Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи бемории домана дар шаҳраки Ганҷобод


Ба гуфтаи сокинони шаҳраки Ганҷобод, воқеъ дар 16-километрии шаҳри Душанбе, оби ифлос дар ин шаҳрак боиси хуруҷи бемории домана шудааст.

Шаҳраки Ганҷобод дар 16-километрии шарқи Душанбе қарор дорад. Ин шаҳрак аз 10-12 бинои якчандқабата, аз ҷумла бемористон, мактаб, муассисаи иктишофи геологӣ ва чанд мағоза иборат аст.

Ба гуфтаи сокинони ин шаҳрак, шароити зиндагӣ барои сокинон муҳайё нест ва ҳатто майдончае барои бозии кӯдакон вуҷуд надорад. Ва то ба ҳол аз оби чашма истифода мекунанд, ки замони боронгарӣ олуда бо партовҳо аст ва ин ба хуруҷи бемории домана дар ин шаҳрак мунҷар шудааст.

Ҳеҷ кас аз мақомоти маркази саломатии шаҳраки Ганҷобод ҳозир нашуданд, дар бораи теъдоди мубталоён ба бемории домана иттилоъ бидиҳанд. Онҳо гуфтанд, ки бидуни иҷозати сарпизишки ноҳияи Рӯдакӣ ва ё вазортаи тандурустӣ ҳаққи додани чунин иттилоъро надоранд.

Ва танҳо Шоҳмуҳаммад Саъдуллоев, сардухтури маркази саломатии шаҳраки Ганҷобод, гуфт, ки дар чанд рӯзи ахир ҳеҷ кас ба иллати мубтало ба ин беморӣ ба ин марказ муроҷиат накардааст ва бемороне, ки ба гумони мубтало ба домана бистарӣ шуда буданд, аз ин марказ ва бемористонҳо мураххас шудаанд. Аммо ба гуфтаи сокинони ин шаҳра, беморони мубтало ба домана аз ин марказ мураххас нашудаанд, балки теъдоди зиёди беморонро дар бемористони марказии бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Душанбе бистарӣ кардаанд.

Шоҳмуҳаммад Саъдуллоев, сардухтури маркази саломатии шаҳраки Ганҷобод, имконоти маҳдуди ин марказро таъйид кард ва хуруҷи бемории домана дар ҳафтаи гузашта дар ин шаҳракро рад накард ва далели онро оби олудаи ошомиданӣ хонд.

Ҳабибулло Азизов, раиси маҳаллаи шаҳраки Ганҷобод, низ бар ҳамин назар аст. Вай далелҳои паҳншавии бемории домана дар ин шаҳракро оби ифлос, беназмӣ дар кори идорӣ дар ноҳия ва миёни ниҳодҳои давлатӣ хонд. Ҳабибулло Азизов гуфт, муассисаи коммуналии ин шаҳрак, ки дар гузашта тобеи кумитаи нафту гази ҷумҳурӣ буд, дар ҳоли ҳозир тобеи вазорати энержӣ ва саноат аст, аз 10 сол бад-ин сӯ дар бораи тармими шабакаҳои обрас идоме накардааст.
XS
SM
MD
LG