Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат дар Русия меросӣ мешавад?


Ахиран матбуоти русӣ хабари раҳбари, ба истилоҳ, ҳукумати ҷавонон шудани Вера Путина, духтари бародари нахуствазири Русия Владимир Путин ва раиси порлумони ҷавонон интихоб гардидани Дмитрий Гризлов, писари раиси Думаи давлатии Русия, хабар дод.

Ин ду сохтори нав бояд дар заминаи Шӯрои ҷавонон ташкил шавад. Вера Путина 24 сол дошта, дар Санкт-Петербург - зодгоҳи Путин ва раисиҷумҳурии феълии Русия Дмитрий Медведев зиндагӣ мекунад. Ду соли охир вай сардабири маҷаллаи "Росия Единая. Санкт-Петербург" буда, исми вай ва писари Гризлов вориди феҳрасти беҳтарин "захираҳои кадрӣ"-и ҳизби ҳокими "Русияи Воҳид" шудааст. Вера Путина дар сӯҳбат бо "Известия" ишора кардааст, ки фаъолияти сиёсии вай ба равобити хешутабории ӯ бо нахуствазири Русия вобаста нест ва тасмими ӯву Дмитрий Гризлов барои роҳ ёфтан ба саҳнаи сиёсии Санкт-Петербург як иқдоми мустақилона будааст.

Роҷеъ ба фаъолияти минбаъдаи худ ба ҳайси, ба истилоҳ, раҳбари ҳукумати ҷавонон ӯ гуфт, ният дорад барои қабули қонуну муқаррароти муайян дар маҷлисҳои қонунбарори Санкт-Петербург ташаббус нишон дода, инчунин дар сурати зарурӣ, ба гуфтааш, ба Думаи давлатӣ ҳам муроҷиат кунад.

Дмитрий Гризлов бошад, аз рӯи навиштаҳои матбуоти русӣ, раҳбари як Шӯрои ҷавононро ба ӯҳда гирифт, ки акнун, ба гуфти ӯ, мақоми Порлумони ҷавононро дорад. Вазифаи худро ӯ низ дар таҳияи тарҳи қонунҳо мебинад. Гризлови хурдӣ дар сӯҳбат бо "Известия" гуфтааст, ки шӯрои онҳоро бархе мунаққидон дастнишонда ё лӯхтакмонанд мегӯянд, чунки дар ҳайати он фарзандони зиёди элитаи имрӯзаи сиёсии Русия шомил шудаанд. Аммо ҳоло, гуфт ӯ, онҳо дар ҳамкорӣ бо Вера барои ҷалби бештари "одамҳои дуруст" талош хоҳанд кард.

Дар сӯҳбат бо «Франс-Пресс» Вера Путина гуфтааст, ки ният дорад таваҷҷӯҳи ҷавонҳои бештарро ба фаъолиятҳои сиёсӣ ҷалб карда дар самти коҳиши нашъамандӣ ва мушкилоти дигар иқдом кунад.

Аз назари бархе сиёсатшиносон, ҳоло Путин, ки шояд дар андешаи дубора ишғол кардани курсии раёсатҷумҳурӣ баъди анҷоми мӯҳлати раҳбарии дастнишондаи худ Медведев аст, эҳтимолан дар фикри меросӣ шудани низоми раҳбарӣ дар Русия бошад. Айнан мисли ин ки дар бархе ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ҳоло мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар ин замина таҳлилгари бахши русии радиои Озодӣ Андерй Бабитский гуфт, дар марҳилаи кунунӣ масъалаи ташкили ба истилоҳ порлумон ё ҳукумати ҷавононро ҷиддӣ набояд гирифт ва набояд фикр кард, ки ин сохторҳо бонуфуз хоҳанд буд. Вай афзуд, "ман сабаби таваҷҷӯҳи зиёдро ба ин хабарҳо мефаҳмам. Масъала дар ин ки низоми қавмӣ ё равобити ғайрирасмӣ, ки бар асоси муштаракоте мисли - хешу таборӣ, манофеи миллӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра эҷод шудааст, дар қаламрави шӯравии пешин ҷои сохтори давлатиро гирифт. Ва аз ҳамин сабаб ҳам ҳоло на қонун, на дигар муқаррароте, ки бояд дар давлати дуруст кор кунад, амал намекунад ва дар ин қаламрав ин ҳама низом аз роҳи робитаҳои ғайрирасмӣ пиёда мешавад. То ҳол маълум аст, ки хешу табор ва дӯстони Путин дар бизнесу соҳибкорӣ мақомҳои баландро касб мекунанд. Ва Медведев ҳам айнан ҳамин шеваи корро пеш гирифтааст: ҳамкурсони вай дар низоми додгустарии Русия мақомҳои баландро ишғол мекунанд. Ин ҳама саволи зиёд эҷод мекунад, чунки худи Медведев ҷонибдори мустақил шудани низоми додгоҳии кишвар буд".

Андрей Бабитский гуфт, ки ин ҳама баёнгари бемор ё мариз будани тамоми сохтори давлатӣ аст, ки мутаассифона, ҳамингуна намунаи ноқисе барои кишварҳое мешавад, ки аз Русия пайравӣ мекунанд.

Дар сӯҳбат бо «Франс-Пресс» Максим Резник аз ҳизби "Яблоко"-и Русия гуфт, ки ӯ хабари ба саҳнаи сиёсии ин кишвар роҳ ёфтани бародарзодаи Путинро шунида тамасхур кардааст, чунки аз он бӯи меросӣ шудани низоми давлатдорӣ дар Русия меояд.

Дар қаламрави шӯравии пешин дар ҷумҳуриҳои мисли Озарбойҷон, Қазоқистону Узбакистон, Тоҷикистон намунаҳои ба сохторҳои баландпояи давлатӣ роҳ ёфтани хешу ақрабои наздики раисиҷумҳуриҳо мушоҳида мешавад. Дар Озарбойҷон Илҳом Алиев, писари Ҳайдар Алиев, президенти пешини ин кишвар, ҷойгузини падар шуд. Дар Қирғизистон аммо дар натиҷаи эътирозу мухолифатҳои ҷомеа зидди нуфузи афзояндаи хонаводаи президент соли 2005 Аскар Оқоев ҳамроҳ бо наздикони худ аз қудрат дур карда шуд. Дар Тоҷикистон ахиран писари калонии раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ ба мақоми муовини раиси Иттифоқи ҷавонони ин кишвар интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG