Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айман -- таронае дармонда дар гулӯ


Айман Удос (Шамим) як моҳ пеш аз қатлаш.
Айман Удос (Шамим) як моҳ пеш аз қатлаш.

Айман Удос, яке аз маъруфтарин овозхонҳои муосир, 27-уми апрел дар манотиқи таҳти назорати Толибони Покистон аз ҷониби бародаронаш ба қатл расид.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ҳунарнамоии ин ҳунарманди 27-сола бародаронашро ба ғазаб оварда буд ва онҳо қатли хоҳарашронро "ҳифзи шарафи оилавӣ" унвон додаанд.

Овозхони 27 сола Шамим, ки бо номи Айман Удос ба ҳаводорони ҳунар ошно мебошад, яке аз беҳтарин овозхонҳои ҳунари муосири
...мардум ба сурудан ва рақсидан ҳамчун намунаи ҳунар нигоҳ намекунанд...
паштузабон ба шумор мерафт. Бародарони мутаассиби ӯ, ки аз овозхонии хоҳарашон ба ғазаб омада буданд, рӯзи 27 апрел дар маркази вилояти сарҳадии Покистон ӯро ба ҳалокат расонданд.

Айман шавҳар ва ду писар дошт. Аммо бародаронаш ба ҳаёти шахсии ӯ дахолат намуда, талаб мекарданд, ки овозхонӣ ва ба хусус ҳунарнамоӣ дар телевизионро қатъ кунад. Шореҳи Радиои Афғонистони Озод, Фаришта Ҷалолзай, мегӯяд, бар ақидаи бародарон овозхонии хоҳарашон онҳоро гӯё шармсор мекард: "Чун мардум ба сурудан ва рақсидан ҳамчун намунаи ҳунар нигоҳ намекунанд, онро шармандагии хонавода медонанд, ин гуна ҳодиса ба вуқӯъ мепайвандад."

Фариштаи Ҷалолзай мегӯяд, то замоне, ки мардуми минтақа афкорашон дар бораи мақому манзалати ҳунарро тағйир надиҳанд, чунин ҳодисаҳо такрор хоҳанд шуд.

Айман Удос ягона ҳунарманд дар водии Сувот нест, ки моҳҳои ахир аз ҷониби афроди мутаассиб ба қатл расидаанд.
Моҳи январ Толибон як раққосаро ба ҳалокат расонда, ҷасади ӯро бо паёме дар чорраҳа ҳавола карда буданд. Ҳамин гуна тибқи ахбори расида Гулрез Табассум ном зани овозхоне дар рӯ ба рӯи таҳдидҳои паи ҳам ҳунармандиро канор гузошт. Фариштаи Ҷалолзай мегӯяд, ки овозхонҳои мард ҳам зери фишор аз касбашон даст мекашанд.

Моҳи феврал ҳукумати марказии Покистон бо Толибон шартнома ба имзо расонда, ризоят дод, ки дар водии Сувот шариати исломӣ ҷорӣ шавад. Дар минтааҳои таҳти назораташон Толибон овозхониву рақсиданро манъ кардаанд.

Агар ҳол чунин боқӣ монад, ҳунармандони боқимондаи ин минтақа ҳам ба тарки диёрашон маҷбур мешаванд. Аммо Шамим ва ё Айман Удос, ки дар минтақаи Дири Сувот ба дунё омадааст, дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд вале шеъру оҳангҳое, ки ин хонум эҷод кардааст, дар хотири ҳаводоронаш то абад боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG