Дар ин сафар Барак Обама ҳамроҳ бо ҳамсараш Мишел дар давоми як ҳафта аз чаҳор кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Бритониё, Олмон, Фаронса ва Ҷумҳурии Чех, дидан хоҳад кард. Пас аз боздид аз Аврупо ҳамчунин дидор аз Туркия низ як бахши барномаи сафари раисҷумҳури ИМА гуфта мешавад.
Яке аз ҳадафҳои боздиди Барак Обама аз Аврупо ширкат дар нишасти сарони кишварҳои «Гурӯҳи 20» мебошад, ки фардо дар пойтахти Бритониё оғоз хоҳад шуд. Интизор меравад, дар Лондон барои аввалин бор Барак Обама бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дидор ва гуфтугӯ кунад.