Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cафари филмсозони "Юсуф-паёмбар" ба Тоҷикистон


Рӯзҳои наздик бахше аз ҳайати эҷодии филми машҳури “Юсуфи паёмбар” ба Душанбе хоҳад омад.

Онҳо ҳамроҳи мудири хабаргузории “Форс”-и Эрон Ҳамидризо Муқаддамфар ба Тоҷикистон сафар мекунанд, то дар расми ифтитоҳи дафтари намояндагии ин хабаргузорӣ дар Душанбе ширкат кунанд. Ҳайатро коргардони филми бисёрсериягии “Юсуф-паёмбар”, Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр сарварӣ мекунад ва як теъдод аз ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш офаридаанд, низ шомили онанд.

Ин ҳайъат, ки чор рӯз дар Душанбе ҳузур хоҳад дошт, дидору мулоқотеро ҳам бо масъулини расмӣ ва филмсозону коршиносон ва расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон дар назар гирифтааст.

Сериали “Юсуф-паёмбар”, филми сохтаи синамогарони Эрон таҳти назари коргардон Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр ҳоло аз пурфурӯштарин филм дар дискфурӯшиҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Ва ин филм, ки ҳар шоми ҷумъа дар як шабакаи телевизионии давлати Эрон намоиш дода мешавад, субҳи рӯзи шанбе дарҳол дар дискҳо сабт ва ба бозорҳои Тоҷикистон роҳ меёбанд.

Филми “Юсуфи паёмбар” аз шаҳри Фадон, дар ҷануби кишвари Бобул оғоз мешавад ва саргузашти ҳазрати Юсуфро аз ҳангоми пеш аз таваллуд то миёнсолии ӯ, ки Азизи Миср мегардад, дар бар мегирад. Дар ин филм, ки кораш чаҳор сол тӯл кашидааст, бозигарони маъруфи эронӣ нақш офаридаанд.

Коршиносони умури фарҳангӣ мегӯянд, ки парастиши Худои ягона ва даъват барои парастиши Худои ягона аз сӯйи Юсуф паёмбар дар Мисри бузург, ки сокинонаш тандисҳоро мепарастиданд, таваҷҷӯҳи сокинони мусулмони Тоҷикистонро ба худ ҷалб кардааст. “Юсуф-паёмбар” панҷумин қиссаи Қуръон аст, ки дар маркази филмофаринии Эрон ба навор гирифта шудааст.

Қаблан, “Исои Масеҳ”, “Иброҳими Халил”, “Асҳоби Каҳф” ва “Марями Муқаддас” ба навор гирифта шуда буданд, ки онҳо низ ба унвони филмҳои мазҳабӣ мавриди писанди сокинони Тоҷикистон қарор доранд. Ва баъд аз маҳбубияти Юсуфи паёмбар дар Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи сокинон ба филмҳои мазҳабӣ синамогарони тоҷик ҳам ахиран тасмим гирифтаанд, ки дар чанд моҳи боқимондаи соли бузургдошти Имом Абӯҳанифа, мулаққаб ба Имоми Аъзам, дар бораи зиндагии ӯ, ки пешвои мазҳаби ҳанафӣ аст, филми ҳунарие ба навор гиранд.
XS
SM
MD
LG