Аз ҷумла онҳо мехоҳанд, то қонунҳои табъизомез, ки дар асл занони эрониро шаҳрванди дуввумдараҷа медонад, бознигарӣ шавад. Дигар талаби фаъолони ҳуқуқи тазмин додани баробарии ҳуқуқи зану мард дар Эрон аст.
Вакили собиқ ва хабарнигор Аъзам Толиқонӣ яке аз ду занонест, ки аз қасди худ барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар моҳи июн эълон кардааст. Агар вай раисиҷумҳури Эрон интихоб шавад, ки амрест муҳол, дар сурати иҷрои вазифааш ба монеҳои хусусии зиёд дучор хоҳад шуд. Масалан, агар ба сафари расмӣ ба хориҷ аз Эрон рафтанӣ шавад, бояд аз шавҳараш иҷозаи хориҷ шудан аз кишварро бигирад. Агар дар додгоҳ шоҳид бошад, арзиши шаҳодати вай баробари нисфи шаҳодати мард хоҳад буд. Ҳатто ба ҳайси раисиҷумҳур ҳам вай дар сурати талоқ ҳаққи баробари гирифтани мерос ва ё моликият бо мардро нахоҳад дошт. Чаро ки бо вуҷуди мақомаш Аъзам Толиқонӣ зан аст ва баробари тамоми дигар занҳои Эрон бо ӯ бар асоси қонунҳои табъизомез муносибат мешавад.
Нобаробарии ҳуқуқи марду зан дар Эрон Аъзам Толиқонӣ ва дигар ҳомиёни ҳуқуқи шинохта, аз ҷумла Ширин Ибодӣ - баррандаи ҷоизаи сулҳи Нобелро водор кард, то аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур бихоҳанд, ки онҳо баробарии ҳуқуқи занро дар дастури кори худ қарор бидиҳанд. Фаъолони ҳуқуқи зан як эътилоферо таъсис додаанд, ки дар он намояндаҳои маҳофили гуногуни сиёсиву иҷтимоии Эрон гирд омадаанд. Ва як талаби ин эътилоф пайвастани Эрон ба Аҳдномаи маҳви тамоми навъҳои табъизи занон аст ва дигарӣ бо ислоҳи Қонуни асосии Эрон тазмин додани баробарии ҳуқуқи зану мард.
Фаъолони ҳуқуқи занон дар Эрон мегӯянд, дар остонаи интихобот “фазои нисбии озоде” барои пеш гузоштани талабҳояшон ба вуҷуд омадааст. Марзия Муртазо Лангарудӣ, яке аз аъзои эътилофи нав, ба Радиои Фардо гуфт, онҳо умедворанд, ки огаҳии мардум аз табъизи занон дар кишварро боло мебаранд.
Дар солҳои гузашта фаъолони ҳуқуқи занон таҳти фишори афзояндаи занон қарор гирифтанд. Баъзе аз онҳоро ба додгоҳ даъват карданд, баъзеро тарсонида ва чандеро ба зиндон андохтанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, гуфтааст, ки бонувони Эрон аз болотарин сатҳи озодӣ баҳраманд ҳастанд. Аммо, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ, ҳукумат ҳамчунин талош кардааст, то занонро дар хона нигоҳ дошта ва нақши зан дар ҷомеаро маҳдуд намояд.
Баҳора Ҳидоят, як фаъоли ҳуқуқи зан ва узви бузургтарин гурӯҳи донишҷӯёни ислоҳталаб, мегӯяд, даврони раёсатҷумҳурии Аҳмадинажод нишон дод, ки занон наметавонанд, ба ваъдаҳои интихоботӣ такя кунанд. Хонум Ҳидоят ба Радиои Фардо гуфт, онҳо аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур талаб доранд, то барномаҳои мушаххаси худ барои додани ҳуқуқи баробар ба занонро эълом кунанд.
Аммо ба эътиқоди баъзе аз мунтақидон дар низоми феълии Эрон ислоҳи Қонуни Асосӣ ва додани ҳуқуқи баробар ба занон имконнопазир аст, зеро раисиҷумҳур салоҳиятҳои маҳдуд дорад ва ҳарфи аввалро ниҳодҳои таҳти назорати муллоҳо ва рӯҳониёни муҳофизакор мезананд.
Аъзам Толиқонӣ, номзад ба мақоми раисиҷумҳури Эрон, ҳафтае пеш дар як нишасти хабарӣ гуфт, баъзе аз мақомот ба занон “ҳамчун шаҳрвандони дуввумдараҷа ва ғулом” нигоҳ мекунанд. Аъзам Толиқонӣ, ки духтари яке аз оятуллоҳои маъруфи Эрон аст, дар гузашта ҳам барои расидан ба мақоми раисиҷумҳур саъй кардааст, вале дар ниҳояти амр Шӯрои Нигаҳбон - ниҳоди қавии муҳофизакорон номзадии ӯро рад кардааст.
Дар Қонуни Асосии Эрон банди баҳсбарангезе ҳаст, ки ба гуфтаи иддае, ба занон иҷоза намедиҳад, то раисиҷумҳур бошанд, ҳарчанд иддаи дигар мегӯянд, қонуни асосӣ ин ҳақро ба занон ҳам додааст. Бо вуҷуди монеаҳои зиёд, фаъолони ҳуқуқи зан дар Эрон барои расидан ба ҳаққи хеш азми росихе доранд. Дар кишваре, ки 60 дарсади донишҷӯёнаш бонувон мебошанд, монеи онҳо шудан мушкилтару мушкилтар хоҳад шуд.