Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин ҳизб ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин соҳибкорону тоҷирон, ба нишони эътироз ба ин ноадолатиҳо гирдиҳамоии эътирозиеро дар бозори «Зарнисор»-и Душанбешаҳр баргузор хоҳанд кард. Оқои Зойиров гуфт, мо рӯзи душанбе барои дарёфти иҷозат ба гирдиҳамоӣ ба шаҳрдорӣ муроҷиат хоҳем кард. Ва агар шаҳрдорӣ ба мо иҷоҳат надиҳад, даст ба гуруснанишинӣ хоҳем зад.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар қазияи бастани бозори «Зарнисор» на тоҷир ва ё бозордор, балки ҳукумати шаҳри Душанберо муқассир хонд. Вай гуфт, ки «дар ин моҷаро Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори шаҳри Душанбе, аз чаҳорчуби ормонҳои адолати иҷтимоӣ хориҷ шудааст».
Аммо Шафқат Саидов, сухангӯи шарҳдории Душанбешаҳр, ин иддаоҳои оқои Зойировро напазируфт ва гуфт, қазияи бозори «Зарнисор» дар дасти баррасӣ дар додгоҳ аст. Ва ҳар тасмиме, ки додгоҳ дар бораи дубора фаъол шудани ин бозор, ё тахриби он бигирад, шаҳрдорӣ ҳамонро хоҳад пазируфт.
Раҳматулло Зойиров ҳамчунин дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар адами ҷилавгирӣ аз таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон вазорати молия ва вазорати рушли иқтисоду савдо муқассиранд. Ба гуфтаи вай, ба ин далел, ки дар авохири соли гузашта ин вазоратхонаҳо гуфта буданд, ки таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон андак аст ва мавриди нигаронӣ нест. Вай гуфт, агар дар Тоҷикистон қонун волоият дошта бошад, дар он сурат бояд ин масъулини вазоратхонаҳо муҷозот шаванд.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва намояндаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфта вай, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ба бӯҳрони низом гирифтор аст, ки дар он на адолати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва судӣ муроот намешавад. Вай афзуд, агар қонун муроот мешуд, вазорати молия буҷаи орӣ аз воқеияти тавони молии давлатро тартиб ва тасвиб намекард. Агар қонун волоият медошту муроот мешуд, чунин вазир ҳатман муҷозот мешуд. Оқои Шабдолов гуфт, ки буҷаи соли ҷорӣ ба таҷдиди назари ҷиддӣ ниёз дорад.
Ба ин далел Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии имрӯза дар соири мушкилоти ба сари мардум омада, аз ҷумла тавсеаи ноадолатиҳои иҷтимоӣ ва муроот нашудани қонун, мақомоти давлати Тоҷикистонро муқассир хонд.