Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷи бармаҳал ва пайомадҳои он


Мақомоти кумитаи кор бо занони Тоҷикистон аз афзоиши мавориди ба ҳам рехтани оилаҳои ҷавон нигаронӣ мекунад.

Хайринисо Юсуфӣ, раиси кумитаи кор бо занон ва оила, дар сӯҳбати ахираш бо рӯзноманигорон гуфт, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар беш аз якуним ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш аз 100 ҳолат бештар аст.

Як омили аслии афзоиши башиддати вайроншавии оилаҳоро масъулини умури занон ба издивоҷи бармаҳали духтарон марбут медонанд. Тибқи қавонини Тоҷикистон танҳо ҷавондухтарони синни 17 боло иҷозаи издивоҷро доранд, вале дар ҳолати истисноӣ ва бо иҷозаи додгоҳ духтари 16-сола низ метавонад оила барпо кунад.

Ба қавли раҳбари кумитаи кор бо занон ва оила, ба хусус дар навоҳии дурдасти кишвар аксаран духтарон ҳатто мактаби миёнаро пурра хатм накарда, бо талаби волидон оиладор мешаванд. Бинобар ин бо ҳадафи коҳиш додани раванди вайроншавии оилаҳои ҷавон кумитаи кор бо занон пешниҳод дорад, ки синни издивоҷи духтарон 1 сол боло бурда шавад.

Хайриниссо Юсуфӣ гуфт, «бо ҳадафи маълумотнок кардан, боло бурдани сатҳи дониши духтарон ва барпо намудани оилаҳои солим мо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем, то синни издивоҷи духтаронро аз 17 ба 18 расонанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба онҳо аз 17-солагӣ ҳаққи оила барпо кардан дода шавад».

Санат Солиева, раҳбари маркази дастгирии ҳуқуқии занону наврасони мавсум ба «Фемида», мегӯяд, дар фаъолияти кории онҳо қариб ҳар рӯз парвандаҳое қабул ва баррасӣ мешавад, ки ҷуфтҳои ҷавон баъди як муддати хеле кутоҳи зиндагии муштарак қариб бе ягон сабаб хоҳиши аз ҳам ҷудо шуданро мекунанд. Хонум Солиева дар сӯҳбат бо мо ҳам аз моҷарои ба тозагӣ рухдодаи як оилаи ҷавон мисол овард, ки ба бовари ӯ, агар дар ин ҳол зани ҷавон ҳадди аққал 18 ё 19 сол медошту соҳибмаълумот мебуд, шояд ҳаёташ дигар ранг мегирифт ва ба ин шакл анҷом намеёфт:

Хонум Солиева афзуд, «ба мо муроҷиат карданд, ки кумак кунем, то навхонадорон аз ҳам ҷудо нашаванд. Онҳо се моҳ бо ҳам зиндагӣ доштаанд. Ман рафтаму бо духтар сӯҳбатҳо кардам, мисолҳо овардам. Хулоса бо гапҳои ночиз оила дар ҳолати вайроншавӣ қарор дорад. Вале агар ин духтарак маълумоти олӣ медошт ё дар донишгоҳе мехонд, рафтораш ҳам дигар мешуду ба хубӣ метавонист дили шавҳарашро ёбад ва оилааш вайрон нашавад».

Бештари ҷомеашиносон ва масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ, ки бо занон кор мебаранд бар ин боваранд, ки ғолибан волидон бо пеш омадани як номзади мувофиқ ва ё аз тарси он, ки синни духтарашон аз 18 боло рафтаву камхарид мешавад, омодаанд фарзандони худро бармаҳал ҳатто аз синни 15-солагӣ низ ба шавҳар диҳанд. Ва чун духтарони 14 то 17-сола ба зиндагии мустақил аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ омода нестанд ва дар оилаи нав ҳама кор ба души ӯ гузошта мешавад, мушкили зиёдеро паси сар хоҳанд кард, ки на ҳама ба ин тоб овардаву ҳаёти оиладориро мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Мисли як мусоҳиби мо, ки бо исрори волидон баъди хатми синф 9 ба шавҳар баромад ва ҳаёти оиладориаш дер давом накард. Ӯ мегӯяд, аз ноогоҳӣ ва камтаҷрибагӣ дар зиндагии мустақилаш бисёр азият мекашид: «Падару модар бештар дар бораи он фикр мекунанд, ки духтарро бо обрӯ ба шавҳар диҳанд. Вале ин маънии онро надорад, ки духтарро барвақт шавҳар дода, аз сари худ соқит кунанд. Масалан, ман вақте нахустин бор дар синни 16-солагӣ писарчаи аввалинамро таввалуд кардам, намедонистам, ки ӯро бояд чӣ хел печонидану нигоҳубин кардан даркор, чунки ман худ кӯдак будам. Вақте кӯдакро ба шавҳар медиҳанду вай боз кӯдакдор мешавад, бисёр азоб мекашад, чӣ будани зиндагиро намефаҳмад».

Мунира Аҳмадова, ҳуқуқшиноси масоили занон, мегӯяд, қонунгузории феълӣ, ки ба духтарон дар ҳолати истисноӣ аз синни 16 иҷозаи издивоҷро додааст, дар аксар маворид аз сӯи бархе аз волидон бемавқеъ истифода мешавад. Қонун мегӯя,д духтар танҳо дар сурати ҳомиладор будан ё маризии сахти волидайн метавонад бармаҳал дар синни 16-солагӣ оиладор шавад, аммо хонум Аҳмадова мегӯяд, имрӯз бархе бо сабаби паст будани шароити молӣ ва тангдастӣ фарзандони худро бармаҳал ба оилаи дигар гусел мекунанд:

«Вақте мо аз рӯи корҳои лоиҳавиамон ба ноҳияҳо рафта, бо занон сӯҳбат мекардем. Як зан, масалан, гуфта буд, ки бо сабабе, ки шароити иқтисодии оилаамон вазнин буд, маро барвақт ба шавҳар доданд. Яъне шароити пасти иқтисодӣ гуё ҳолати истисноӣ мебошад, гӯё фарзанд дар хонаи волидайнаш тангӣ мекунад. Вале баъди 2-3 сол ҷудо шуда меояд ва аллакай худаш танҳо не, балки бо фарзанд».

Ва аммо агар ба ин масъала аз нигоҳи худи ҷавонписарон назар андозем, феълан аксарият бо духтарони 16 то 18-сола оила барпо карданӣ ҳастанд. Ба андешаи ин гурӯҳ, дар синну соли хурдтар ба худ тобеъ кардани ҳамсари камтаҷриба ба маротиб осонтар аст. Аммо нафароне ҳам кам нестанд, ки ин ақидаҳои ҳамсолони худро иштибоҳ мешуморанд. Онҳо бар ин боваранд, ки духтарони нисбатан баркамол ва таҳсилкарда бофаҳм ва барои бунёди оилаи солим омодаанд.
XS
SM
MD
LG