Ин ҳодиса шоми 12-уми апрел рӯй дод, ҳангоме ки хонум Ситора баъди анҷоми кор ба хона бармегашт. Ҳангоми аз мошини корӣ берун шудани ӯ ногаҳон чаҳор нафари савори мотосикл ба вай наздик шуда, ба сӯяш оташ кушоданд. Раиси умури амнияти вилояти Қандаҳор дар сӯҳбат бо радиои «Афғонистони Озод» гуфтааст, ки ҳоло нерӯҳои полис ҳодисаро таҳқиқ карда талош доранд, қотилонро пайдо кунанд. Дар ҳамин ҳол Қорӣ Юсуф, як сухангӯи Толибон, дар сӯҳбати телефоние бо хабаргузориҳои хориҷӣ гуфтааст, ки қатли хонум Ситора кори дасти ҷангиёни Толибон мебошад.
Назар ба шаҳодати онҳое, ки Ситора Асекзайро аз наздик мешинохтанд, сарнавишти фоҷеабори ӯ инъикосгари муборизаҳои пурчолиши бархе дигар фаъолони ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи азиятшудаи Афғонистон мебошад. Хонум Ситора шаҳрвандии дугонаи Афғонистон ва Олмонро дошт. Вай чанд соли пеш бо нияти кумак ба занону духтарони беҳуқуқи ҳамватанаш аз Аврупо, аз шароити ба қавле ободу осоишта ва ҳамаҷониба таъмин ба зодгоҳаш баргашта, дар яке аз ноамнтарин манотиқ дар умури ҳуқуқи занон ба кор даромад.
Вай яке аз чеҳраҳои барҷастаи ҷумбиши занон дар Афғонистон маҳсуб мешуд, ки барои боло бурдани сатҳи огаҳии ҳуқуқии занон, бо таълиму мактаб таъмин кардани духтарон, ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ заҳматҳо кашидааст. Ду кӯдаки ӯ дар Олмон таҳсилу зиндагии худро идома медиҳанд.
Ин нахустин ҳодисаи ҳамла ва қатли занони фаъол дар Қандаҳор нест, ки мавсум ба паноҳгоҳи Толибону ситезаҷӯён мебошад. Соли гузашта раиси созмони занони Қандаҳор Сафия Аҳмадҷон ва афсари маъруфи полиси маҳаллӣ Малолай Кокар ҳадафи тири Толибон қарор гирифтанд. Ҳодисаи пошидани тезоб ё сирко ба рӯи шогирдони як мактаби духтаронаи Қандаҳор соли гузашта, ки чанд тани онҳоро барои тамоми умр маҷрӯҳ ва захмӣ намуд, такондиҳанда буд.
Аммо ин ҳама, ба андешаи Шукрия Борикзай, як узви порлумони Афғонистон, ки худ зодаи Қандаҳор аст, наметавонад пеши роҳи муборизаҳои ҳақталабонаи занони Афғонистонро бигирад. Дар як сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз» аз шаҳри Кобул хонум Борикзай гуфт, ки баъди қатли хонум Ситора, ки "як зани таҳсилкардаву рӯшанфикр буд, ҳатман ҷои ӯ дар ҷомеаи Афғонистон холӣ мешавад", аммо бо ин вуҷуд "роҳ идома дорад, ин як роҳи ормонӣ ва муқаддас аст ва касоне, ки ба ин роҳ қадам ниҳодаанд, қафо намераванд".