Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гугл" - гаронбаҳотарин ширкати ҷаҳон


Ширкати назархоҳии “БрендЗи” феҳристи 100 ном ё аломати гаронбаҳои бозоргонии ҷаҳонро нашр кард, ки дар ҷамъ 2 триллион доллар арзиш доранд.

Тибқи ин пажӯҳиш, аз ҳама боарзиштарин номи тиҷоратӣ дар айни замон номи ширкати интернетии “Гугл” будааст, ки мутахассисон қиммати онро 100 миллиард доллар арзёбӣ кардаанд. Се соли ахир “Гугл” дар ин феҳрист ҷой аввалро ишғол мекунад.

Гузориши “БрендЗи”, ки аз ҷониби пажӯҳишгоҳи Милвард Броун интишор шудааст, ҳокӣ аз он аст, ки 100 боарзиштарин номи тиҷоратӣ бо вуҷуди бӯҳрони иқтисодӣ ва молӣ қиматашонро гум накардаанд. Қимат дар асосӣ нишондодҳои молӣ ва пурсишҳо миёни муштариён ва корхонаҳои истеъмолкунанда муайян мегардад. Соли ҷорӣ қимати умумии сад номи бозаргонии аввал дар муқоиса бо соли гузашта он ба 250 миллиард афзудааст.

Дар ҷои дуввум баъд аз “Гугл”, тамғаи “Майкрософт” бо қиммати 76 миллиарду 200 миллион ва дар ҷои севвум тамғаи “Кока Кола” баробар ба 67 миллиарду 600 миллион доллар ҷойгир шудаанд.

Ҷоанна Седон, раиси ширкати Милвард Броун Оптимор мегӯяд, дар вазъи имрӯза, ки арзиши бисёр корхонаву ширкатҳо фуру рафт, аҳамияти номи тиҷоратии ширкат ҳатто афзоиш ёфт, чунки тамғаи машҳур ва серхарид метавонад устувории ширкатро дар ин замонаи бисёр мушкил тазмин диҳад. Вай афзуд, он ширкатҳое, ки сармоягузориро ба ташвиқи тамғаашон идома медиҳанд, ҳангоми беҳбудшавии вазъи иқтисодӣ бартарӣ хоҳанд дошт.

Дар муқоиса бо соли гузашта 15 номи бозаргонии нав вориди феҳрист шудаанд. Миёни исмҳои нав ширкатҳои “Памперс” бо ҷои 31-ум, “Нинтендо” – 32-юм ва “Виза” – 36-ум пешсаф шудаанд.

Соли ҷорӣ, ба ақидаи мутахассисон, мавқеи тамғаҳо дар феҳристро омилҳое аз қабили арзиши колои шикартҳо, камхарҷӣ, хизматрасонӣ дар манзилҳо ва алоқаи бесим муайян намудаанд.
XS
SM
MD
LG