгирӣ намуда, ба ҳукумати он кишвар дар муборизааш бо шӯришиён ёрӣ диҳад. Шӯришиёни покистониро Обама таҳдиди аслии он кишвар хонд.

Сарвари Амрико гуфт, ки стратегияи фарогирандааш барои минтақа сарсупурдагии бештари низомӣ ва иҷтимоиро тақозо мекунад ва ба ҳамин хотир, ИМА 21 ҳазор нирӯи иловагӣ ба Афғонистон эъзом хоҳад кард ва кӯшишҳояш дар тамрини нерӯҳои амниятии маҳаллиро афзоиш медиҳад. Ба гуфтаи вай, муттаҳидони Амрико аз паймони НАТО ин стратегияро дастгирӣ мекунанд. Обама аз Конгресси кишвар ба ҳайси кӯмак ба Покистон дар муборизааш бар зидди шӯришиён 400 миллион доллар дархост намудааст.

Қаблан раҳбарони Покистону Афғонистон бо вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон мулоқот анҷом доданд. Мақомдорони амрикоӣ Покистонро дар робита ба созишномааш бо ҷангиёни Толибон мавриди интиқод қарор дода буданд. Таҳти ин фишор Зардорӣ ҳафтаи ҷори фармон дод, ки артиши кишвар ба мавқеъҳои шӯришиён ҳамла кунад .

Зимни мулоқот Клинтон гомҳои бардоштаи Исломободро ситоиш намуда гуфт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои дар пеш истода ҳукумати Покистон дар ин мубориза комёб хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, рӯзи душанбе дар натиҷаи зарбаи ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон беш аз 100 мулкӣ ба ҳалокат расид ва аммо Салиби Сурх мегӯяд, шумораи кушташудагон камтар аст. Дар робита ба ин ҳодиса Обама ба Карзай гуфтааст, ки кишвараш барои талаф наёфтани аҳолии осоиштаи Афғонистон дар амалиётҳои низомӣ тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG