Алимаҳмад Солеҳов, мудири дафтари Бонки «Эсхата» дар Қӯрғонтеппа, гуфт, ахиран нуктаи интиқоли маблағҳо, ки дар рӯзи 25-уми феврал мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи ду фарди ношинос қарор гирифта, се ҳазор доллари амрикоӣ ва миқдоре рубли русӣ ба яғмо бурда шуд, дубора ба кор шурӯъ кард, аммо ҳамоно шӯъбаи корҳои дохилӣ наметавонад ҷузъиёти бештари ҳодисаи мазкурро ошкор созад. Ба гуфтаи А. Солеҳов, азбаски нахуст дар сирқати маблағи бонки «Эсхата» худи кормандони нуктаи интиқоли маблағҳо гумонбар буданд, онҳо муваққатан, то анҷоми тафтишот аз вазифа барканор шудаанд.
Ва аммо мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, ҳуввияти ду нафари гумонбар ба ҳамлаи бонки «Эсхата» ошкор шуда, онҳо дар пайгарди қонунӣ қарор доранд. Аммо бинобар халал наёфтани кори тафтишот исми афроди муттаҳам ифшо намешавад. Ба гуфти мақомот, то ҳанӯз танҳо ин далел собит шудааст, ки ду тан аз афроди ниқобпӯш вориди нуктаи интиқоли маблағҳо дар маҳалли маъруф ба «Шабчароғ»-и Қӯрғонтеппа шуда, бо истифода аз таҳдиду зӯроварӣ бо скоч даҳони корманди масъулро баста ва миқдоре маблағро бо худ бурдаанд. Ҳоло ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ, ҷустуҷӯи афроди ҷинояткор дар чаҳорчӯби амалиёти «Дастгирӣ» идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Т. Ишмуродов, иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши минтақаии Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, пас аз сар задани ҳодисаи дуздии маркази интиқоли маблағҳои бонки «Эсхата», фаъолияти риштаҳои бехатарии бонкҳои маҳаллӣ, бахусус нуктаҳои интиқоли маблағ дар қаламрави вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва дар кори иддае аз бонкҳо ва марказҳои интиқоли маблағ камбудиҳо ошкор шудааст.
Бо ин ҳол, масъулони сарфилиали «Агроинвестбонк» дар Қӯрғонтеппа ҳам мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши ҳодисаи ҳамла ба нуктаи интиқоли маблағҳо ва саррофиҳои тобеи бонкҳо дар Хатлон, шумори муҳофизону посбонони бонки мазкур афзоиш дода шуда, чораҳои иловагии амниятӣ андешида шудааст. Раҳмоналӣ Турсуналиев, муовини сардори бахши минтақаии «Агроинвестбонк», дар ин робита мегӯяд, бехатарии тамоми нуктаҳои дурдасти интиқоли маблағҳоро, ки тобеи бонки мазкуранд, кормандони Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД таъмин мекунанд.