Дар ин бора маркази матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар хабар дод. Ҷасади Мунираи 11-соларо кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар деҳаи Даҳанаи шаҳри Кӯлоб пайдо кардаанд ва ба волидайнаш супоридаанд.
Давоми як моҳи ахир ин севвумин мавриди ба ҳалокат расидани хурдсолон бар асари селхезӣ дар вилояти Хатлон мебошад.
Қаблан дар пайи селбориш як духтари хурдсол дар ноҳияи Хуросон ва як писарбачаи 12-сола дар ноҳияи Восеъ ба ҳалокат расиданд.
Селбориши бесобиқаи рӯзҳои ахир ҳамоно дар вилояти Хатлон даҳҳо нафарро бехонаву дар мекунад.
Ахиран бар асари боришоти шадид дастикам 24 манзили зисти сокинони деҳаи Даштободи Болои ҷамоати Оби Мукии ноҳияи Ёвон қисман тахриб шуда, заминҳои кораму наздиҳавлигии онҳо комилан талаф ёфтааст.
Ду ҳафта қабл дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон даҳҳо манзили сокинони деҳаи «18-ум Партсйезд»-и ин ноҳияро сел тахриб кард.