Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ёдбуди Тоҳири Абдуҷаббор


Рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе расми ёдбуди собиқ вакили порлумон ва бунёдгузори созмони мардумии "Растохез" Тоҳири Абдуҷабор баргузор шуд.

Устод Тоҳири Абдуҷабор бар асари бемории саратон 21-уми апрели соли ҷорӣ дар гузашта ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супорида шуд.

Ҳамоиши ёдбуди Тоҳири Абдуҷаборро вакили Маҷлиси миллӣ ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода ифтитоҳ намуд ва аз саҳми ӯ ба унвони як сиёсатмадор ва арбоби ҷамъиятии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон ёдовар шуд.

Абдулҳамиди Самад, муовини аввали раиси иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, аз Тоҳири Абдуҷабор ҳамчун як марди донишманд ва фарҳангӣ ёдовар шуд ва гуфт, ки ба талошҳои ӯ ҷиҳати покизагии забони тоҷикӣ арҷ мегузорад:

«Ман Тоҳири Абдуҷабборро ҳамчун донишманди иқтисоддон медонистам. Дар Бишкек низ ман ӯро зиёрат кард будам. Ӯ як инсони донишманд буданд, андешаҳояшро озод мегуфт. Афсус ки зиндагии ҳар кас аввалу охир дорад. Вале Тоҳири Абдуҷаббор дар ёди дӯстону наздикон ва онҳое, ки андешаҳои ӯро қабул доштанд, боқӣ хоҳад монд. Андешаҳои ӯ барои рушди Тоҷикистон буд. Ёдаш ба хайр.»

Барандагии маҳфили ёдбудро ҳунарманди шинохта Ортиқ Қодир бар ӯҳда дошт ва ӯ аз ҷумла дар бораи шахсияти Тоҳири Абдуҷабор гуфт, «бо ҳама амали хеш устод ҳушдор медоданд, ки мо бедор бошем ва аз худ огоҳ бошем.»

Тоҳири Абдуҷаббор, донишманд ва рӯшанфикри шинохтаи тоҷик бо фаро расидани имкони муборизаҳои истиқлолхоҳӣ дар миёнаҳои солҳои 80-и асри гузашта бо ғулғула ва салобати хос вориди саҳнаи фарҳангӣ ва баъдан майдони сиёсати Тоҷикистон шуд. Мавҷи озодихоҳии равшанфикрони Тоҷикистон дар ин айём зарурати таъсиси созмони мардумии «Растохез»-ро ба миён овард. Ин созмон бо ибтикори устодони донишгоҳҳо ва фарҳангиёни тоҷик таъсис шуд ва ҳамагон Тоҳири Абдуҷабборро дар раъси он пазируфтанд. Рӯзи 24 августи соли 1990 Тоҳири Абдуҷаббор тарҳи Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистонро ба порлумони кишвар пешниҳод кард. Ва аммо вакилони коммунист аз пуштибонии ин тарҳ сарпечӣ карданд. Аммо баъд аз як сол, замоне, ки кишварҳои собиқ шӯравӣ пайи ҳам истиқлоли худро эълон карданд, порлумони Тоҷикистон ба ҷуз қабули Эъломияи истиқлол илоҷ надошт ва ҳамон вақт аз тарҳи Тоҳири Абдуҷаббор ёд овард.

Аз нигоҳи коршиносон, Тоҳири Абдуҷаббор то охир дар ақоиди худ устувор монд, аз ин рӯ мақомоти расмӣ ба ӯ канор меҷӯстанд ва аз таҷрибаи бузургаш ҳамчун иқтисоддон истифода набурданд. Абдуғаффори Камол, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, «бино бар ин ман фикр мекунам, намунаи ории равшанфикрӣ, намунаи олии таҳамулпазирӣ, инсоният, мадоро ва ҳамаи ин худи устод Тоҳири Абдуҷаббор буданд. То охирин лаҳзаҳои умр роҷеъ ба ҳар масалае, ки фикр мекарданд назари ӯ муҳим аст дар матбуот дар расонаҳо баромад мекарданд. Яъне ӯ мисли аксар, ки миллат ба қадри ман нарасид, миллат қадри моро надонист ва ман аз ин миллат безор шудаам гуфта гушанишинӣ мекунанд, набуд. Ва ман фикр мекунам, ки ин яке аз вижагиҳои устод Тоҳир буд ва ман орзу мекунам, ки мо аз ин ва баъд қадри чунин шахсиятҳоро дар зиндагишон бидонем.»

Тоҳири Абдуҷаббор то охирҳои соли гузашта ба шогирдон илми иқтисод меомӯзонд ва моҳи декабр баъди хуруҷи маризиаш дӯстонаш ӯро барои табобат ба Теҳрон фиристоданд. Аммо ӯ ба анҷоми ҷарроҳӣ розӣ нашуд ва ба ватан баргашт. Тоҳири Абдуҷаббор рӯзҳои ахир дар Хуҷанд ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG