Ин ҳодиса, ки дар муддати камтар аз як моҳ пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба варзишгарони Шри-Ланка дар шаҳри Лоҳур ба вуқӯъ мепайвандад, вазъи ин бахши Покистон ва тавоноиҳои нерӯҳои амниятии ин кишварро зери суол бурдааст. Дар ҳамла ба варзишгарон 6 афсари полис ва як ронандае куштаву чандин варзишгари хориҷӣ захмӣ шуданд ва полис натавониста буд, ҳамлакунандагонро боздошт намояд.
Ҳамла ба таълимгоҳи полиси Покистон дар Лоҳур шогирдони ин мактабро ғофилгир кард ва сабаби талафоти зиёд, воҳима ва даступохӯрдагии раҳбарону кормандони полис гардид. Қариб 20 нафар кушта, ба камияш 40 нафар захмӣ шуданд ва теъдодеро ҳамлаварон гаравгон гирифтанд. Яке аз афсарони захмишуда дар бемористон ба хабарнигорон гуфт, ҳамла дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки шогирдони мактаби полис дар Манаван машғули тамрин буданд:
"Тақрибан соати ҳафтуними саҳар буд ва мо дар сафкашии умумии бомдодӣ будем, ки террористон аз девори паҳлу ба ҳавлӣ ҷаҳида, аввал норинҷакҳои дастӣ партофтанд. Чаҳор ё панҷ таркиш шуд ва сипас онҳо тирандозиро сар карданд. Ин як саҳнаи дӯзах буд, ҳама ба ҳар сӯ мегурехт. Ман яке аз чаҳор нафаре будам, ки наҷот ёфтем ва афроде аз созмони маҳаллии хайрия моро берун кашида, ба мо кумаки аввалия расонданд ва ин ҷо оварданд."
Захмии дигари ҳодиса Муҳаммад Осиф мегӯяд, дуди ғализе аз инфиҷорҳо ба ҳаво хест ва донишомӯзонро ба воҳима андохт. Вай афзуд, дар лаҳзаи ҳамла 700 шогирди мактаби полис дар дохили он буданд. Осиф ҳамлаваронро ҷавон ва ришдор номид.
Афсари полис Аҳсант Юнус ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, бархе аз ҳамлаварон либоси полис ба бар доштанд.
Юриш ба мактаби полис баъди камтар аз як моҳи ҳамлаи густохонаи мусаллаҳон ба варзишгарони Шри-Ланка дар Лоҳур ба амал омад ва ҳарду ҳодиса далели афзоиши ситезаҷӯӣ дар Покистон ба шумор мераванд.
Рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Покистон Раҳмон мегӯяд, тундравӣ ва ситезаҷӯӣ дар Покистон мисли омоси саратон рӯ ба варамидан дорад ва кӣ будани ин террористон ҳам маълум аст:
"Ҳама медонанд, ки ин ҳамла кори дасти кист. Онҳо силсилаеро байни Ал-Қоида, Толибон ва созмонҳои покистонӣ мебинанд, ки ситезаҷӯёнро таълим медиҳанд, мусаллаҳ мекунанд ва ба чаҳор гӯшаи олам мефиристанд. Ҳама инро медонад."
Ҳокими вилояти Панҷоби Покистон Салмон Таъсир, мегӯяд, ҳуҷуми аввал ба таълимгоҳи полисро 10 нафар сар кардаанд. Раҳмон изофа мекунад, ҷасорати як мушт ситезаҷӯ, ки ба 700 донишҷӯи полис ҳамла кардаанд, тавоноии нерӯҳои амниятии Покистонро дар муқобили ситезаҷӯён зери шубҳаи ҷиддӣ мегузорад.
Аммо вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик талош дорад хабарнигоронро бовар кунонад, ки ҳукумат тавони ҳимояти мамлакатро дорост:
"Ин як мавҷи нави терроризм аст ва миллати мо, бояд қонеъ бошад, ки, иншоаллоҳ, мо дар сафҳои артиш, гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ва ниҳодҳои иктишофӣ афроди хеле муқтадир дорем. Ва, иншоаллоҳ, мо хоҳем тавонист, инро зери назорат гирифт."
