Ду ҷониб дар мавриди таъини марзи миёни ду кишвар 90%-и хатти марзӣ ба тавофуқ расиданд. Ба ҳамин тартиб, тибқи асноди ба имзорасида, баҳси марзии ду кишвар дар тули муайяншудаи марз ҳалли худро пайдо кардааст. Аммо чанд мавзеи дигари баҳсӣ то ҳанӯз дар марз боқӣ мондааст.
Маросими табодули аснод барои тасдиқи таъини хатти марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дар шаҳри Тошканд доир шуд. Ин аснодро муовини вазири корҳои хориҷии Узбакистон Бахтиёр Исломов ва сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Узбакистон Бобохон Маҳмадов имзо кардаанд.
Камолидин Камолов, мушовири сафири Тоҷикистон дар Узбакистон, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, табодули асноди таъйидшуда минбаъд асос ва мадраки ҳуқуқӣ барои муайянсозии беш аз навад дарсади сарҳад миёни ин ду кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро бар асоси шартномаи миёни ин ду кишвар, ки соли 2002 миёни раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ба имзо расидааст, баробар бо табодули асноди таъйидшуда он мадори эътибор касб мекунад.
Тӯли сарҳади байни Тоҷикистон ва Узбакистон беш аз 1100 километрро ташкил медиҳад. Ба гуфти мансабдорони сафорати Тоҷикистон дар Тошканд, ҳамакнун дар марзи таъиншудаи марзӣ риояти ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ ҳатмӣ хоҳад буд ва амният барои убуру мурури шаҳрвандон ва васоили нақлия низ таъмин карда мешавад.
Дар ин миён мушовири сафири Тоҷикистон дар Узбакистон Камолиддин Камолов тасдиқ кард, ки дар бархе аз минтақаҳои марзии қисмати шимоли Тоҷикистон ҳанӯз ҷонибҳо ба тавофуқ нарасидаанд. Ҳамин манбаъ афзуд, ки интизор меравад, то поёни соли ҷорӣ масъалаи таъини хатти марз миёни Тоҷикистону Узбакистон роҳи ҳалли ниҳоии худро пайдо кунад.
Аммо бархе аз коршинсони тоҷик бар ҳалли мусбати ин қазия дар соли равон боварӣ надоранд. Давлати Усмон, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ки Узбакистон тайи 17 соли замони истиқлол ҳозир нашуд масъалаи таъини марз бо Тоҷикистонро ҳалл кунад. Ва ҳадаф ба таъхири ин масъала он аст, ки Узбакистон мехоҳад баъзе аз қитъаҳои хоки Тоҷикистонро, ки дар замони собиқ Шӯравӣ ба иҷора гирифта буд, пас нагардонад.
Дар ҳамин ҳол манобеи сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон гуфтанд, ки бо хатми марҳалаи таъини хатти марз марҳалаи дуюм, яъне аломатгузории марзи миёни ду кишвар, шурӯъ мешавад. Ҳамчунин дар масъалаи поккории майдонҳои минкоришуда дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон низ гуфтугӯҳо идома доштааст.
Коршиносон мегӯянд, равобити миёни Тоҷикистону Узбакистон ҳарчанд кунд ва карахт, вале бо тағйир рӯбарӯ мешавад. Аз ҷумла баъди таваққуфи тақрибан 7-сола барои бори нахуст дар оғози имсол ҳайатҳои расмии ду кишвар дар Душанбе масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ва ба таъйиди манобеи наздик ба сафорати Тоҷикистон дар Узбакистон, тавофуқоти муқаддамотӣ барои оғози чаҳор парвоз дар тӯли ҳафта миёни Тошканду Душанбе ва Кӯлобу Самарқанд ҳосил шудааст.