Абдусамӣ Додобоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, ки аз фаъолияти семоҳаи мақомоти тафтишот дар як нишасти матбуотӣ натиҷагирӣ мекард, таъйид кард, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур ба таври ҷиддӣ идома дорад ва рӯзҳои наздик додситонӣ тасмими худро дар ин бора эълон ва афроди мазнунро ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи сафари президент Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи октябри соли гузашта ба навоҳии водии Рашт ва дидору мулоқотҳояш аз ҷумла бо сарҳанг Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори собиқи бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохила дар ин минтақа, ӯ мавриди бахшиши шифоҳии сардори давлат қарор гирифт ва дар пай мақомоти тафтишот аз қатъи парвандаи ин куштор ва низ пароканда кардани шӯъбаи зери назари оқои Аҳмадов хабар дода буданд.
Аммо Абдусамӣ Додобоев мегӯяд, афв ва ё бахшиши Мирзохӯҷа Аҳмадов ба ҳаводиси солҳои пешин марбут аст ва ҳеҷ нафаре дар қазияи куштори Олег Захарченко мавриди афв ва ё бахшиш қарор нагирифтааст.
Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори собиқи бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъйид кард, ки ӯ то кунун ҳеҷ санаде дар бораи афв ва ё бахшида шудани худро аз мақомот дарёфт накардааст. Вале, гуфт ӯ, ба таври шифоҳӣ як чунин сӯҳбатҳо дар сафари ахири президент ба водии Рашт садо дода буд. Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфт, дар ҳеҷ сурат худро дар ин қазия муттаҳам намеҳисобад, вале аз тарафи дигар, муқобили тафтишот ҳам нест.
Ҳодисаи рӯёрӯӣ миёни ду воҳиди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар оғози феврали соли гузашта дар маркази ноҳияи Рашт, ки як нафар кушта ва се нафари дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, замоне рух дода буд, ки Муҳаммадназар Солеҳов роҳбарии ин ниҳоди давлатиро бар ӯҳда дошт. Ба ин далел, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини мухолифини тоҷик, дар доираи саҳмияи 30 дарсадии Иттиҳоди оппозисюни тоҷик масъулияти сарварии бахши мубориза бо ҷароими созмонёфта дар минтақаи Раштро бар ӯҳда гирифта буд, рӯёрӯӣ миёни гурӯҳи эъзомии таъиноти махсус бо гурӯҳи маҳаллӣ баъди беш аз даҳ соли имзои санади сулҳ миёни ҳарду ҷонибаи ҷанги дохилӣ тобиши сиёсӣ касб кард. Аз ин рӯ, дар яке аз нишастҳои матбуотӣ Муҳаммадназар Солеҳов, вазири вақти дохилаи Тоҷикистон мавриди афви сардори давлат қарор гирифтани Мирзохӯҷа Аҳмадовро тасдиқ карда, ҳамзамон, таъкид карда буд, ки амру дастури раисҷумҳур зери суол ва шубҳа қарор намегирад ва он бояд иҷро шавад.
Бо ин ҳама, Абдусамӣ Додобоев, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон таъйид накард, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори собиқи бахши мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, ҳамчун нафари мазнун шинохта шудааст ё на? Оқои Додобоев гуфт, посухи ин суол баъди хатми тафтишот маълум хоҳад шуд.