Пас аз чаҳор соати шурӯъ шудани ҳамла ҳокими вилояти Панҷоб Салмон Таъсир ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки нерӯҳои артиши миллӣ вориди саҳна шуда, мактаби полисро ба муҳосира гирифтанд. Вақте телевизиони Покистон саҳнаи ба ҳавлии мактаб ворид шудани зиреҳпӯшҳоро нишон медод, бархе аз полисҳои захмӣ ба чашм мехӯрданд, ки аз байни ҷасадҳо парешонхобида гузашта, худро ба баромадгоҳ мерасонданд.
Хаваҷ Имрон, сухангӯи ҳизби мухолифи Лигаи мусулмонони Покистон, дар Лоҳур ба журналистон гуфт, хушунат ва терроризм Панҷобро ҳам ба монанди бахшҳои дигари мамлакат дар панҷааш гирифтанист ва ҳамаи қувваҳои ҷомеа бояд дар муқобили он муттаҳид шаванд. Бояд сиёсати зидди терроризм бознигарӣ шавад ва мақсад ин нест, ки аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумаки бештар дархост кунем, балки муборизаи воқеиро ба роҳ монем, зеро амнияти мардуми мо бояд аз ҳамаи мамолики дигар дида, барои худамон муҳимтар бошад. Дар гузашта хушунатҳо асосан дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон рӯй медод, аммо ахиран мавҷи терроризм ба дигар манотиқ ва шаҳрҳои бузурги Покистон низ сироят кардааст.
Ҳамла ба таълимгоҳи полиси Покистон дар Лоҳур шогирдони ин мактабро ғофилгир кард ва сабаби талафоти зиёд, воҳима ва даступохӯрдагии раҳбарону кормандони полис гардид. Қариб 20 нафар кушта, ба камияш 40 нафар захмӣ шуданд ва теъдодеро ҳамлаварон гаравгон гирифтанд. Яке аз афсарони захмишуда дар бемористон ба хабарнигорон гуфт, ҳамла дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки шогирдони мактаби полис дар Манаван машғули тамрин буданд:
"Тақрибан соати ҳафтуними саҳар буд ва мо дар сафкашии умумии бомдодӣ будем, ки террористон аз девори паҳлу ба ҳавлӣ ҷаҳида, аввал норинҷакҳои дастӣ партофтанд. Чаҳор ё панҷ таркиш шуд ва сипас онҳо тирандозиро сар карданд. Ин як саҳнаи дӯзах буд, ҳама ба ҳар сӯ мегурехт. Ман яке аз чаҳор нафаре будам, ки наҷот ёфтем ва афроде аз созмони маҳаллии хайрия моро берун кашида, ба мо кумаки аввалия расонданд ва ин ҷо оварданд."
Захмии дигари ҳодиса Муҳаммад Осиф мегӯяд, дуди ғализе аз инфиҷорҳо ба ҳаво хест ва донишомӯзонро ба воҳима андохт. Вай афзуд, дар лаҳзаи ҳамла 700 шогирди мактаби полис дар дохили он буданд. Осиф ҳамлаваронро ҷавон ва ришдор номид.
Афсари полис Аҳсант Юнус ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст, бархе аз ҳамлаварон либоси полис ба бар доштанд.
Юриш ба мактаби полис баъди камтар аз як моҳи ҳамлаи густохонаи мусаллаҳон ба варзишгарони Шри-Ланка дар Лоҳур ба амал омад ва ҳарду ҳодиса далели афзоиши ситезаҷӯӣ дар Покистон ба шумор мераванд.
Рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Покистон Раҳмон мегӯяд, тундравӣ ва ситезаҷӯӣ дар Покистон мисли омоси саратон рӯ ба варамидан дорад ва кӣ будани ин террористон ҳам маълум аст:
"Ҳама медонанд, ки ин ҳамла кори дасти кист. Онҳо силсилаеро байни Ал-Қоида, Толибон ва созмонҳои покистонӣ мебинанд, ки ситезаҷӯёнро таълим медиҳанд, мусаллаҳ мекунанд ва ба чаҳор гӯшаи олам мефиристанд. Ҳама инро медонад."
Як мушт ситезаҷу, ки ба 700 донишҷӯи полис ҳамла карданд, тавоноии нерӯҳои амниятии Покистонро дар муқобили ситезаҷӯён зери шубҳа мегузорад ...