Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Обама вориди Ҷумҳурии Чех шуд


Аз чап -- Президент Обама мавриди истиқболи президенти Ҷумҳурии Чех, Ватслав Клаус қарор гирифт. Прага, 4 апрели соли 2009.
Аз чап -- Президент Обама мавриди истиқболи президенти Ҷумҳурии Чех, Ватслав Клаус қарор гирифт. Прага, 4 апрели соли 2009.
Обама шоми шанбе вориди Прага шуд ва барномаи дидору гуфтушунидҳои ӯ бо мақомоти Ҷумҳурии Чех дар ҳадди камтарини протооли расмист. Вай дар ин ҷо дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо сухан мекунад ва ҳанӯз дар Старсбурги Фаронса хабар дода буд, ки меҳвари нутқи ӯро даъвати ҷаҳон ба маҳви комили силоҳи ҳастаӣ ташкил хоҳад дод.

Обама гуфт, бо вуҷуди он ки ҷанги сард ба поён расидааст, густариши силоҳи ҳастаӣ ва ё қочоқи маводи ҳастаӣ метавонад ба маҳви комили ин ё он шаҳр дар сайёра сабаб гардад.

Сафари раисиҷумҳури Амрико ба Ҷумҳурии Чех дар ҳоле ҷараён мегирад, ки ҳукумати ин кишвар бо фишори порлумон ба истеъфо рафтааст ва президенти он, Ватслав Клаус, ба узвияти Чех дар Иттиҳоди Аврупо бо шубҳа менигарад.

Рӯзи шанбе чанд гурӯҳи хурди мухолифони ҷанг сафари Обамаро бо тазоҳуроти зидди сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо пешвоз гирифтанд. Созиши таъсиси чунин сипар дар байни президети собиқи Амрико, Ҷорҷ Буш ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ба миён омада буд. Русия ба ин сипар мухолиф аст, аммо ҳукумати Буш мегуфт, он бар зидди ҳамлаи эҳтимолии мушакии Эрон нигаронида шудааст.

Интизор меравад, ки рӯзи якшанбе тазоҳуроти бузургтаре зидди ҷобаҷо кардани радари зиддимушакӣ дар маркази Праг баргузор шавад. Ба ин сабаб чораҳои амниятӣ дар шаҳр ба таври бесобиқа шиддат ёфтаанд.

Дар Прага Обама бо президенти пешини Ҷумҳурии Чех, Ватслав Ҳавел мулоқот хоҳад кард. Ин барнома дар доираҳои сиёсии чех суолҳоеро ба миён овардааст. Аммо коршиноси чех, Иржи Пеҳе мегӯяд, Ҳавел шахси таърихиест, ки дар густариши демократия дар Аврупо Шарқӣ нақше шабеҳи қаҳрамонии Нелсон Манделла дар Африқои Ҷанубиро дорад.

Сафари аврупоии Обама дар Туркия ба поён хоҳад расид. Туркия аввалин кишвари мусулмоне мешавад, ки Обама ба ҳайси раисиҷумҳури Амрико ба он ҷо сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG